Терроризм ва ҷойгоҳи сиёсию иҷтимоии он печ дар печ буда, ба ҷанбаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва ҷаҳонбинӣ робитаи зич дорад. Тааcсуб дар тафаккур ва андеша метавонад хушунатзо бошад. Терроризми динию мазҳабӣ асоси терроризми бунёдгароист. Бунёдгаро бошад, аҳли гуфтугӯ нест. Гуфтугӯ бо онҳо кори муҳол аст. Бунёдгаро ба он эътиқод дорад, ки ҳақиқати маҳзро танҳо вай медонад ва дигарон ботилу гумроҳ ва ноҳақанд. Дарку бардошти бунёдгароён аз воқеият сатҳӣ ва нодуруст мебошад. Шарт аст донем, ки шахси худкуш то кадом андоза аз масъалаҳои динӣ, ахлоқӣ, ҳақиқат, фазилат ва мақоми шоистаи инсон, аз тақво ва парҳезкорӣ, аз ҳадафи зиндагию маъною мафҳуми диндорӣ ва он чӣ марбут ба инсону инсоният асту боиси боздорандагии ҷурму ҷиноят мешавад, огоҳӣ дорад. Онҳое, ки огоҳӣ ва иттилоъ аз дин ва инсоният надоранд, фавқулода хатарноканд ва амалеро анҷом медиҳанд, ки ба ҷойи фоида ба ҷомеа зарар мерасонанд.
Терроризми имрӯз хусусиятҳои нав пайдо кардааст. Яке аз ҳамин гуна хусусиятҳо пайванд додани хушунат, даҳшатафканӣ бо расонаҳои хабарист. Террористон аз расонаҳои хабарӣ васеъ истифода мебаранд. Расонаҳо дар бузург кардан ва аҳамият додан ба таҳдидҳои террористон дар афкори омма зеҳниятсозӣ мекунанд, тарс ва ваҳшатро дар вуҷуди одамон ҷой менамоянд ва ба террористҳо дар таблиғи мақсадҳояшон ёрӣ мерасонанд.
Имрӯзҳо терроризм бештар тобиши динӣ касб намудааст. Террористон, мутаассифона, тибқи паймони мазҳабӣ ва бо пайванд ба ақоиди динӣ амал менамоянд. Бино ба таҳлили дақиқ ва оморгирӣ, соли 1995 нисфи террористони байналмилалиро мутаассибони динӣ ташкил медоданд. Таҷрибаи мубориза бо терроризм нишон додааст, ки хатарноктарин навъи терроризм– терроризми динӣ ба шумор меравад.
Хусусияти дигари терроризми байналмилалии Шарқ ба марзҳои миллӣ, минтақавӣ, ба нажод ва қавм аҳамият надодани он аст. Барои онҳо фақат масъалаи уммати исломӣ аҳамият дораду бас. Ин гурӯҳҳои террористӣ барои эҳё ва таҷдиди хилофати исломӣ, ҳокимияти «Қуръон» ва ҷорӣ сохтани шариати исломӣ ҷиҳод менамоянд. Шак нест, ки терроризм дар пайи нест кардани низоми иҷтимоист. Дигар мақсади терроризм самтбахшии афкори омма мебошад.
Истилоҳоти «террор» ва «терроризм» нахустин маротиба дар Инқилоби Кабири Фаронса солҳои 1793–1797 аз тарафи якобинчиён истифода шудааст. Гумон меравад, ки ин вожа шакли дигаргуншудаи калимаи арабии «таррор» аст. Таррор дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ба маънои роҳзану одамкуш, кисабуру дузд ва маҷозан ба маънои ҳилагар, маккор ва айёр омадааст. Шояд аврупоиён калимаи «террор»-ро ба маънои даҳшатафканӣ ва хунрезӣ аз калимаи «таррор» гирифта бошанд.
Иттиҳоди Аврупо аз 30 кишвар ташкил ёфта, яке аз қудратҳои сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳони имрӯз аст. Худи қитъаи Аврупо дорои 50 кишвар ва 60 миллат ҳаст. Дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо терроризмро ҷурм эълон намуда, ҷазои онро дар қонунҳои амалкунанда пешбинӣ намудаанд. Ҷое, ки беадолатӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ мавҷуд ҳаст, терроризм он ҷо реша медавонад. Хушунат ва таҳдид хусусияти хоси терроризм мебошанд. Онҳо ба як ваҳшонияти гӯшношунид кормандони давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва ғайринизомиёнро қурбон мекунанд. Ҳангоми «бархӯрди тамаддунҳо» барои пайдоиши терроризм шароит ба вуҷуд меояд. Одатан, террористҳо афроди тундрав ва бераҳм ҳастанд. Эътиқод ва афкори ифротӣ, динӣ ва қавмӣ доранд. Узвият дар созмонҳои террористӣ осон нест ва баромадан аз ин гурӯҳҳо низ хеле хатарнок аст.
Аз рӯи ҷуғрофия терроризм ба терроризмҳои давлатӣ, фаромиллӣ, маҳаллӣ ва фардӣ тақсим мешавад, вале ин ягона тақсимбандӣ нест. Олимон боз терроризмро ба терроризми сиёсӣ, динӣ, миллигароӣ, терроризми ҷаҳонӣ, наркотерроризм, кибертерроризм ва терроризми ҳастаӣ (кимиёию биологӣ) тақсим намудаанд. Ҳаракатҳои терроризми миллатгаро баҳри истиқлол, озодӣ, ҳокимияти миллӣ мубориза мебаранд. Навъи дигари терроризм терроризми сиёсӣ аст, ки барои ба даст овардани дигаргуниҳои сиёсию иҷтимоӣ аз он истифода мекунанд. Ба ин кор гурӯҳҳои террористие даст мезананд, ки қудрати мухолифати сиёсиро надоранд. Наркотерроризм. Истилоҳи наркотерроризм нахустин маротиба соли 1983 аз ҷониби Президенти Перу Фернандо Белаунде Терри истифода шудааст. Ин навъи терроризм аз зиддиятҳо ва рақобатҳои шадид барои қочоқи маводи мухаддир сар мезанад. Дар вақти киштукор, ҷамъоварӣ, захира, интиқол ва фурӯши он зиддиятҳо вусъат меёбанд.
Терроризми динӣ бераҳмтарин навъи терроризм аст. Террористони динӣ дар динҳои ислом, насронӣ, калимӣ (яҳудият), ҳиндуӣ, буддоӣ ва дигар мазҳабҳо ба ҷараёнҳои ифротӣ мансубанд.
Кибертерроризм. Ин навъи терроризм фазои иттилоотиро халалдор намуда, бо дохил шудан ба сайтҳои интернетӣ таблиғи мақсадҳои ифротии худро ба роҳ мемонанд, барномаҳои парвози тайёраҳоро шикаста, садамаҳои ҳавоӣ ташкил менамоянд.
Терроризми ҳастаӣ. Ин гурӯҳҳои террористӣ кӯшиши ба даст овардан ва истифода намудани силоҳҳои қатли омро доранд. Давлатҳое, ки дорои яроқи ҳастаӣ мебошанд, масъуланд онро маҳфуз нигоҳ доранд, то ки ин навъи силоҳ ба дасти террористон наафтад.
Соли 1980 заҳри «трикутсан», ки бо номи «борони зард» маълум аст, бар зидди муҷоҳидони афғон истифода шуд. Соли 1984 террористон аз маводи «солмонолез» ба воситаи неруҳои мазҳабӣ барои халалдор кардани интихоботи маҳаллӣ дар ИМА истифода карданд ва 751 нафар гирифтори бемории меъда гардиданд. Ду маротиба — солҳои 1993 ва 1995 кормандони гумруки Канада ду нафарро, ки бо худ заҳри «ресану бутулин» доштанд, дастгир карданд. Ин маводи тарканда метавонист миллионҳо нафарро қурбон кунад. Баъзе гурӯҳҳои террористӣ силоҳҳои радиологӣ, биологӣ ва кимиёвиро мавриди истифода қарор медиҳанд, ки амнияти дохилӣ ва байналмилалиро зери хатар мегузоранд.
Имрӯзҳо ба мавҷудияти инсон хатари зиёд таҳдид менамояд. Хатарҳое, ки ба ҳастии инсон таҳдид мекунанд, ҷангҳои миллию мазҳабӣ, мусаллаҳшавии давлатҳо бо силоҳи қатли ом, гармшавии иқлим, метеориту астероидҳо ва дуршавии моҳ ба шумор мераванд. Дар асри ХХ ва оғози асри ХХ1 шадидтарин ҷангҳои миллию динӣ ва инқилобҳои синфӣ рӯй доданд, ки табиату инсон истисмор ва истило гардиданд. Буҳрони баҳри Кариб дар Куба ҷаҳонро андаке монда буд, ки ба ҷанги атомӣ гирифтор намояд. Дар Ховари Наздик ва Ховари Миёна бархӯрди манфиати давлатҳои абарқудрат боиси ҷангҳои динию мазҳабӣ ва ташкил ёфтани гурӯҳҳои террористӣ гардидааст.
Ғайр аз бархӯрди манфиати абарқудратҳо, эътиқоди динӣ ва мазҳабии одамон мушкили дигарест, ки мутаассифона, аз тарафи созмонҳои террористӣ барои амалӣ сохтани нақшаҳои нопок истифода мешавад. Ин эътиқодҳо боиси афзоиши нофаҳмӣ ва нооромӣ миёни одамон гардидааст. Тӯли таърих дар ҷомеаи инсонӣ одамон ҳеҷ гоҳ ба як дину як мазҳаб эътиқод надоштанд. Гаравиш ба ин дину мазҳабҳо бисёр вақт шудааст, ки падару писарро аз ҳамдигар ҷудо карда, онҳоро дар сангарҳои мухолиф муқобили ҳам кашидааст. Аммо воқеияти зиндагӣ тақозо мекунад, ки одамон новобаста аз эътиқод, мансубияти қавмию нажодӣ, бояд бо ҳам муттаҳид шаванд. Танҳо муттаҳидию ҳамбастагӣ шарти асосии раҳоии инсоният аз хатарҳои иҷтимоӣ ва табиӣ мебошад.