Изҳороти кафедраи менеҷменти ДИС ДДТТ оид ба муноқишаи марзӣ

Мо шукрона аз он мекунем, ки дар шароити оромию осоиштагӣ умр ба сар мебарем. Тоҷикистони азизи мо рӯ ба пешрафтҳои назаррас дорад ва дар ҳама самтҳо корҳои ободонӣ бомаром идома доранд. Аммо, вақтҳои охир ҳаводиси марзӣ, ки дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рух дода истодаанд, моро хеле нигарон намуданд. Охир, бо ҷангу ҷидол ва бетартибию нооромӣ мешавад ин масъаларо ҳал кард? Не, ҳаргиз не. Ахиран музокирот байни намояндагони баландмақоми ҳар ду кишвар оғоз гардид ва мо боварӣ дорем, ки барои ҳалли мусбии ин масъала тадбирҳои муассиро роҳандозӣ карда мешаванд.

Воқеаҳое, ки санаҳои 08.01.2020, 09.01.2020, дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, боиси сару садоҳои гуногун гардида,барои баъзе ҳангомаҷӯён«дастак» гардид. Амалҳои иғвогаронае, ки бо дастгирии марзбонони Қирғизистон сурат гирифтааст, боиси нигаронии сокинони маҳаллаи Сомониён гардида, ба гуфти сокинони ин маҳал, намояндагони қӯшунҳои сарҳадӣ ва афсарони корҳои дохилии ҷумҳурии ҳамсоя ин амалҳои иғвогариро ташкилу роҳнамоӣ мекунанд ва дар баъзе ҳолатҳо, худи онҳо дар ин амалҳо ширкат маварзанд. Амалҳои таҳқиромез аз ҷониби ҳамсоягони мо, ки дар рӯзҳои охир бештар ба мушоҳида мерасанд, бо дастгирии сарҳадбонон вазъиятро дар минтақаҳои назди сарҳадӣ мураккабу бесубот мегардонанд ва боиси интиқоми сокинони маҳаллӣ шуда метавонанд.Одатан дар сафи қувваҳои мусаллаҳ мардоне ихтиёри хизмат мекунанд, кидар ҳақиқат марданду соҳибу ору номус ва виҷдон мебошанд. Давлату ҳукумат ба онҳо либоси низомӣ ва ҳифзи сарҳадро бовар карда, онҳоро аз ҳисоби буҷаи давлат нигоҳубин мекунад, ба он хотир, ки онҳо марзу бумро мардонавор ҳифз намоянду пос доштану эҳтироми давлат, таърих, маданият, фарҳанги ҳамсояро риоя намоянд. Латукӯб кардани роҳгузар, вайрон кардани замини кишт, шикастани воситаҳоитехникӣ, бастани роҳ, партофтани санг, оташ задании боғу манзил ва дигар амалҳои ношоиста, магар бозии кӯдакона нест?

Бояд пеш аз оо ки даст ба амали ношоиста мезанем, ҳама аз оқибати он андеша кунем ва ниҳоли фитнаву кинаву кудуратро решакан карда, дасти сулҳу оштӣ ва дӯстию рафоқатро ба сӯи ҳамдигар дароз намоем.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *