Солҳои охир дар ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои пасошӯравӣ ва арабӣ, воқеият собит намуд, ки маҳз ҷавонон гурӯҳи осебпазири ҷомеа мебошанд. Ҳама гуна тазоҳурот ва паҳн намудани идеологияву ақидаҳои гуногун маҳз ба воситаи ҷавонон тарҳрезӣ ва амалӣ мешавад. Дар ин ҷода фаъолияти самараноки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиати зиёде оварда метавонад. Муътақидам, ки диққати асосиро ҷавонони дар маҳалбуда бояд зоҳир намуд. Ташаккули идеологии ҷавонон қариб ба ҳоли худ гузошта шудааст, ҳол он ки тақдири ҳар миллату давлат ба масъалаи идеологӣ ва тарбиявию ахлоқии ҷавонон вобаста аст. Аз рӯҳониёни суннатӣ барои тарбияи наврасону ҷавонон истифода бояд кард.
Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат на танҳо вазифаи кормандони ниҳодҳои қудратӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ, балки вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Имрӯз дар ҷаҳон терроризмро ба дини мубини ислом нисбат доданӣ мешаванд. Ин тарзи муносибат ғаразнок буда, мутаассифона, тарафдорони худро дорад. Оё бо ин айбгузории бардурӯғ ба дини ислом ва фишору таҳқири мардуми мусалмон терроризмро маҳв кардан мумкин аст? Ҳаргиз не! Ислом дини парҳезгорӣ буда, эътиқодмандони худро аз рафтори номатлубу зиддиинсонӣ нигоҳ медорад, сулҳпарвариро аз рисолати муҳими имонӣ медонад. Айнияти ислом ба терроризм ва экстремизм ғалати маҳз аст. Ҷавонон бояд намунаи одами муваффақро бубинанд ва ба ӯ пайравӣ намоянд. Манзурам он аст, ки воситаҳои ахбори омма барои ҷавонон идеал офаранд ва он симо боиси пайравӣ гардад.
Боиси ташвиш аст, ки ҳоло 1094 нафар ҷавони гумроҳи тоҷик дар сафҳои гурӯҳи террористии бо ном «Давлати исломии Ироқу Шом» меҷанганд. Суханони Канслери Олмон Ангела Меркел дар бораи ислом ва мусалмонон барои ҳар як мусалмон бисёр нанговар аст, вале афсӯс, ки ҳақиқат аст. «Ҳинду Чин наздик ба 2,5 млрд аҳолӣ 150 худо ва 800 ақидаи мухталиф доранду дар вазъи сулҳ зиндагӣ мекунанд. Мусалмонон як Худо, як пайғамбар ва як китоб доранд, вале хиёбонҳояшон аз хуни ҳамдигар сурх шудааст. Қотилаш мегӯяд: Аллоҳу Акбар! Мақтулаш ҳам мегӯяд: Аллоҳу Акбар! Ва куштаҳои ду тараф «шаҳид» номида мешаванд. Ин дард аст, ки мутавваҷеҳ нестем дин чист». Чӣ қадар нанговар! Аммо чӣ метавон кард, ки ҳақиқат аст. Шояд суханони хонум Меркелро хонда, ҳар як мусалмон мақоли «Муъмин бародари муъмин»-ро ба ёд биёрад.
Танҳо моҳи марти соли ҷорӣ чаҳор нафар шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми зархаридӣ ва қасди ширкат дар ҷангҳои Сурия ҳукми зиндон гирифтанд. Онҳо аз сӯи мақомоти Туркия дар марз бо Сурия дастгир шудаанд. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Ботиралӣ Ҷалоловро 7 сол аз озодӣ маҳрум намуд. Ботиралӣ ҳангоми муҳоҷират дар Федератсияи Россия тариқи шабакаи «Одноклассники» бо шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо лақаби «Абумайрам» шинос шуда, даъвати ӯро барои пайвастан ба террористони «Давлати исломӣ» пазируфт ва 13- уми октябри соли 2015 ба воситаи ҳавопаймо ба шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия парвоз кард. Аммо дар марзи Сурия аз сӯи мақомоти Туркия дастгир ва ба Тоҷикистон фиристода шуд.
Назаралӣ Сафарзода, ки дар шаҳри Санкт — Петербург тавассути ҳамватанаш А. Х. Доров ба созмони террористии «Давлати исломӣ» шомил гардида буд, 7 октябри 2015 бо ҳавопаймо ба Истанбул парвоз намуд. Назаралӣ низ вақти гузаштани сарҳади Сурия ба даст афтод ва ба Тоҷикистон баргардонида шуд. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Назаралӣ Сафарзодаро ба 7 соли зиндон маҳкум кард.
Заррина Сардорова соли 2015 ҳашт моҳ дар Сурия умр ба сар бурдааст. Дар сомонаи иҷтимоии «Одноклассники» бо ҳар ном саҳифаҳо кушода, худро «зани ҷиҳодӣ» муаррифӣ мекард. Ӯ тариқи интернет бо Маърифат ном зани узви «Давлати исломӣ» шиносоӣ пайдо намуда, бо даъвати ӯ 23 январи соли 2015 ба шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия парвоз намудааст. Ҳамроҳи Маърифат ва шавҳари вай аз сарҳад мегузарад ва дар шаҳри Дайруззори Сурия ба ҷиҳодиён ҳамроҳ мешавад. Бо супориши роҳбарияти ташкилоти террористии бо ном «Давлати исломӣ» ба ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи ҷиҳодиён машғул шуд. Ба пайвандон ва дӯстонаш паёмакҳо фиристода, онҳоро ба фаъолияти экстремистӣ даъват менамуд. Заррина Сардорова тибқи моддаҳои 307 қисми 2 ва 401-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 сол аз озодӣ маҳрум шуд.
Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани амалиёти махсус дар деҳаҳои Даҳана ва Шӯрчаи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон 12 нафарро бо иттиҳоми тарғиби ғояҳои ифротгаройии ташкилоти экстремистии «Ҷиҳодгароён» ва даъвати мардум барои барпо намудани хилофат дар Осиёи Марказӣ дастгир намуданд.
Тавре маълум шуд, роҳбари ин ҷамъият шаҳрванди Тоҷикистон, зодаи деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ёвон Алишер Каримов бо лақаби «Мулло Алӣ» будааст. Ҳамдеҳагон ва пайравонашро гирд оварда, ба ҷалби ҷавонон ба сафи муҷоҳидон машғул мешавад. Ӯ ҷавонони гумроҳро ба Ҷумҳурии Туркия мефиристод ва баъди дар он ҷо андешаву афкорашонро дигар кардан онҳоро ба Ҷумҳурии Сурия интиҳол медод. Ба воситаи интернет ба ҳаммаслакони дар Сурия будаи худ дар тамос буд. Ба ҳар як ҷалбшуда 500–600 доллар медод. Мулло Алӣ шахсан чанд маротиба гурӯҳҳои ҷавононро бо канорароҳҳои ноҳияҳои Ёвону Шӯрообод тарафи Афғонистон бурда, онҳоро ба ҷиҳодиёни афғон супоридааст. Тафтиши аъмоли Алишер Каримов давом дорад.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсидин Фатҳидинови 30 — сола ва Саймубиддинов Самовиддини 28 — сола — сокинони ноҳияи Ҷиликӯлро боздошт намуд, ки қасди тарконидани бинои Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлонро доштанд. Шамсиддин Фатҳиддинов ба дараҷае ифротӣ шудааст, ки худро бо мошини муҷаҳҳаз бо маводи тарканда дар назди бозори шаҳри Мосули Сурия тарконданӣ шуд. Бо мақсади тарконидани бинои Раёсати корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон Шамсиддин ва Савомиддин зарфҳои газдору мошин тайёр карда буданд, вале хушбахтона, ба даст афтоданд.
Дар нуқтаҳои осоиштаи ҷаҳон террористон даст ба таркишу амалҳои даҳшатовар мезананд. 27 марти соли 2016, дар боғи «Гулшани Иқбол»-и шаҳри Лоҳури Покистон маргталабе худро тарконд. Ин таркиш 72 қурбонӣ ва зиёда аз 300 захмӣ боқӣ гузошт.
Равандҳои сиёсӣ собит менамоянд, ки гурӯҳи сеюм танҳо ба хотири ба вуҷуд овардани вазъи буҳронӣ яке аз тарафҳои даргирро дастгирӣ намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаро ба самти барои худашон ва бо ин мақсадҳои нопоки худро пиёда мегардонанд. Аз рӯи мақоли «тафриқа андозу ҳукмронӣ намо» амал намуда, давлатҳои бутунро ба пораҳо тақсим менамоянд, ҷалб месозад. Дар Ироқ вақти сари қудрат будани Саддом Ҳусейн таълим ва табобат ройгон буду суботи ҷамъият пойдор, аммо манфиати баъзе аз давлатҳои худком ин кишварро ба бесуботию хунрезӣ мувоҷеҳ гардонид.
Имрӯз Ҷумҳурии Ироқ як давлати ноамн, гирифтори таркишҳою макони гурӯҳҳои террористӣ гардидааст, аммо аз яроқи қатли оми он дараке нест. Имрӯз Ироқ се пора аст. Дар шимолу шарқ гурӯҳи террористии ДИИШ хилофати худро бунёд кардааст. Минтақаҳои курднишин талоши истиқлолиятро доранд. Пораи дигар минтақаҳои зери назорати артиши ҳукуматии Ироқ қарор дорад.
16 декабри соли 2014 аъзои ҳаракати Толибони Покистон иборат аз нуҳ нафар ба мактаби кӯдакону наврасон, воқеъ дар шаҳри Пешовар ҳамла намуда, 132 кӯдак ва нуҳ омӯзгорро ваҳшиёна ба қатл расониданд. Дар ин миён писари 9-сола низ буд. Навоз Шариф, сарвазири Покистон баъди ин ҳодиса ҳукми қатлро барои террористон, ки қаблан манъ шуда буд, дубора ҷорӣ кард. Дар Ҷумҳурии Ироқ 150 духтару зан (қисме занони ҳомила) ва кӯдакон аз тарафи ДИИШ қатл шуданд. Сабаб он буд, онҳо аз ҳамхобагӣ бо ҷангиёни ДИИШ сар печиданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои якпорчагии кишвар, Ваҳдати миллӣ ҷон ба каф гирифта, Тоҷикистонро ба як давлати воҳид, марзи сулҳу субот табдил дод. Мухолифинро ба Ватан баргардонид, ба сохторҳои идории давлатӣ шомил намуд ва бо ин суботи ҷамъиятию сиёсии Тоҷикистонро таъмин кард. Аммо дар байни онҳо кӯрнамакҳо низ буданд. Баъди соли 1997 то имрӯз силоҳбадастони мухолифини тоҷик на як бору ду бор хиёнатро нисбати миллату давлати худ раво диданд. Инҳо: Мирзо Зиёев (Тавилдара), Алии Бедакӣ, Мулло Абдулло (Рашт), Абдуҳалим Назаров (Ҳоҷӣ Ҳалим қасди табаддулоти давлатӣ дошт) ва дигарҳо буданд. Ҳамаи ин магар терроризм нест? Бешубҳа, терроризм аст. Терроризмест, ки дар ҳар як давлат бо башараи хоси худ, вале мазмунан ҳама ҷо яксон пайдо мешавад.