ТЕРРОРИЗМ – ХАТАР БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Терроризм то имрӯз хатар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ эҷод менамояд. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Чунончӣ ТТЭ ҲНИ ва Гуруҳи -2 маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Умуман таҳти мафҳуми «созмон ё ҳаракатҳои исломӣ» қувваҳои гуногунро фаҳмидан мумкин аст. Бархе аз чунин созмонҳо ва ҳаракатҳо хусусияти эктремистӣ дошта, фаъолияти онҳо дар аксарияти кишварҳои исломӣ, аз қабили ДИИШ, Ал-Қоида мамнуъ мебошад. Маҳз ҳамин гуна қувваҳои тундрав ва иртиҷоӣ мебошанд, ки барои ба даст овардани аҳдофи сиёсии худ раванди осоиштаи ташаккул ва такомули ниҳодҳои демократӣ дар кишварҳои исломиро халалдор сохта, кишварҳои исломиро ба вартаи буҳронҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ тела медиҳанд. Тасдиқи ин гуфтаҳо вазъияти ноҳанҷори сиёсиву иҷтимоӣ, ҷанги хонумонсӯзу таркишҳою кушторҳо дар Афғонистони ҳамсоя ба вуқӯъ пайвастанд, маҳсуб меёбанд. Имрӯз дар Афғонистон тақрибан 20 гурӯҳи террористӣ фаъолият мекунанд.Танҳо дар моҳи октябри соли 2021 дар Афғонистон 5 адад амалҳои террористӣ ва 1 ҳамла аз ҷониби ҷангҷӯён содир шудааст. Дар натиҷа мардуми бегуноҳ ба ҳалокат расида, кӯчаву хиёбонҳои шаҳру деҳоти Афғонистон ғарқи хун гашта, фазои онро гиряи модарон ва ашки ятимон пур мекунад. Воқеан таҳлилҳо собит менамояд,ки қурбони терроризим дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили ашхоси ифротгаро ва гуруҳҳои терроризмро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. Хулосаи матлаб ин ки ба мо ҳамагон лозим аст, кушиш ба харҷ диҳем, фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем. Ба ҷомеа, бахусус ҷавононамон фаҳмонда тавониста бошем, ки бо тақлидҳои кур-курона дунболи гурӯҳҳои ифротӣ нараванд. Вазъияти фазои динии ватанамон ба ба ҳамагон маълум, ки давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳама мусулмон буда, ба муқаддасоти динӣ ва дастуроти шариати Ислом эҳтиром мегузоранд.

РАҲМОНОВА М.
ассистенти кафедраи
молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *