ИНЪИКОСИ ДАЛЕЛНОКИИ ХУЛОСАҲОИ МАНТИҚӢ ФАКТҲО АСТ!

Дар марҳилаи ҳозира гурӯҳҳо арзи вуҷуд доранд, ки ин мехоҳанд миёни мардум ҳаргуна маълумотҳои беасосу бардуруғро  паҳн менамоянд. Ин гуруҳҳо асосан зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» ҷавононро ба худ ҷалб намуда,   онҳоро бар зидди ҳукумату давлат ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш  гардонда, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, ки онро ба истилоҳ «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» меноманд, равона сохта, бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд. Яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд. Ин ҳолат амиқтараш  солҳои 90-уми қарни гузашта, аз ҷониби  имруза ТТЭ ҲНИ  бо дастгирии хоҷагони хориҷиаш дар кишвари соҳибистиқлоли ҷавони мо, ҷангӣ шаҳрвандӣ оғоз гардид.  Ин ҳодисаи осмонӣ ва ғайричашмдошт набуд. Манҳус Анчари дар ҳамин сарзамин рӯидаи хосияти заҳҳокӣ гирифта буд. Дар иртибот ба ин суоле ба миён меояд, ки барои чӣ, ҳадди ақал, дар Осиёи Миёна ва умуман миллати тоҷик нисбат ба дигар халқияту миллатҳо майли зиёдтар ба таваккалу тақдирсолорӣ дорад? Ҳатто намояндагони аз лиҳози таҷрибаи зиндагӣ варзида ва соҳибмаълумоти он тамоюл ба фарҳангу ҷаҳонбиние доранд, ки аз рӯи моҳият, таъйиноти сиёсӣ ва идеологӣ наметавонанд, ба ормонҳои давлатдории миллӣ созгор бошанд. Имрӯз  низ таҳлилҳо собит менамоянд, ки надоштани дониши бунёдӣ, раҳгумиҳои зиддимиллӣ, фосилагирӣ аз ҷаҳонбинии маорифпарварона  дар муҳити муайян – оила, муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳо, алоқа бо шахсони ифротгаро сабаб шуд, ки садҳо ҷавон ба гурӯҳҳои террористии байналхалқӣ ҳамроҳ гашта, миллат ва давлати Тоҷикистонро дар арсаи олам бадном созанд. Имрӯз аз ҷониби ТТЭ ҲНИ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти иғвогариашро дар ҳамкорӣ  бо ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ ба роҳ мондааст.

 Инъикоси далелнокии хулосаҳои мантиқӣ рақамҳо ҳисобида мешаванд. Чунончӣ дар паноҳгоҳҳои кишвари Сурия беш аз 500 зану кӯдаки тоҷик сабт шудааст. Занони тоҷик ҳамроҳи шавҳарони роҳгумзадаи худ ба Сурияву Ироқ рафта буданд ва аксарашон куштаву бенишон шуданд. Ҳукумати Тоҷикистон дар давоми панҷ соли гузашта 235 зан ва кӯдаки тоҷики оилаҳои ҷангҷӯёни Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ)-ро аз Сурия ба ватан баргардонид. Дар ин самт корҳо идома доранд, ки ҳамоно даҳҳо нафар, аксар кӯдакон, дар урдугоҳҳои Ал-Ҳавлу Рожи кишвари Сурия боқӣ монанданд. Тибқи хабаргузории “Интерфакс”-и  Федератсияи Русия бо такя ба маълумоти мақомоти курд беш аз 150 ҷангҷӯйи гурӯҳи тундрави ДИИШ-ро дастгир кардаанд ва дар он беш аз 400 зану кӯдаки тоҷик дар паноҳгоҳҳои Сурия нигаҳдорӣ шудаанд.  Нисбатан ба эътидол омадани афзои Сурия ва Ироқ гурӯҳҳои терррористӣ аз қабили ДИИШ бештар ба Афғонистон ва кишварҳои Аврупо фаъолияташонро ба роҳ монда, бархе ҷавонони кишвари моро гумроҳ кардаанд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мисол меорем, ки тибқи расонаҳои хабарии Ҷумҳурии Туркия, дар соли 2021 дар як амалиёти махсус бо гумони ҳамкорӣ  бо гуруҳи тундрави ДИИШ  ёздаҳ нафар боздошт шудаанд ва дар байни боздоштшудагон, як  нафарашон зодаи Тоҷикистон мебошад.

           Хулоса ин буд маълумоти мухтасаре дар бораи натиҷаҳои зуҳуроти номатлуб ҳамчун терроризм ва экстремизм. Аз ин лиҳоз, ҳар яки мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар корҳои мушаххасро ба амал барорем ва иттилооти ба дастовардаашро бо чашми дил таҳлил намуда, ба доми фиреби дасисабозону бегонагон дармонда нашавем.

Ф. РАҲМОНОВ,

ассистенти кафедраи назарияи иқтисодӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *