ТАЪСИСИ МАРКАЗИ ЯГОНАИ ИТТИЛООТӢ ТАЛАБОТИ ЗАМОНИ МУОСИР АСТ!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳуҷҷати раҳнамунсоз – Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  санаи 23 декабри соли 2022 ироа намуданд, воқеан ҳуҷҷати таҳлилию стратегиест, ки дар он дастовардҳои  миллӣ дар  замони  соҳибистиқлолӣ мавриди таҳлилу  баррасӣ қарор ёфтааст. Дар Паём  бо  диди хеле амиқ таҳлили вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ,  ҳаёти ҷомеа ва самти инкишофи он барои солҳои минбаъда ҷой дода шудааст.  Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»  ибрози ақида намуда, қайд намуданд, ки: «Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Дар робита ба ин, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст, ки  Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад». Ибтикори навбатии Пешвои муаззами миллат талаботи замони муосир аст. Воқеан ҳолати имрӯза, дурнамои  инкишофи  ҷомеаи  иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурияти   таъсис додани  чунин   Маркази ягонаи иттилоотиро тақозо  менамояд. Бояд тазаккур дод, ки  таъмини амнияти иттилоотӣ дар таҳкими  амнияти миллии давлат нақши  муҳим дошта,  бешубҳа ба  инкишофи минбаъдаи кишварамон алоқамандии зич дорад. Ба ибораи  дигар, иттилоотикунонӣ на  танҳо  рушду инкишофи тамаддунро метезонад, балки  таҳдидҳои нави  миллӣ, минтақавӣ ва  амнияти   глобалиро  ба миён  оварда метавонад. Зимни ироаи Паёми хеш навбатӣ  зикр намуданд, ки «Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ  ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд. Ҳамчунин роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифадор карда мешаванд, ки риояи интизоми ҳарбӣ, низоми тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо, идоракунии ҷузъу томҳои ҳарбӣ, огоҳсозӣ ва робитаи байниҳамдигариро доир ба вазъи фаврӣ пайваста такмил дода, ба масъалаи ҳифзи амнияти инфрасохтори низомӣ бисёр ҷиддӣ муносибат намоянд».

Баробари ин бояд қайд кард, ки мутаассифона, истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар баъзе ҳолатҳо боиси он мегардад, ки роҳҳои воридшавии идеологияи  экстремистиро  ба шуури ҷомеа то дараҷае наздик намуда, бештари  мардум технологияи сиёсиро  носанҷидаву нодида  қабул менамоянд. Дар ин ҷо назарияи «тӯда»-и одамон хусусиятҳои худро роҳандозӣ намуда, лидерҳои зерипардагӣ, ҷавонони зархарид омодагӣ дида, ғояҳои  интернетиро ташвиқ намуда, амнияти иттилоотии мамлакатро   халалдор менамоянд. Таҷрибаи  таърихӣ  нишон медиҳад, ки терроризм  барои ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳои  миллӣ, манфиатҳои ҳаётан  муҳим ягон алоқамандӣ ва ё  умумияте  надорад. Дар бисёр ҳолатҳо террористони  ифротии динӣ ё миллатгаро манфиатҳои  худро ҳимоя карданӣ шуда, андеша ва хоҳиши қисми зиёди мардумро ба инобат намегиранд, вале  худро  чунон вонамуд менамоянд, ки  гӯё барои истиқлолият, озодӣ ва баробарҳуқуқии мардум   мубориза мебурда бошанд. Аз ин рӯ, дар назди олимону  пажӯҳишгарон яке аз талаботҳои таҳқиқоти амнияти иттилоотӣ ин ошкор намудани таъсири  терроризму экстремизм ба ҳодисаҳои рӯзмарра мебошад. Масъалаи асосӣ  ин  боло бардоштани ҷаҳонбинӣ ва тафаккури илмии ҷавонон мебошад. Вақти он расидааст, ки ҳар як ҷавон ба ҳодисаҳои ҳаёти худ на аз мавқеи дин ва хурофоти динию асотирӣ, балки аз нуқтаи назари илмӣ, вобаста ба дастовардҳои илм ва донишҳои илмӣ муносибат ва баҳогузорӣ намояд. Бояд ба  ҷавонон технологияи нави иттилоотӣ, амнияти зеҳнӣ, амнияти иттилоотӣ, тарзи дуруст ва фарҳанги истифода шудани технологияи коммуникатсионӣ, махсусан, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ  омӯзонида шавад. Барои пешгирии фирори зеҳнҳо аз Тоҷикистон, нигоҳ доштани кадрҳои миллии болаёқат дар мамлакат ва ҳавасмандии моддию маънавии онҳо тадбирҳои саривақтӣ андешида шавад.

Ҳамин тавр, дар Паёми Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамаи  ҷабҳаҳои ҳаёти  ҷомеаи тоҷикистонӣ  таҳлил ёфта, муҳимияти масъалагузорӣ  ва пешниҳодоти  он  дар бораи вазъи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани  ҳолати  ҳифзи манфиатҳои миллӣ  аз таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолии дохилию хориҷии иттилоотӣ асоснок карда шудааст, ки ҳамаи ин, бешубҳа,  баёнгари  сиёсати  сулҳпарваронаи кишвари мо маҳсуб меёбад.

К. Калонов ,

сармутахассис оид ба

сомонаи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *