ТЕРРОРИСТ МАРДУДИ ВАТАН АСТ!

Дар баробари ба даст овардани Истиқлолияти сиёсӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)- собиқ ҷумҳуриҳои Шуравӣ, бо баробари Тоҷикистон, инчунин. Ӯзбекистону Қирғизистон ва Қазоқистон низ нисбатан бештар хусусияти динӣ касб кардаанд. Воқеан, ҳаёти кишварҳои мусулмонӣ имрӯз собит менамояд, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар минтақа ва дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ як мушкилоти сарбаста шудааст. Пайванд кардани фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо бо ислом масъаларо боз ҳам мураккабтар мегардонад. Падидаҳои манфӣ бо ҳам робитаҳои сабабӣ доранд, чунки тундгароӣ омили пайдоиши ифротгароӣ буда, дар навбати худ сабаби пайдоиши тазоҳуроти террористӣ мебошад. Имрӯз ҳамаи мо тариқи моҳвораву шабакаҳои интернетӣ ва дигар васоити ахбори омма огоҳ ҳастем ва дида истодем, ки дар ҷаҳони ислом вазъият чӣ гуна ноорому мудҳиш аст. Аз таҳлили фазои иттилоотӣ метавон ба хулосае омад, ки дар даҳсолаҳои охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротӣ ва тундгароёна на танҳо дар кишвар, балки дар тамоми дунё нисбатан зиёд гаштааст. Мутаассифона, ин раванд барои амнияти кишвар ва минтақа хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад. Хатари аслии ин падида дар он аст, ки имрӯз баъзе аз ҷавонони мо таҳти таъсири таблиғоти доираҳои муайяне, ки дар минтақа қарор доранд ва мақсади асосиашон ноором сохтани вазъи сиёсии минтақа мебошад, мондаанд. Онҳо ба василаи истифода аз дин ва эътиқодоти динӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ва паҳн кардани тундгароӣ дар ҷомеаи суннатии кишвар ва инкори арзишҳои дунявӣ амал менамоянд. Махсусан воқеияти инро мо бештар дар амалҳои даҳшатангези террористӣ дар кишварҳои Ироқ, Сурия, Афғонистон, ҳатто кишварҳои Аврупо мушоҳида менамоем. Вале пайванд хӯрдани фаъолияти ҳаракатҳои террористӣ бо сиёсат имрӯз дар кишварҳои Миср, Ироқ, Сурия ва Лубнон таҷрибаи амалии худро пайдо намуда, ҳадаф на террори ин ё он шахс, балки аз байн бурдани низоми сиёсӣ ва давлатдорӣ мебошад. Бахусус фазое, ки кишварҳои ИДМ ва давлатҳои ба он ҳамсоя бояд дар иттиҳод қарор бигиранд. Воқеан амалкарди созмонҳои амниятӣ дар фазои кишварҳои пасошӯравӣ дар самти амнияти минтақа ва мубориза бо ин гурӯҳҳои терорристӣ дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ сурат мегирад. Бо баробари ин махсусан ин нуктаро қайд кардабамаврид аст, ки масъалаи «мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ» ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад.

 Аз расонаҳои интернатӣ ҳамагон огаҳ ҳастанд, ки аз ҷониби сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ Пешвои Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев, андешаҳои ҳақиқатпарвари хешро нисбати хиёнаткорони ватан, ки дар Сурияву Ироқ амалҳои террористи кардаанд, махсусан қайд кард, ки ин ашхосонро хеҷ гоҳ намебахшад ва ба диёр омадани онро қатъиян манъ кард. Бо ибораи дигар гуем мардуди(оқи) ватан кард. Аз чунин андешаварзӣ, фикри сареҳу равшан сиёсатмадори варзида истиқболи ҳамаҷониба намуда, тақозои онро дорем, ки анҷуману созмонҳои хориҷӣ ва ифротгаро, ба мисоли Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ) аз муҳити сиёсиву фарҳангии Тоҷикистон пок карда шавад.

 Бигзор, тамоми кишварҳои дунё ба мисли Нурсултон Назарбоев барин шахси бузург , чунин раъю фикр ва андешаи солим дошта бошанд! Ин аст худшиносиву худогоҳии милливу сиёсӣ !

Мо итминон дорем, ки бо дарки дурусти масъалаҳои матраҳшуда тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон минбаъд низ вазифаи муқаддаси худро ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона иҷро намуда, ҳамаи саъю талош ва ҳиммату ғайрати худро барои ободии Тоҷикистони азизамон сафарбар хоҳанд кард.

Ф. Мамадҷонов, устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *