ИЗҲОРОТИ кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТ дар ш. Хуҷанд нисбат ба баромади кӯрнамаки иғвоангез дар шабакаҳои иҷтимоӣ (аз 22.09.2025с.)

Мо, кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд , зимни изҳороти хеш борҳо нисбат ба баромади иғвоангези Беҳруз Тағойзода, ки узви фаъоли ҳаракати сиёсии мамнуъ дар кишвар “Гурӯҳи 24” мебошад, андешаҳоямонро баён сохта, онро шадидан маҳкум карда будем. Ин навбат низ нисбат ба баромади Б.Тағойзода, ки санаи 22

сентябри соли равон тавассути шабакаи иҷтимоӣ, боз муҷрии барномаи “Садои мардум” –ро ба уҳда гирифта, баромади ифротӣ намуд, андешаҳои хешро баён месозем ва сараввал онро шадидан маҳкум менамоем. Дар иртибот ба баромади навбатии Б.Тағойзода, лақабаш “Солмон” мебошад, бояд қайд кард,ки ин навбат зимни баромадаш оид ба мафҳуми Истиқлол, бо фаҳмиши кутоҳу бемантиқ ва бо намоиши сабти видиеоӣ чорабинии адабӣ- фарҳанги яке аз муассисаи кишварро намоиш дода, онро ба таври худ, ғайривоқеъӣ маънинод кард ва бо ин васила барои амалӣ намудани супориши раҳбарияту хоҷагони хориҷиаш субботу оромӣ ва низоми ҷомеаи мо халалдор кардан кушиш дорад. Боробари ин, ёдовар шудан бамаврид аст, ки ҳамасола 22 сентябр дар Тоҷикистони соҳибистиқлол иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тоҷик, рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллӣ, рӯзи тавонотарин шоири даврони Сомониён- устод Абӯабдулло Рӯдакӣ таҷлил карда мешавад. Халқи мо бо ин абармарди олами адаб мефахрад ва номи неки ӯро пос медорад. Вале, афроди номбаршудаи гумроҳшуда, ки худро “адолатпарвару бофарҳанг” мешуморад, дар бораи устод Рудакӣ ягон калимае ба забон наовард.
Инчунин Б.Тағойзода дар рафти ҷараёни баромади ифротиаш дар атрофи қазияи амалиёти Русияву Украина ба таври худ баҳои сиёсӣ дода, онро нодуруст маънидод намуд. Ҳол он, ки ин иғвогари фирорӣ оид ба масоили сиёсї хеле дур буда, умуман сарфаҳм намеравад ва ҳар чӣ ба даҳонаш оянд бе мантиқ сафсата сухан мегўяд. Ба ин афроди иғвоангези фирорӣ, умуман ба хоинону бадхоҳони миллат таъкидан хотиррасон менамоем, ки инсон бояд дар ҳаёт роҳи некро интихоб кунад, чунки роҳи рост инсонро ба роҳи нек ҳидоят мекунад, яъне росткорӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, инсонпарварӣ, меҳру муҳаббат, ватандӯстӣ, ободкорӣ, эҷодкорӣ ва сулҳу салоҳро талкин мекунад.
Дар фароварди изҳороти хеш, хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки имрўз бояд ҳар кадоме аз шаҳрванони боору номуси кишвар бо ҳисси баланди ифтихор аз ватану ватандорӣ намуда, амалҳои номатлуби нафароне хиёнаткору бадрафторон ва кӯрнамакони ифротгарро маҳкум намоем. .Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсиии ҷомеа мо ҳама бояд муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомотҳои давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем ва нагузорем, ки хоинони миллату давлат бо ҳар гуна роҳҳо тинҷиву оромии ватани азизи моро халалдор намоянд .

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *