ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ – БАДТАРИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБИ ИНСОНИЯТ

Имрӯз терроризм ва ифротгароӣ яке аз амалҳои бениҳоят хатарнок шинохта шуда, ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф шудааст. Бе ягон шубҳа ба мушоҳида мерасад, ки манфиатҳои сиёсии кишварҳои абарқудрат аксаран зери шиори ҳифзу эҳёи дин тарғиб гардида, омилҳои динӣ асоси нооромиву низоъ дар кишварҳои гуногун гаштаанд. Дар шароити имрўза бо авҷ гирифтани фаъолияти террористӣ онро бо дини Ислом рабт медиҳанд ва ин тарзи андешаронӣ боиси нигаронист. Нисбати халқиятҳое, ки пайрави дини Ислом мебошанд бозингарони геопалитикӣ, яъне бархе давлатҳои абарқудрат маҳс чунин давлатҳоро ҳадафи худ қарор медиҳанд. Сиёсикунонии дини ислом ба сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангӣ тамоми миллату халқиятҳои ҷаҳон хатари ҷиддӣ дошта, бархӯрди тамаддунҳоро ба миён меорад. Имрӯз моҳияти сиёсишавии дини ислом дар он муайян мегардад, ки аз таълимоти маъмули худ берун баромада, ба як падидаи иҷтимоӣ-сиёсӣ ва фарҳангии мураккаб мубаддал гардидааст. Доираҳои муайяне мавҷуданд, ки дар ноором сохтани вазъи сиёсии кишварҳои минтақа даст дошта, бо ин роҳ мехоҳанд ҳадафҳои иқтисодии худро пиёда созанд. Таъсири манфии ин зуҳуроти номатлуб, бахусус пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар кишварамон ва умуман дар Осиёи Марказӣ баръало зоҳир шуд. Аз шароити номусоид ва ноустувории давлатҳои тозаистиқлол,аз ҷумла Тоҷикистон истифода бурда, ба кишвар нерӯҳои бунёдгарои исломӣ ва ифротгароӣ роҳ ёфта, ба таблиғу ташвиқ ва амалӣ намудани ақидаҳои ифротгароёнаи худ шурӯъ намуданд, ки мо дар ин бора андешаҳои хешро борҳо иброз доштаем ва ҳоҷат ба баён нест.
Имрӯз дар ҷаҳон 80 ҳизбу гурӯҳи гуногуни исломӣ, ки мақсадашон бо роҳи ҷиҳоду зӯроварӣ ғасб кардани қудрату давлат дар ҷаҳон аст, фаъолият дошта, ҳар кадом дар ин ё он кишвар ба қатлу куштору даҳшатафканӣ миёни мардум ва базӯр паҳн намудани ақидаҳои зиддибашарӣ машғуланд.Чунончи, яке аз иттиҳодияи муташаккили ҷинояткории гурўҳҳои экстремистӣ ва террористӣ бо номи Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва ё бо номи “Давлати исломӣ” мебошад, ки аз ҷониби ҷинояткорони байналмилалӣ барои фиреби назари мусулмонҳо таъсис шудааст. Оғози фаъолияти муғризонаи ДИИШ-ро мо қаблан дар қаламрави Сурияву Ироқ мушоҳида карда будем. Дар иртибот ба ин, бояд қайд кард, ки шоир ва мутафаккири тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ дар китоби «Ваҷҳи дин» он шахсонеро, ки динро ба мақсади носолимию нопокӣ истифода мебаранд, интиқод карда, менависад: «Ва ҳар ки ба муроди хеш андар дин сухан гуфг, ӯ деви ронда бувад». Воқеан, асосҳои дини ислом фарзанди одамро ҳеҷ гоҳ ба роҳи бад ҳидоят накардааст.
Хулоса, терроризм зодаи экстремизм ва бадтарин падидаи номатлуби инсоният буда, марбут ба як дину мазҳаб нест. Як девонаи сиёсӣ ва ё кӯчагӣ ҳам метавонад дар доираи якравӣ ва ақидаи ботилу девонавори худ мардумро парешону ҳаросафканӣ намояд ва бо ҳамин рафтор метавонад террорист бошад. Умуман, ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида ва дигар ин, ки ин ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс, оҷизиро ба вуҷуд меоваранд. Мақсади асосии масъалаи омўзиши терроризм ва экстремизм дар он зоҳир мегардад, ки бояд шарҳи дурусти терроризм муайян гардад ва роҳҳои мубориза бо он пайдо гардад. Зеро ин падидаи номатлуб дар даҳсолаи охир бо суръати баланд зиёд шуда истодааст.
Ин ҳама навиштани андешаро аз рӯи виҷдону инсоф, худогоҳиву худшиносиамон рӯи коғаз овардаем, то ба хулоса омада, ба воқеоту рӯйдодҳои ҷаҳони муосир воқеъбинона баҳо дода, барои ҳифз намудани ҷомеаи озоду мустақил саъю талош варзем. Набояд фаромӯш кард, ки мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, умуман падидаҳои номатлуби ҷомеаи имруза на танҳо вазифаи давлат ва ҳукумат аст, инчунин тамоми ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияву созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар ин ҷода фаъол бошанд ва ҳамарӯза дар таҳкиму пойдории сулҳу ваҳдати миллати кишвар саҳмгузор бошанд.

Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *