ТЕРРОРИЗМ ХАТАРЕСТ БА ЧОМЕА ВА ОЯНДАИ ИНСОНИЯТ

Хеч як кишвари чахон аз хатари терроризм ва экстремизм эмин буда наметавонад. Бинобар ин, Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомали Рахмон кайд намуданд, «Точикистон талошхои худро вусъат бахшида, дар самти муборизаи самарабахш бар зидди хатару тахдидхои замони муосир, чун пештара, шарики табиии хамаи давлатхои дуне ва созмонхои байналмилливу минтакави хохад буд».

Сарвари давлатамон хамчун сиесатмадори барчаста аввалин шуда, аз минбари СММ на танхо дар масъалаи об, балки дар мавриди пахншавии хатари терроризм ва тахдидхои инсоният ибрози андеша намуданд.

Имруз чомеаи чахонӣ бо чидду чахд ва талошхои Чумхурии Точикистон дар мубориза бар зидди терроризм бахои баланд медихад. Аз чумла,  дар Конфронси байналмилаллии зидди терроризм, ки соли гузашта дар пойтахти кишварамон – шахри Душанбе доир гардид, вазири корхои хоричии Хиндустон кайд намуд, ки «Точикистон бар зидди терроризм муваффакона мубориза бурд, галаба кард ва мавчи терроризмро бархам дод.

Душманони миллат, ташкилоту гуруххои экстремисти бо хар рох мехоханд махз чавононро хамчун кишри осебпазири чомеа ба доми худ кашанд.  Хукумати чумхури дар доираи татбики Стратегияи миллии Точикистон дар муковимат ба терроризм ва экстремизм чихати пешгирии шомилшавии чавонон ба хизбу харакатхои террористи мунтазам тадбирхои амали меандешад.

Бо вучуди талошхои зиёди давлат ва макомоти кудратию интизомии кишвар ташкилотхои экстремистию террористи бо хар рох мехоханд оромию осудагии кишварамонро халалдор намоянд.  Хусусан,  ташкилоти террористи –  экстремистии ХНИ аз ибтидои расидан ба вахдати милли ва тахкими давлатдории навин пайваста кирдорхои хиенаткоронаи худро дар колаби демократия ва дину махзаб чой дода, мехост бо рохи табаддулоти низоми ба сари кудрат ояд. Танхо аз соли 1997 то соли 2015 дар каламрави чумхури ТЭТ ХНИ зиеда аз 30 амали террористиро анчом додаст.

Аз ин хотир,  мо бояд дар чавонон хисси масъулиятшиноси, тахаммулпазири, андешаи солим, маърифати хукукиро ташаккул дихем. Ташкилоту гуруххои террористи дар амалисозии ниятхои гаразноки худ бештар ба чавонон такя мекунанд.

Сабаби асосии ин ба ин гуруххо пайвастани чавонон ба акидаи тахлилгарон, пеш аз хама, дар он аст, ки чавонон зиракии сиесиро аз даст дода, ба зуди фирефтаи ваъдахои бардуруги ин гуруххо мешаванд. Чунонки аз хабархои расонахо бармеояд, ин гуруххои экстремисти ба чавонон маблагхои калон ва хатто чойхои хуби кориро ваъда мекунанд.

Сабаби дигари ба ин гуруххо пайвастани чавонон дуруст дарк накардани мохият ва мазмуни дини мубини Ислом мебошад.

Омили дигаре, ки мафкураи чавонони имруза таъсири манфи мерасонад, ин наворхои таблиготиест, ки тавассути расонахои гуногун ва шабакаи интернет пахн карда мешаванд. Бояд хотирнишон сохт, ки бузургони миллати куханбунеди мо аз худ мероси бузурги маънави боки мондаанд, ки саршор аз гояхои ватандусти, инсонпарвари, накукори мебошанд. Вакти он расидааст, ки чавонон бахри баланд бардоштани маънавиети худмутолиаи инт мероси бузурги ниегон сарф намояд.

Мудири шӯъбаи

курсҳои тайёрӣ:

Тошматова Ш.А.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *