НАВНАҲЗАТИ ИФРОТӢ – ТАХРИБКОРУ ТАФРИҚААНГЕЗ

Вақтҳои охир аз ҷониби гурӯҳҳои тахрибкору тафриқаангез, алалхусус, яке аз пайрави фаъоли паймони худсохтаи наҳзат – “Паймони милли…” Муҳаммадиқболи Садриддин, аз ҷумла шогирдаш Абдухалил Восиев, дигаре думрави навнаҳзат бо номи Муҳаммад Тағоев ва Ашуров Ҳусейн, Беҳруз Тағойзода, узви фаъоли ҳаракати мамнуъ дар кишвар – “Гурӯҳи 24” мебошанд,

                  

оқибат ба кишварҳои Аврупо фирорӣ шуда, имрӯзҳо таввасути шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳои ифротӣ менамоянд. Афроди номбаршуда зимни баромадҳояшон пешрафту шукуфоии кишвари моро намеписанданд, изҳори ақида ва ҳатто амалкардҳои носолим сурат мегираду муғризона, беасос ва манфиатҷӯёна шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Умуман, пайравони навнаҳзат ва гурӯҳҳои ифротӣ андешаҳои асримиёнагӣ доранд ва онҳо мехоҳанд, идеологияи ифротиашонро дар кишварамон паҳн намоянд. Баромадҳои наҳзату навнаҳзатии ифротӣ аз куҷо сарчашма мегирад, ба ҳамагон аён аст, ҳоҷат ба баён нест, ки мо оид ба ин масоил борҳо андешаи хешро зимни мақолаву изҳоротҳои хеш иброз дошта будем. Вале, бояд қайд кард, ки ин тоифаи хоинон, бешубҳа, барои амали намудани барномаҳои зиддимилливу зиддидавлатӣ ва нақшаҳои таҳрезикардашудаи гурӯҳу давлатҳои хориҷии манфиатҷӯ роҳандозӣ ва маблағгузорӣ карда мешаванд. Таъкидан кайд менамоем, ки думравони наҳзату навнаҳзатҳо ва гуруҳои мамнуъ дар кишвар бояд фаромӯш насозанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати солҳои 90-уми асри гузашта набуда, имрӯз яке аз давлатҳои қавии минтақа ба шумор рафта, фарзандони фарзонаву бонангу номуси он ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки ба Тоҷикистони азиз осебе расад. Замони муосир кишвари мо ҳам аз назари сиёсиву иқтисодӣ ва ҳам аз назари ҳарбиву низомӣ хеле қудратманду тавоно гардидааст. Мо боварии комил дорем, ки кишвари мо зарфияти қавии мубориза бар зидди ҳар гуна ҷангҳои иттилоотиро низ дорад ва аз ҳама гуна нақшаву барномаҳои паймони худсохтаи наҳзату навнаҳзатиҳои фурӯхташуда ва гурӯҳҳои ифротӣ кайҳо огоҳ мебошанд ва намегузорад, ки бори дигар миллати бошараф ва ватандӯсту баруманди тоҷик ҳодисаи нангинро аз сар гузаронанд. Хулоса, дар шароити муосир ҳукумати кишвари соҳибистиқлоламон дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҳимояи шахс, ҷомеа ва давлат аз таҳдидҳои фазои маҷозӣ, махсусан, шабакаҳои иҷтимоӣ, беш аз пеш чораҳои огоҳона ва самаранок андешида истодааст. Моро зарур аст, ки вазъияти вуҷуддоштаро, яъне, сулҳу суботу амнияти доимие, ки саросари Тоҷикистони азизи моро фаро гирифтааст, чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва барои таъмин намудани рушди устувори иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳуриамон тамоми корҳои аз дастамон меомадаро ватандӯстона ва софдилона иҷро намоем.

М.АХМЕДОВ ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *