Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор ва тарсу ваҳм амалӣ созанд

 Дар Тоҷикистон чун дар бисёр кишварҳои дигар барои ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, мардумро бовар кунониданиянд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост ва ин роҳу воситаро истифода бурда, мехоҳанд дини  мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Барои пешгирии зуҳури ҳама гуна падидаҳои терроризму экстреризм, хариду фурўши одамон ва коррупсия мо аз тамоми имконот истифода мебарем. Ин кор аз ҷониби давлат амалӣ карда мешавад, аз ҷумла тавассути таълиму тарбияи дурусти қонуну қоидаҳои ислом, ки барои ин ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.

Дар давоми даҳсолаҳои охир ва махсусан дар нимаи дуюми асри XX терроризм ва экстремизм мавриди таваҷҷӯҳи ҳаматарафаи олимон ва сиёсатмадорон қарор гирифт, хусусан аз ҷониби коршиносони мамлакатҳои Ғарб омӯзиши ин зуҳуроти номатлуб дар мадди аввал гузошта шуд. Умуман,  маҳфуми терроризм ва экстремизм бисёр васеъ аст ва дар рисолаҳои илмии таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон шумораи он қариб ба 100 мерасад.

Шояд суоле ба миён биёяд, ки барои чӣ ба омӯзиши ин масъала маҳз дар ҳамин давра таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд, ҳол он, ки таърих исбот мекунад, ки дар ҳама давру замони форматсияҳои ҷамъиятӣ содиршавии терроризм ва экстремизм буд. Чунки  танҳо дар нимаи дуюми асри ХХ дар қатори дигар проблемаҳо терроризм ва экстремизм ба проблемаи глобалии ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Омӯзиши ин самт дар корҳои зиёди илмии таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон баррасӣ карда шудааст ва проблемаи мазкур онро тақозо мекунад, ки  ин самт бояд ба таври васеъ ва ҳаматарафа омӯхта шуда, сабабу омилҳо ва чораҳои пешгирикунандаи терроризм ва экстремизм муайян карда шавад. Зеро, ки ин зуҳурот намуди ҷинояти махсусан вазнин буда, имрӯзҳо ҷаҳонро ба таҳлука андохтааст.

Тибқи  илми этимология  ибораи терроризм аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш «тарс», «таҳлука», «воҳима» буда он аз ҷониби ташкилотҳо,гурӯҳҳо ва ё шахсони алоҳида барои ба ҳадафҳояшон расидан  амалӣ карда мешавад.

Ифротгароӣ ё экстремизми дунявӣ намудҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва мафкуравӣ дорад ва ифротгароии динӣ дар доираи ҳамаи динҳо (ислом, насронӣ, масеҳӣ, буддоӣ ва ғ.) мавҷуд аст.  Қайд намудан ба маврид аст, ки экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоеанд, ки дар дунёи имрўза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Равнақу ривоҷи экстремизм дар ниҳояти кор ба терроризм меорад.

Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор ва тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедию даҳшат афкандан аст.

Дар тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳи мақсадҳои он чунин омадааст: “Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткорон дар маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ мебошад, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидаи обрў ва манзалати мақомоти давлатист”.

Азимова З. А.,

ассистенти  кафедраи молия ва қарз

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *