ТАШАББУСИ ВАТАНДӮСТИВУ МЕҲАНПАРВАРӢ ЗОҲИР МЕНАМОЕМ!

(Изҳороти дастаҷамъонаи ҷавонони ДИС ДДТТ)

 

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 23 декабри соли 2022 ироа намуданд, аз сокинони кишвар даъват ба амал оварданд, ки бояд ватандӯсту ватанпараст бошанд ва ҳаргиз фаромӯш насозанд, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошанд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавононро дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ, дӯст доштани Ватан, тарбияи шахсияти сатҳи баланди ахлоқӣ, дорои эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор вазифаи аввалиндараҷаи давлат, ҷомеа ва оила ҳисобида, тавассути таълифоту суханрониҳо ва паёмҳои ҳамасола ҷомеаи мадании кишварро пайваста дар ин бора роҳнамоӣ ва ҳидоят менамоянд. Баробари ин, бояд қайд кард, ки заминаи асосии ҳуқуқии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар кишвар фароҳам оварда шудааст. Масалан қабули Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006, «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва инак, қабули ду санади муҳимму стратегии дигар дар ин самт дар соли 2022 – «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон тадбирҳои саривақтиву судманд ва дархури ниёзҳои ҷомеаи кишвар маҳсуб меёбанд. Воқеан тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон рукни асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакатро ташкил менамояд. Вобаста ба ин, бевосита дар моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати тақвияти ҳимоя ва ҳифзи Ватан, арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои давлату ҷомеа муқаррарот пешбинӣ гардидааст. Қобили тазаккур аст, ки таҳкими раванди тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии сиёсии кишвар қарор дошта, Пешвои миллат дар ҳар як суханронӣ ва паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаи мазкур ибрози назар менамоянд. Маҳз таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии сиёсии кишвар аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ, дар ин самт як қатор санадҳои қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шуда, дар ин самт корҳо алҳол идома доранд.

Чунончӣ иқдомоти навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 24 декабри соли 2022 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» имзо гузоштанд. Қонуни мазкур барои тарбияи шаҳрвандон дар роҳи хизмати софдилонаву фидокорона ба Ватан, ифтихор аз ниёгон, арҷгузорӣ ба рамзҳои миллӣ ва ҷаҳду талошҳо баҳри фардои боз ҳам ободу дурахшони кишвар ва некуаҳволии рӯзафзуни халқ таҳия ва қабул шудааст. Боиси таваҷҷуҳи хос аст, ки дар қонун тарбияи на танҳо наврасону ҷавонон, балки кулли шаҳрвандони ҷумҳурӣ, новобаста аз синну сол, касбу кор, мансабу вазифа, мансубияти қавмию динӣ, категорияи иҷтимоӣ, мавриди назар буда, аз ҳамаи шаҳрвандони кишвар тақозо мешавад, ки бо асосгирии меъёрҳои қонуни мазкур, дар иҷрои рисолати шаҳрвандӣ, қарзи фарзандӣ, масъулияти ватандории хеш ташаббусу фаъолияти судманд зоҳир намоянд. Дар баробари ин, табиист, ки Тоҷикистон кишвари ҷавонон буда,  қишри мазкур меросбари ин марзу бум ба ҳисоб меравад. Андешидани тадбирҳои судманд, таҳкими заминаҳои меъёрию ҳуқуқии тарбияи ватандӯстӣ, фароҳамсозии шароити хуби иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангӣ баҳри таҳсилу илмомӯзӣ, касбандӯзӣ, тахассусмандиву ташаккули ҳисси баланди шаҳрвандиву ватандорӣ ва соҳибдавлативу фарҳангсолорӣ дар онҳо кафолати бақои давлат ва сарафрозии мардум мебошад. Аз ин рӯ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавононро дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ, дӯст доштани Ватан, тарбияи шахсияти сатҳи баланди ахлоқӣ, дорои эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор вазифаи аввалиндараҷаи давлат, ҷомеа ва оила ҳисобида, тавассути таълифоту суханрониҳо ва паёмҳои ҳамасола ҷомеаи мадании кишварро пайваста дар ин бора роҳнамоӣ ва ҳидоят менамоянд. Ҳамин тавр, дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар сатҳи қонуну барномаҳо таҷассум ёфтани мафҳуми тарбияи ватандӯстӣ барои тақвияти масъулиятшиносии ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан, тавсеаи мавзуи хештаншиносӣ дар ҷомеа ва ташаккулёбии насли навраси солиму меҳандӯст заминаҳои марбутаи ҳуқуқиро фароҳам овардааст. Ҷараёни татбиқи барномаҳои вусъатдори давлатӣ оид ба ватандӯстӣ собит месозад, ки бояд дар ин ҷода усулҳои нави кор бо насли ҷавон ва тадбирҳои самарабахш таҳия ва амалӣ карда шаванд. Барои он, ки дар ниҳоди насли ҷавону навраси кишвар эҳсоси ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихор аз давлатдории миллии хеш маскан гирад, онҳо қабл аз ҳама бояд аз забон, таьрих ва фарҳанги пурѓановату арзишмандамон огоҳии бештаре дошта бошанд. Бо ин назардошт, чунин муносибатҳо бевосита дар сатҳи санадҳои қонунгузорӣ ва барномавӣ давра ба давра муайян, муқаррар ва раванди мазкур ҷоннок карда шудааст. Бо дарназрдошти масоили матраҳгардида метавон хулосабарорӣ кард, ки тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар давлатҳои соҳибистиқлоли миллӣ, ба монанди Ватани азизу маҳбуби мо – кишвари ормонии ҳазорсолаи ниёи ватандӯсту озодихоҳ, бо дарназардошти вазъи сиёсии бисёр мураккаб ва ҳассоси минтақа ва ҷаҳон, чолишҳои пайваста ва аксаран, пешгӯинашавандаи раванди ҷаҳонишавӣ, бо фарогирии мафҳумҳои «тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ», «тарбияи шаҳрвандӣ-ватандӯстӣ», «тарбияи меҳнатдӯстӣ», «тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ» шарти асосии таъмини истиқлолу озодӣ, сулҳу субот, якпорчагиву тамомияти арзӣ, амнияти комили давлат, таҳрики соҳаҳои иқтисодиёт, таъмини рушди устувор, татбиқи механизмҳои «иқтисоди сабз» ва дар маҷмуъ, бақои давлату давлатдории миллист.

Мутмаинем, бо татбиқи самараноки санадҳои муҳимми давлатдорӣ, бо тарбия ва парвариши насли ҳаматарафа обутобёфтаву баркамол, бо афкори солиму созанда, соҳибони ғояҳои ватандӯстиву соҳибдавлатӣ, фарзандони шоистаи замон, нухбагони касбу кори гуногун, меросбарони бошарафи сарзамини фарзонагон, пояҳои истиқлолу ваҳдати миллӣ, амнияту суботи сартосарӣ устувор монда, масоили ҷойдоштаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ марҳила ба марҳила бартараф, ҳадафҳову нақшаҳои стратегӣ ҳосил ва Тоҷикистони маҳбуби мо дар қатори давлатҳои мутараққии ҷаҳон зевари харитаи сиёсии олам хоҳад буд.Дар фарҷоми андешаи хеш, бо суханони самимии ояндааафрӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни Паёми навбатиашон зикр намудан, ҳусни интиҳо мебахшем: «Бовар дорам, ки мардуми шарифу сарбаланд, ватандӯсту ватанпарвар ва қавииродаву заҳматдӯсти мо аз уҳдаи иҷрои ҳама гуна амалҳои нек ва бартараф намудани тамоми мушкилот мебароянд, Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардонанд ва барои зиндагии аз имрӯза беҳтар шароит фароҳам меоваранд».

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *