ИҒВОГАРИ БАДХОҲИ ФИРОРӢ

Мушоҳидаву таҳлилҳои солҳои охир собит менамоянд, ки дар ҷомеаи имруза бархе ҷавонони роҳгумзада, ниҳоят фирорӣ ватангадо гардида, асосан тавассути шабакаҳои иљтимої дар барномаи ифротиашон баромад намуданашон ба назар мерасад. Дар иртибот ба ин, бояд қайд кард, яке аз аъзои фаъоли ҳаракати сиёсӣ бо номи “Гуруҳи 24”, ки фаъолияташ дар кишвар мамнуъ аст, имрӯз бо пуштибонии хоҷагони хориҷӣ, дар яке аз дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфта, бо ҳар роҳу восита кӯшиш карда истодаанд, ки кишвари моро ноором созанд. Чунончи, яке аз аъзои фаъоли Гурӯҳи 24 афрод бо номи Беҳруз, ки лақабаш “Салмон” мебошад, тавассути канали YouTube дар барномаи “Садои мардум”баромади ифротӣ менамояд. Ин иғвогари бадхоҳ, аз зумраи бадхоҳони миллатанд, ки аз шукуфоии Тоҷикистони имрӯза дар таҳлука афтода, ба ғайр аз тӯҳмату ғайбат дигар коре надорад.

Дар интиҳои андешаи хеш, хулосабарорӣ намуда,бояд қайд кард,ки баромадҳои Беҳрӯз Тағойзода, умуман баромадҳои раҳбарияту ҳаммаслакони Гурӯҳи 24 ба туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса ва бадном кардани ходимони сиёсиву давлатӣ даст зада, тудаи фейкҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоии интернет парса мезананду гӯё «адолату ҳақиқат»-ро ба мардуми тоҷик мефаҳмонида бошанд ва бо истифода аз номи халқ, шаҳр ва ё ким-кадом ниҳодҳои ормониашон иғвову буҳтонҳо мебофанд. Яъне, ду-се фирориву хоине, ки дар дунёи маҷозии интернет миллати тоҷикро аз номи миллати тоҷик бадном мекунанд. Аз ин лиҳоз, аз ҳар як инсони ватандор, муҳоҷиру мусофир даъват ба амал меорем, ки аз тамошо ва ҳамроҳ шудан ба ин гурӯҳҳои мамнуъшуда худдорӣ намоянд ва ҳаёти худро зери хатар нагузорад. Ҷавонон бояд шабакаҳои иҷтимоиро фақат ҷиҳатҳои мусбиашро истифода баранд, барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ, барои истифодаи китобхонаҳои электронӣ, ҳамчун шабакаи иттилоотӣ ва ғайраҳо истифода баранд.

М.АХМЕДОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *