Терроризму экстремизмро маҳкум менамоем!

Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо илҳом аз мулоқоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода  ҷавонони фаъоли вилоят таҳти унвони “Терроризм ва экстремизмро маҳкум менамоем” ба роҳпаймоӣ баромаданд. Ҷавонон бо шиору хитобаҳои “Терроризм ва экстремизмро маҳкум менамоем”, “Хиёнаткор Ватан надорад”, “Терроризм ва экстремизм хатар ба амнияти ҷомеа”, “Нест бод терроризм ва экстремизм!”, “Ояндаро бе терроризм ва экстремизм бунёд менамоем!” ва амсоли инҳо ба роҳпаймоӣ баромада ҷонибдории хешро дар оштинопазирӣ бо зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм баён доштанд.

Роҳпаймоии ҷавонон аз Кохи Суғдиён оғоз гардида, то театри ба номи Камоли Хуҷандӣ идома ёфт. Дар ин ҳамоиши ҳамдилӣ дар муқобили терроризму экстремизм донишҷӯёни муассисаҳои олии вилоят, коллеҷу омӯзишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимии шаҳр фаъолона иштирок намуданд. Донишҷӯёни ДИС ДДТТ низ бо шиору овезаҳо дар роҳпаймоӣ ширкат варзида, алайҳи падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир садо баланд карданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *