ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ – ТАҲДИД БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

 

 

Мусаллам аст, ки имрузҳо дар баробари ҷиноятҳои киберӣ, терроризм, ифротгароӣ, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ то ҳол таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти ҷаҳонӣ мебошанд. Мо ин навбат дар атрофи яке аз ин зуҳуроти номатлуби ҷомеаи муосир, дар бораи терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) андешаронӣ менамоем. Бояд қайд кард, ки ба масоили терроризм ва экстремизм дар пажўҳишоти зиёди илмии таҳлилгарон, олимону сиёсатмадорон мавриди баррасӣ қарор додаанд. Мушкилоти мазкур онро тақозо дорад, ки ин самт бояд ба таври васеъ ва ҳаматарафа омӯхта шуда, сабабу омилҳо ва чораҳои пешгирикунандаи терроризм ва экстремизм муайян карда шаванд. Зеро ин зуҳуроти номатлуб намуди ҷинояти махсусан вазнин буда, имрӯзҳо ҷаҳонро ба таҳлука андохтааст. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризму ифротгароӣ, мутаассифона таҳдиди амалҳои нави террористӣ ба мушоҳида мерасад. Дар робита ба ин, бояд қайд кард,ки фаъолияти тахрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ ва созмону ташкилотҳои террористӣ, бахусус «Давлати исломии Ироқу Шом» (ДИИШ) ва ё бо номи «Давлати «Давлати исломӣ»-вилояти Хуросон (ИГ-Хорасан), “Ал-Қоида” ,равияҳои ифротӣ ва амсоли ин созмон ёфта, асосан дар минтақаи Африко, Афғонистону Сурия, Покистон ва Флиппин ошкору пинҳонӣ фаъолият бурда, амалҳои террористӣ содир менамоянд. Чунончи, аз ҷониби аъзоёни ДИИШ дар соли сипаригардида дар Буркина – Фасо, ки воқеъ дар ғарби Африко қарор дорад, амали террористӣ содир намудаанд. Мисол дигар меорем, мувофиқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии кишвари Сурия 22 июни соли равон яке аз маргталаби узви гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ба калисои насронӣ-“Илёс”дар шаҳри Димишқ, пойтахти Сурия ҳамла карда, сипас худро мунфаҷир кардааст. Дар натиҷаи ин амали мудҳиш беш аз 20 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 60 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Умуман, ин падидаи номатлуб пурра собит шудааст, ки ҳадафи аслии ҳодисаҳои фоҷиабори Афғонистону Ироқу Сурия ва як қатор кишварҳои аврупоӣ, пеш аз ҳама, даъватҳои зиддидавлатию зиддиинсонии ташкилотҳои террористию экстремистӣ буда, суботи сиёсӣ, ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон ва амнияту якпорчагии кишварҳоро зери хатар мегузоранд. Гуруҳҳои ташкилотҳои номбаршуда, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Махсусан барои гирифтани нуқтаҳои коркарди нафту газ ва дигар сарватҳои зеризаминӣ, ки паси он миллиардҳо маблағ меистанд.
Андешаи зикршуда аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Дар иртибот ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксар баромадҳои хеш ва инчунин,аз ҷумла зимни ироаи Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо таъкид намуданд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст». Хулосабарорӣ намуда, бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурда, талош менамояд, то ки аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд.Воқеан, кишвари соҳибистиқлоламон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми ҷиддӣ мегузорад. Вобаста ба ин ва баҳри тадбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва зерқонунӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд, ки бо мақсади таъмини ҳифзи амният, шаҳрвандони он ва дигар шахсони дар қаламрави он қарордошта, аз таҳдиди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), тадбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, барҳам додани таҳдиди терроризм ва ифротгароӣ дар қаламрави кишвар, ошкор намудан, аз байн бурдан ва пешгирии сабаб ва шароитҳое, ки боиси ба миён омадан ва паҳн шудани терроризм ва экстремизм мегарданд, инчунин рафъи оқибатҳои ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, равона гардидаанд. Хулоса, дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯст ва сулҳхоҳи тоҷик,ки иродаи матин доранд дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ баҳри решакан кардани ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву террористӣ муборизаи беамон баранд.

М.МАМАДҶОНОВА,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *