БАР ЗИДДИ ҲАМА ГУНА ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ МУБОРИЗАИ БЕАМОН БОЯД БУРД!

 

Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои терроризми байналмилалӣ бо шиорҳои бофтаю сохтаи исломӣ мақсадҳои худро пардапӯш намуда, ба мушкили умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Вале, дини мубини Ислом ба терроризм ва ҳаракатҳои экстремистӣ ҳеҷ умумияте надошта, баръакс, таълимоташ зидди ин зуҳуроти хатарнок нигаронда шудааст. Дар робита ба ин суоле ба миён меояд сабаб дар чист? Бе ягон душворӣ посух медиҳем, ки қувваҳои махсус барои амалӣ намудани манфиатҳои худ аз дини мубини Ислом суиистифода мекунанд. Роҳбарони пасипардагии терроризм мехоҳанд, харитаи иқтисодию сиёсии ҷаҳонро ба манфиатҳои худ мувофиқ созанд.

        Имруз махфӣ нест, ки террористон барои пиёда гардондани хостаҳои пуштибонони худ, бо нишондоди онҳо амал менамоянд. Мақсади асосии онҳо сарнагун кардани сохти конститутсионии давлатҳои алоҳида ва ба ҷойи онҳо ҷорӣ намудани низомҳои иртиҷоии ҷаҳолатпешаю ба идеологияи экстремистӣ асосёфта мебошад. Робита ба ин афзои кунинии Афғонистонро  мисол  овардан бамаврид аст, ки нисбатан ба эътидол омадани вазъи Ироқу Сурия бештари аъзоёни ташкилоти террористии Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ), Ал-Қоида ва  даҳҳо равияҳои ифротӣ дар Афғонистон маскан гирифтаанд. Ин ҳолат боис мегардад, ки асосан рузҳои ҷумъа дар Афғонистон содир шудани таркишҳои зиёд ба қайд гирифта мешаванд ва масъулияти анҷоми онро дар бисёри ҳолатҳо ДИИШ уҳда мегирад. Бинобар ин, бо дарназардошти авзои кунунии Афғонистон ва умуман шиддат гирифтани вазъи сиёсии ҷаҳон, вусъати бесобиқаи низоъҳои байнидавлатию байнидинӣ, авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ,  ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ба шумор меравад. Баробари ин бояд қайд кард,ки  барои мубориза бурдан бо экстремизм ва терроризм бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа бо сохторҳои қудратӣ ҳамкорӣ намоянд ва мардумро аз таъсири ин вабои аср эмин нигоҳ доранд.

            Дар фарҷоми  андешаи хеш иброз медорем, ки мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол, ҳамчун нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ медорем, ҳамчун нерӯи бузурги созанда ва сипари боэътимоди давлатамон бар зидди ҳама гуна хатари терроризму экстремизм бо роҳҳои пешбини намудаи қонунгузорӣ мубориза мебарем.

                Ф.Қурбонов,

мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *