Силсилатаҳлили беасосу суханрониҳои ғаразнок ва бемантиқи роҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ чун солҳои қалбӣ имрӯз низ фаъолиятҳои экстремистиву ифротии худро пеша намуда, махсусан бар зидди сиёсати пешгирифтаи кишварамон ва ба тамоми дастовардҳои замони истиқлолияти Тоҷикистон ба назари манфӣ менигаранд. Воқеан таҳлилҳои ноқис, бепоя ва шикастаи раҳбари ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ дар асл ниёз ба посухи илмӣ надорад. Кору амалаш танҳо ва танҳо исён овардану тафриқа андохтан аст. Садҳо афсус, ки Кабирии хоину мазҳабфурӯш зодаи миллати мосту имрӯз ҳамчун зархарид ба хоҷагони хориҷии худ хизмат карда, ҳадафҳои ниҳоиашон ҳамон аст,ки миллати тоҷикро ғуломи аҷнабиён гардонаду мазҳаби моро зери фишори шиамазҳабҳо қарор диҳад. Имрӯз бо маблағгузорӣ ва умуман бо пуштибонии хоҷагони хориҷиаш Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш дар ҳотелҳои орому роҳати Аврупо нишаста, асосан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар барномаи ифротии “Паймони миллӣ”, “Садои мардум” ва ғайраҳо бо пеша намудани ҷанги иттилоотӣ фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Бо ин васила ба “мағзшӯи”-и ҷавонон машғул буда, баъзе аз ҷавонони моро гумроҳ намудан кӯшиш дорад. Вақт исбот намудааст, ки роҳбарони гурӯҳҳои террористӣ дар амалҳои мутҳиши ҷиноӣ ва хоинии бузург ширкат дошта, ҷони чандин нафаронро гирифта, хонаи бисёриҳоро вайрон намуда буданд. Халқ хуб гуфтааст, ки «Назан дари кас, ки мезанад даратро». Маълум гардид, ки роҳбарони гурӯҳҳои террористӣ ва пайравонашон солҳо дари мардумро кубида, хонаи онҳоро харобу нони онҳоро аз даҳонашон кашида, билохира чунин рӯз ба сари худаш омад. Яъне дар ин дунё ҳама кор подоши худро дорад. Мардуми Тоҷикистон амалҳои ҷиноии роҳбарони гурӯҳҳои террористӣ ва пайравонашонро ҳеҷ вақт фаромӯш намекунад ва хуб медонад, ки роҳбарияту ҳаммаслакони ва думравони ТТЭ ҲНИ кӣ буданд.
Акнун ин пайравони гурӯҳҳои террористӣ, ки ҳамчун сагони девонаи дайду, хоинони миллат ва хокзани хоҷагони хориҷӣ гаштаанд, бо жожгӯйиҳо худ меболанду равзанаи сомонаҳои интернетиро макони даъвоҳои беасоси худ қарор медиҳад. Мо аз баромадҳои бадхоҳони миллат хулосабарорӣ намуда, такрор ба тарор мегуфтанду мегуфтем ва имруз низ мегӯем, ки Кабирию ҳаммаслаконаш дар фикру андешаи амнияту осоиштагии миллату Ватани азизамон нестанд! Ҳар як фарди солимақл бо чашмони худ дидаву бо гушҳои худ борҳо шунидааст,ки Кабирӣ тавассути шабакаҳои ҷаҳонии интернетӣ чи гуна миллатро бо ҳам мешӯронаду мардумро ба майдонҳо даъват мекунад. Боварӣ ба мардуми бедор ва зираку ҳушёри кишварамон, махсусан ҳаммиллатону ҳамватанони берунмарзиамон дорем,ки боз ҳам тирӣ ин қабил хоинону душманони миллату давлат хок хоҳад хӯрд. Зеро ҳамеша ҳамватанони азизу маҳбуби мо, куҷое,ки набошем, хоҳ дохил ва ё хориҷи кишвар ҳамеша аз ақли солим ва пирӯзии адолат ҷонибдорӣ намуда ба зиндагию кори худ идома дода, ба иғвоҳои хоинону мазҳабфурӯшон, намояндаҳои ташкилотҳои террористию эктремистӣ ва ифротиён набояд дода шавем. Ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи Созмони Милал Муттаҳид мебошад, ба ҳама ташкилотҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва дигар созмонҳои ҷаҳонӣ садо баланд намуда, даъват ба амал меорам,ки агар ҳақиқатан ҳам фаъолияту ҳадафҳои асосиашон, ҳифзи ҳуқуқҳои башарист, ба иғвою дасисаҳои Кабирию пайравонашон бовар накарда, амнияту осоиштагии аксарияти миллату давлати Тоҷикистониро пуштибонӣ карда, ҳизбу ҳаракатҳои бо асосҳои қонунӣ ва ҳукми Суди Олии Чумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, ки ҳамчун ташкилотҳои терроистию экстремистӣ ва ифротӣ эълон шудаанд, фаъолияташон дар арсаи ҷаҳонӣ мамнуъ эълон карда шаванд.
Ф. ҚУРБОНОВ,
мудири шуъбаи кор бо ҷавони ДИС ДДТТ