Терроризм ва Экстримизм – оқибатҳои фоҷиаовари он

Имрўз яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Тоҷикистонро низ ба ташвиш овардааст, терроризм, экстримизм ва равияҳои ифротгароӣ мебошанд. Мутаассифона, имрўз гурўҳе аз ҷавонони ғофилу гумроҳ ва бехабар аз дину оини милливу мазҳабӣ, ки аз асолати дини мубини ислом ва ваҳдатгарои ҳанафӣ огаҳӣ надоранд, ба доми мубаллиғони созмонҳои террористӣ афтода, бо сипар кардани номи ислом алайҳи бародарону хоҳарон ва ҳамватанону ҳаммазҳабони худ теғ мекашанд ва бо усулҳои даҳшатбори гушношунид инсонҳои бегуноҳро ба қатл мерасонанд. Онҳо бо ин кирдори нангинашон, ки хилоф ба арзишҳои башардўстонаи дини мубини ислом аст, ифтихори ҷоҳилона карда, бо паҳн намудани навори «корнамоиҳояшон» исломро дар чашми аҳли башар ҳамчун  дини зиддиинсонӣ ҷилва медиҳанд.

Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ҳам доир ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – терроризм ва экстремизм, ки дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир густариш пайдо карда истодааст, таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир намуд. Қайд шуд, ки давлатҳои абарқудрат барои манфиатҳои хеш барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон бо ҳам бархурди бесобиқа доранд, ки дар натиҷа вазъи сиёсии сайёра боз ҳам печидаву муташанниҷ гардида, бўҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам шиддат гирифтааст. Ин ҳолатро аз «Рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё» мушоҳида кардан мумкин аст. Дидан мумкин аст, ки чи тавр дар ин давлатҳо терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд ва доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ дар ин давлатҳо торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо – Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст. Хулоса, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Ҳарчанд Истиқлолият майдони фарохеро барои қабули санадҳои ҳуқуқӣ дода бошад ҳам, миллатсозиву ҷомеасозӣ ва бунёди давлати пешрафта кори хеле мушкил аст.

Ҳамагуна ҳаракатҳои динии ифротгаро, на барои ислоҳи шуури динӣ аз дохил, балки барои вайрон кардани асосҳои дин дар ҷомеа ва ниҳоят барои амалӣ сохтани мақсадҳои сиёсӣ таъсис ва таҳмил дода шудаанд. Бо сӯиистифода аз эътиқоди мардуми мусулмони ноогоҳ мехоҳанд ҳадафҳои сиёсии худро амалӣ созанд. Намунаи ин ҳаракатҳо дар Осиёи Марказӣ ҷараёни салафия буд, ки дар Тоҷикистон низ бо истифода аз пастии сатҳи маърифати динии мо муддате фаъол гашт. Салафиҳо аввалан ҳамчун ислоҳотгарони дин дар ҷомеа шинохта шуданд ва аз рӯҳониёни суннатӣ дида бонуфузтар гаштанд. Оҳиста –оҳиста сафи худро аз ҳисоби навҷавонон, донишҷӯён, тоҷирон ва ҳатто занону духтароне, ки аз таълимоти ислом бехабар буданд, зиёд карда, ба масъалаҳои ақидавии мардум таъсиргузорӣ менамуданд. Барпо намудани баҳсу мунозираҳо ё сабти суханрониҳояшон дар фитаҳо ва паҳн намудани онҳо якбора таъсирашонро дучанд кард. Вале мақсади ниҳоии онҳо баъди халалдор кардани фазои динии кишвар аён гардид. Дар рӯзномаву маҷаллаҳо дар бораи ин ҷараёни навпайдои динӣ баҳсу мунозираҳои зиёд ба чоп расиданд. Масъала то ҷое расид, ки таъқиби шаҳрвандон аз рӯи мансубияташ ба дину мазҳаб, беқурб гардонидани арзишҳои миллӣ- фарҳангӣ, ворид намудани тафриқа дар миёни пайравони мазҳаби ҳанафӣ, ки бештари аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, шуғли муқаррарӣ гардид. Ин раванд ба тезу тунд гардидани фазои иттилоотии кишвар ва аз ҳама муҳимаш хатари халалдор гардидани амнияти кишварро ба миён овард. Дар чунин ҳолатҳо давлат наметавонад аз ҳалли мушкилот мавҷуда каноргирӣ кунад, ва инро маҳдуд кардани ҳуқуқи шаҳрвандон ҳисобидан низ он қадар дуруст нест. Агар иҷмолан бар гузаштаи начандон дури ҳаракатҳои миллӣ- озодихоҳӣ аз нигоҳи санадҳои таърихӣ бингарем, мушоҳида хоҳем кард, ки нақши дин дар ин равиш асосан дар се масъала бештар мавриди назар қарор мегирифт.Муттаҳид кардани мусулмонон дар мубориза бо мустамликадории ғарб муқовимат бо равандҳои идеологие, ки барои ин кишварҳо бегона буданд.Мубориза бо ҳама гуна бидъату хурофот миёни мусулмонон. Аз таърих маълум аст, ки дини ислом дар густариши ҳаракатҳои миллӣ-озодхоҳӣ нақши муҳим бозида, вале аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ барои барангехтани муноқишаҳои сиёсӣ – динӣ низ истифода шудааст.

