Терроризм – гирдоби тарсу даҳшат

          Оре, ин шакли даҳшатафканӣ бо роҳу воситаҳои гуногун ба мисли куштор, тарконидан, истифодаи маводҳои заҳролудкунанда вабои аср гардида, мутаассифона дар байни ҷавонони раҳгумзадаи ҷаҳон ҳамчун «гангрена» торафт паҳн гашта истодааст.

          Ҷавононе, ки ба ин гурўҳи доғдори нопоки сиёҳ шомил мешаванд, аз рўи гуфтаҳои сиёсатшиносон ба якчанд қисмат ҷудо мешаванд: а) бо роҳи муҳоҷирати меҳнатӣ; б) бо роҳи ширкатҳои сайёҳӣ; в) бо воситаи сомонаҳои интернетӣ.

Ҷавонон воқиф нестанд, ки симои аслии ДИИШ ба исломи асил ва суннатҳои он иртиботе недорад; идеологияи ДИИШ террористию ифротӣ буда, хилофи дини мубини ислом аст. Ин ҳама аз бесаводии ҷавонони имрўза мебошад!

         Вақти он аст, ки мо ҳамчун омўзгорон, ки қисми яккачини ҷамъият мебошем, бо тамоми масъулият нисбат ба ин амалҳои ғайриинсонӣ мубориза барем. Бояд ба ҷавонон фаҳмонем, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳеҷ кадом аъмоли террористӣ новобаста аз шаклу мавқеъ ва ҳадафҳояш наметавонад қобили қабул бошад. Гурўҳҳои тундгаро аз номи дини мубини ислом баромад карда, онро чун воситаи татбиқи мақсадҳои нопоки худ истифода менамоянд ва дини ислом ва пайравони онро доғдор менамоянд. Лаънат ба чунин инсонҳои разил!

Дар Паёми Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ин масъала чунин арзёбӣ гаштааст: «Солҳои охир терроризм ва экстримизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусиятҳои экстримистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстримистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд». Сарвари кишвар ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – терроризм таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир намуда дигар қайд намуд, ки давлатҳои  абарқудрат барои манфиатҳои хеш барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон бо ҳам бархурди бесобиқадоранд, ки дар натиҷа вазъи сиёсии сайёра боз ҳам печидаву муташанниҷ гардида, буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам шиддат гирифтааст.

         Амалҳои террористие, ки дар Сурия ва Ироқ рўй додаанд, сокинони сайёраро ба андешаву нигаронӣ мувоҷеҳ сохтанд. Воқеаи дигари фоҷеабори дар Фаронса рўх дода ва амали террористие, ки боиси сукути ҳавопаймои Россия гардид ва садҳо одамонро аз ҳаёт маҳрум ва садҳо оилаи бегуноҳро ба ғаму андўҳ гирифтор кард, тамоми мардуми сулҳпарвари дунёро низ ба ҷунбиш овард.

          Ҳодисаҳои охири сиёсии кишвар нишон доданд, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва сарвари он ҳамчун пуштибони молиявии гурўҳи террористии Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода баромад намуданд. Муҳиддин Кабирӣ мехост бо роҳи дастгирии молиявии террористон ба ҳокимият соҳиб шавад, аммо ҳадафҳои пинҳонкоронаи  ў барбод рафтанду ў аз Туркия ҳам ронда шуд ва имрўз боз дар Аврупо бо бадном кардани Тоҷикистон аз паи ёфтани «хоҷагони  нав»  ҳамчун гурезаи сиёсӣ оворагардӣ менамояд.

         Гурўҳҳои экстремистӣ барои расидан ба мақсадҳои нопоки сиёсии худ ба амалҳои бешарафона даст зада, аз қатли кўдакон ва занони бепаноҳ рўй намегардонанд. Дар зери шиори «ҷиҳод» мехоҳанд «гангренашон»-ро ба кишварҳои дигар таҳмил созанд. Ҳамчунин мехоҳанд, бо ин кирдори носолимашон дунёро дар гирдоби тарсу даҳшатҳои тасаввурнопазир нигаҳ доранд ва бо ин васила мавқеи сиёсии худро мустаҳкам намуда, соҳиби пулу мол гарданд. Рафтори разилонаи гурўҳҳои ҷиноятпеша барои бархе аз ҷавонони тоҷик, к ибо гумроҳӣ ба ҳаракату гурўҳҳои ифротгариву ситезаҷў, бахусус, дар гурўҳи ба ном «Давлати исломӣ» шомил шудаанд, бояд сабақи зиндагӣ гардад. Ҷавонони раҳгумзада бояд дарк намояд, ки гурўҳҳои манфиатҷў, аз касодии нерўву зеҳни онҳо истифода медаранд.

Терроризму экстремизм ватан, дин, мазҳаб надоранд, балки он хатари воқеӣ ба ҷомеаи ҷаҳонист. Терроризм чун вабои асри  ХХ1  имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Имрӯз нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки бо истифода аз номи дини мубини ислом, ки дини поку таҳаммулгароист, ба амалҳои террористӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезанд ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бояд бурд.

Гурӯҳҳои ифротгаро метавонанд, ки  бо ақидаҳои фанатикии худ занону духтарон ва ҷавононеро, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти  ислом пурра огоҳӣ надоранд, ба сӯи ифроту ифротгароӣ ҷалб намоянд. Бинобар ин имрӯз дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, шукри истиқлоли Ватану давлатро намудан, шукри суботу оромӣ кардан ва барои ваҳдати  ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ накардан, яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад.

Дар замони муосир , ки Тоҷикистон ба марҳилаи сифати нави инкишофу пешрафт қадам гузоштааст, роҳи барпо намудани давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтааст, зарурати тарғибу ташвиқи тарзи солими ҳамзистӣ, эҳёи анъанаҳои фарҳангию миллӣ ва ғояҳои пешқадам дар тарбияи маънавии ҷавонон ба миён омадааст.

Ҳамчун омўзгорон ва зиёиёни ҷомеа, моро лозим аст, ки бо ҷавонон бештар кор кунем, онҳоро ба тарзи ҳаёти солим, хештаншиносӣ, меҳнатдўстӣ, илмомўзӣ ва инсондўстӣ ташвиқ намуда, онҳоро аз таълимоти ислом, ки дар он одамкушиву ҷинояту гумроҳӣ зикр нашудааст, бохабар намоем ва бо сиёсати кишварҳои манфиатхоҳ ошно созем.

                                                                                     Муаллимаи  калони 

                                                                                    кафедраи  забонҳои

                                                                            тоҷикӣ ва русии

                                                                      ДИС ДДТТ

                                                                             Холшехова С.А.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *