
Муовини раиси вилояти Суғд, Исмоилзода Зуфар Муртазохон, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Мирзоғуфрон Ғафуров ва муовини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд бо мақсади шиносоӣ бо сатҳу сифати омодагии муҳити варзишӣ ба Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ташриф оварданд. Дар доираи боздид, меҳмонон аз майдончаи варзишӣ ва дигар инфрасохтори варзишии Донишкада дидан намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот бо роҳбарият муовини раиси вилояти Суғд ба масъалаҳои рушди варзиш дар Донишкада, баланд бардоштани сатҳи сифат ва таъсирбахшии дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ, инчунин дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон, махсусан онҳое, ки дар риштаҳои гуногуни варзиш ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Ҳамзамон, ҷиҳати беҳтар намудани шароити таълимӣ ва мусоидат ба омода намудани мутахассисони варзишӣ бо таҷрибаи амалии муосир, муовини раиси вилоят дастуру тавсияҳои мушаххас ва маслиҳатҳои судманд пешниҳод кард.


Қайд карда шуд, ки овезаҳои тарғибкунандаи варзишӣ ва тарзи ҳаёти солим насб карда шуда, ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷавонон ва варзиш, Президенти Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди фаъолияти варзишӣ, ташкили мусобиқаҳои вилоятӣ ва байналмилалӣ, ҳамчунин баланд бардоштани саломатии ҷавонон ва таҳкими ҳисси ватандорӣ дар миёни донишҷӯён тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