Вобаста ба ҳалли муаммои рўз – терроризм ва экстримизм кишварҳои Осиёи Марказӣ  як андеша доранд. Ҳодисаҳои зиёдшавии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракатҳои террористиву экстримистӣ имрӯз ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро ба андеша намудан дар бораи оқибатҳои он водор намуда аст. Ин қазия бисёр ташвишовар аст, зеро он манбаи асосии муташанниҷ гардидани вазъият дар Осиёи Марказӣ гардида мушкилоти зеринро пеш меорад:

Зиёд гардидани истеҳсол, интиқол ва фурӯши маводи мухаддир,

 теъдоди номуайяни гурезаҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва қувват

 гирифтани ифротгароӣ, бунёдгароӣ ва умуман ворид гардидани ақидаҳои тундгароӣ, ки боиси сар задани низоъҳои динӣ- мазҳабӣ мегарданд. Мо бо худфиребӣ набояд нишон диҳем, ки ҳама хуб аст. Мо ба дин эҳтиром мегузорем ва мартабаву мақоми онро дар Конститутсия муайян намудаем, вале аз ҳама муҳим он аст, ки осоиштагӣ, сулҳу ҳамдигарфаҳмиро дар мантиқа нигоҳ дорем. Пеши роҳи фаъолияти ҳама гуна ҷараёнҳои ифротӣ  хоҳ динӣ бошад, хоҳ миллӣ гирифта шаванд. Ин барои таъмини сулҳу суботи ояндаи мантиқа бисёр хатарнок аст. Ҳарчанд кӯшиш барои хотима бахшидан ба ҷанг аз ҷониби баъзе давлатҳо шуда буд, вале ҷанг то кунун идома дорад. Ёдовар шудан ба маврид аст ки, ки ҷанг дар дохили як кишвар чанде давом ёбад ҳам, аз ҳудуди он албатта берун мебарояд ва минтақаҳои дигарро низ ба ин гирдоб мекашад ва таърих ба ин гувоҳ ҳаст. Дар робита бо чунин падидаҳо давлатҳои Осиёи Марказиро зарур аст, ки барои пешгирии фаъолияти ҳар гуна ҳаракатҳои ифротгароӣ як барномаи дурнамо тарҳрезӣ намоянд.

Муҳимтарин масъала имрӯз дар ҷаҳон таъмини сулҳу осоиштагӣ, ҳамзистии мусолиматомези дин бо фарҳангҳои гуногун дар ҷомеа буда, дар ин раванд бояд афзуд, ки ҳаракатҳои динӣ метавонанд бо дастгирии соҳибони хориҷиашон ҳамчун омили тағйир додани вазъияти сиёсӣ истифода шаванд. Мавриди зикр аст, ки имрўзҳо дар тамоми шаҳру навоҳӣ ва макотиби олии қаламрави вилояти Суғд бо ҳузури намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мавзўи хатари ҷараёнҳои ифротиву тундгаро сўҳбату мулоқотҳо баргузор мегарданд. Бояд тазаккур дод, ки масъалаҳои пешгирии қонуншиканиву ҷинояткорӣ, мубориза бо терроризму экстримизм, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии тундгаро, сабаб ва омилҳои пайвастани иддае аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба гурўҳи террористии бо ном «Давлати исломии Ироқу Шом» аз мавзўъҳои меҳварии ин мулоқотҳо мебошанд. Баҳри пешгирии чунин падидаҳои номатлуб волидайн, атрофиён масъулони шаҳраку ҷамоатҳо ва қишрҳои гуногуни ҷомеа таваҷҷўҳ надоранд ва намеандешанд, ки паёмади чунин бетарафӣ бар нафъи миллату давлат ва ҷомеа нест. Аз нигоҳи коршиносон, мутаассифона, имрўз фаъолияти таблиғотии чунин гурўҳҳои мусалмоннишин доман густурда то марзи  Тоҷикистон низ расида, иддае  аз ҷавонони гумроҳ ва дур аз маърифати исломиро ба сафҳои худ ҷалб кардааст, ки ҷони худро қурбони ормонҳои бегонаву муғризона мекунанд.  Аз гуфтаҳо бармеояд, ҳамаи қишри ҷомеа бояд масъулият ҳис намоянд ва баҳри пешгирии чунин ҳодисаҳои номатлуб ба монанди шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ саҳми худро гузоранд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *