Мо дар шароити хеле мураккаби ҷомеаи ҷаҳон, ки таҳдиду хатарҳои замони муосир ба низоми устувори кишварҳо рӯз ба рӯз афзуда истодааст, қарор дорем. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад. Барои мисол, дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мегардад.
Cозмону ҳаракат ва гурӯҳҳову равияҳои зерин, аз қабили ДИИШ, Ал-Қоида, Ҳизб-ут-Таҳрир”, Боко-Ҳарам ва амсоли инҳо, аз ҷониби як қатор давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ дониста шудаанд, ки ҳадафу мароми аслии онҳо бо густурда намудани фаъолияти худ зимни анҷом додани амалу кирдори ҷинояткорона нуфузу эътибори сиёсӣ пайдо кардан мебошад. Масалан ДИИШ ва Ал-Қоида ва дигар равияҳои ифротӣ аз вазъияти кунунии Афғонистон истифорда бурда, имрӯз фаъолияти ошкоро дошта, афзои ин кишварро мураккабтар намудаанд. Ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида ва дигар ин, ки ин ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс, оҷизиро ба вуҷуд меоваранд. Умуман аксари созмонҳои террористию экстремистӣ, зери ниқоби ислом амал мекунанд, кӯшиш мекунанд дар асоси ғояҳои “муҳоҷират”, “ҷиҳод” ва “шаҳодат” низоми ҳуқуқии мавҷударо бо роҳи тадриҷан заҳролуд кардани зеҳни ҷавонон ба эътидол оранд, тазоҳуроти оммавии зиддиҳукуматро ташкил кунанд. Вале дар хотир дошт, ки ин падидаи номатлуб ба дин, аз ҷумла дини мубини Ислом алоқамандие надорад. Таъкидан қайд менамоем, ки онҳо танҳо барои тайёр кардани террористу экстремист аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода карда, нафрат, бадбинӣ ва аз байн бурдани тарафи муқобилро дар дили шахсони касбу кори гуногун, хусусан ҷавонон ҷой мекунанд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мо борҳо мисолҳо оварда будем. Боз мисоли навбатиро меорем, ки мувофиқи расонаи хабарии “Sabah”-и давлати Туркия, як нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар якҷоягии шаҳрванди кишвари ҳамсоя бо аъзоёни ДИИШ ҳамкорӣ намуда, дар шаби Соли нави милодӣ-2023 дар ҳудуди шаҳри Истамбул барои содир намудани амалҳои террористӣ омодагӣ дида буданд, ки оқибат аз ҷониби мақомоти дахлдори Туркия дастгир карда шуданд. Бинобар ин вазъи мураккаби бамиёномадаи муосир, таҳдиду хатарҳои нави терроризм ва экстремизм моро водор месозад, ки дар пешгирӣ ва решакан кардани ин хатари аср якҷоя бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқии мамлакат мубориза барем ва ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Дар интиҳо мехоҳам ба ҳамсолон гӯям, ки баҳри сулҳу субот ва оромии ҷомеа ҳама аз як гиребон сар бароварда, бо ин зуҳуроти зиште, ки амнияти моро халалдор месозад, мубориза барем. Шукронаи ободию озодии ин Ватани маҳбуб карда, барои боз ҳам ободу зебо гаштани он камари ҳиммат бандем
Ф. ҚУРБОНОВ ,
мудири бахши кор бо
ҷавонони ДИС ДДТТ