Таъсиси намояндагии факултаи иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ дар маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”

Раёсати ДИС ДДТТ баҳри вусъат ёфтани ҳамкориҳо бо кордиҳандагон кӯшишу ғайрати зиёд ба харҷ медиҳад.

Баҳри амалӣ гардонидани дастуру супоришоти директори донишкада н.и.и. Олимӣ Р.Л. оид ба пайвастани  илм ва истеҳсолот, тақвият бахшидани ҳамкориҳои судманд бо ташкилоту корхонаҳо бо ташаббуси муовини директор оид ба илм ва инноватсия н.и.и. Мирпочоев Д.А. дар бинои маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” (минбаъд –МОИ “Суғд”) мизи мудаввар оид ба мавзӯи “Саҳми МОИ “Суғд” дар пешбурди иқтисодиёти кишвар” баргузор гардид.

Мизи мудавварро бо сухани ифтитоҳӣ роҳбари маъмурияти МОИ “Суғд” Олимзода Фирдавс оғоз намуда, қайд кард, ки ҳамкориҳои судманд бо олимони донишкада ва пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотии муштарак барои коркарди Барномаи рушди МОИ “Суғд” аҳамияти калон доранд ва шахсан ӯ барои вусъат додани ҳамкориҳои бо ДИС ДДТТ хеле ҳавасманд мебошад.

Сипас, муовини директор оид ба илм ва инноватсия н.и.и. Мирпочоев Д. миннатдории директори ДИС ДДТТ н.и.и. Олими Р.Л. ба кормандони МОИ “Суғд” ва шахсан ба роҳбари он Олимзода Фирдавс баён намуд. Зимни баромади худ мавсуф қайд кард, ки раёсати ДИС ДДТТ баҳри корбарии муштарак дар ҷодаи тадқиқотҳои илмӣ, ташкили мизҳои мудаввар, форумҳо ва конфронсҳо бо маъмурияти МОИ “Суғд” ҳамеша омода аст.

Дар мизи мудаввар декани факултаи иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ н.и.и. Ёқубова Н., муовини декан оид ба илми ҳамин факулта, муаллимаи калон Бузурукова С., мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон, н.и.и. Муҳитдинова Ш.С. ва устодони ҳамин кафедра: Шораҷабова Ш., Азизова Ш., Кӯчқоров И., Абдуллоева М.,Бадурашвили К. ширкат варзиданд.

Дар рафти мизи мудаввар муаллимаи кафедари иқтисодиёти ҷаҳон Абдуллоева М. оид ба мавзӯи “Нақши МОИ “Суғд” дар рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақа (дар мисоли вилояти “Суғд”), докторанти PHD курси 1 Ҳакимова Мавсумахон доир ба мавзӯи “Свободная экономическая зона как инструмент стимулирования экономической активности региона” баромад намуданд. Дар рафти мизи мудаввар устодон ва роҳбари маъмурияти МОИ “Суғд” оид ба мавзӯи маърӯзаҳои ироашуда баҳсҳои илмӣ баргузор карда, доир ба муаммоҳои рушди МОИ “Суғд” ва роҳҳои ҳалли он фикру ақидаҳои худро баён намуданд.

Дар фарҷоми мизи мудаввар шартнома оиди таъсиси намояндагии факултаи иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ дар маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” байни маъмурияти МОИ “Суғд” ва ДИС ДДТТ ба имзо расид, ки минбаъд муносибатҳои ҳамкориии тарафайнро ба расмият дароварда, барои ҳамкориҳо оид ба ташкили таҷрибаомӯзии донишҷӯён, магистрантҳо шароити мусоид фароҳам оварда, барои корҳои илмӣ-тадқиқотии муштарак, ташкили чорабиниҳои илмӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меоварад.

Нуъмон Раҷабзода

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *