ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАРҲОИ АВВАЛИНДАРАҶАИ ҶАҲОНИ МУОСИР

          

Рӯйдодҳои охири ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус авзои кунунии   Афғонистон  нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд. Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, дар кишвари ҳамсояи мо – Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккаб гардонидааст. Амалҳои мудҳиши террористие, ки дар кишвари хамсояи мо Афғонистон рух дода истодаанд, масалан  шуруъ аз 21-уми апрели соли 2022  дар Афғонистон 8 таркиш рух додааст. Ин  таркишҳо  асосан дар чор вилояти Афғонистон рух додаанд, ки бештари онҳо дар шаҳри Кобул ва пурталафоттаринашон дар шаҳри Мазори Шариф мебошад. Мисоли дигар, 05-уми сенятбри солои 2022 дар назди сафорати Русия, дар минтақаи Доруламони Кобул, яке аз минтақаҳои амниятии пойтахти Афғонистон таркише ба амал омад. Дар натиҷаи ин  таркиш  ду нафар ба ҳалокат расида, беш аз  11 каси дигар захмӣ шудаанд. Инчунин, 30 сентябри соли ҷорӣ дар маркази таълимии шаҳри Кобул аз ҷониби як террористи худкуш таркиши шадиде рух дод, ки дар натиҷа 35 нафар хонандагони имтиҳосупоранда ба ҳалокат расиданд, ки  бештарашон духтарон мебошанд.

Хулоса, бо дарназардошти вазъияти ногувори ҷаҳонӣ, бахусус вазъияти баамаломадаи Афғонистон талаб мекунад, ки имрӯз бояд ҳар як шаҳрванди боору номуси кишвар ба худ хулосаи зарурӣ барорад, яъне ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад. Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсиии ҷомеа мо ҳама бояд муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомотҳои давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем.

                                                             К.КАЛОНОВ,

сармутахассис оид ба

 сомонаи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *