Аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва роҳбари фирории он М.Кабирӣ тайи даҳсоли охир ҳамеша бар пояи тарҳи озору гилоя ва шикваю шикоятдомони интиқоди муғризона барзада,кӯшишҳои бенатиҷаи худро ҷиҳати ҷалби таваҷҷӯҳ ба ҳизби наҳзат ва таъсиси «хилофат» идома медиҳад. Таҳлилҳо собит менамояд, ки фаъолияти ташкилоти террористӣ, иғвоангез ва хиёнаткор ҲНИ бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, боз ба оромиву суботи кишвар халал ворид созанд. Дар ин роҳ онҳо аз ягон амали ҷинояткорона даст намекашанд. Чунончӣ дар асоси маълумоти расонаҳои хабарӣ танҳо дар соли 2020 аз ҷониби сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1091 ҷиноятҳои хусусиятҳои террористӣ-эксремистидошта ошкор ва беш аз 271 нафар аъзо ва тарафдорони равияву гурӯҳҳо дастгир шуданд. Аз ин шумора“Ҳизби наҳзати ислом”- 17 нафар ,”Бародарони мусулмон”-148, “Давлати исломӣ”-39,”Гуруҳи 24”-8, “Ал –Қоида”-3 нафар дастгир шуданд”. Қайд кардан зарур аст,ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти навбатии хеш бо ҷавонони мамлакат, ки он 23 майи соли ҷорӣ баргузор гардид,вобаста ба ин гуна ҳолат изҳори нигаронӣ намуда, зикр карданд: Бо таъсири шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ баъзе аз ҷавонони сустиродаву ноогоҳи мо ба доми гурӯҳҳои манфиатҷӯ афтида, ба миллату Ватани худ хиёнат мекунанд, ба обрӯи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ иснод меоваранд, падару модарон ва наздиконашонро дар байни ҷомеа шармсор месозанд. Бахусус, дар шароити имрӯза, ки талоши тамоми қувваҳои иртиҷоиву ифротӣ барои таъсиррасонӣ ба мафкураи ҷавонон ва моил сохтану истифодаи қувваи бузурги онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои муғризонаи худ равона шудааст, ҷавонони мо бояд бисёр ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва манфиатҳои милливу давлатиро ҳатто як лаҳза ҳам фаромӯш накунанд.
Тибқи маълумот танҳо дар соли 2020 аз ҷониби ҷавонон ё бо иштироки онҳо беш аз 4900 ҷиноят содир шудааст, ки қисми зиёди онро ҷавонони бекор содир намудаанд. Вақтҳои охир нисбат ба 1660 нафар шаҳрвандони то 30 – сола, ки 41 нафари онҳо ноболиғ мебошанд, барои иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди кишварҳои хориҷӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд. Ҳамчунин, масъалаи даст ба ҷиноят задани ноболиғон низ нигаронкунанда мебошад, зеро шумораи зиёди ҷиноятҳо аз ҷониби хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ содир карда мешавад. Бо баробри ин Пешвои маҳбуби кишвар муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон зимни баромадашон қайд карданд, ки дар панҷ соли охир аз ҷониби ноболиғон ё бо иштироки онҳо 4437 ҷиноят содир гардидааст. Ҳарчанд ки шумораи ҷиноятҳои дар соли 2020 содиршуда нисбат ба соли 2019 қариб 16 фоиз кам шудааст, вале 754 ҳолати ҷинояти аз ҷониби ноболиғон содиршуда ҳанӯз ҳам ташвишовар мебошад.
Аз ин лиҳоз, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои навбатии Пешвои маҳбуби кишвар, ҷавонони даврони соҳибистиқлол, ба худ хулосаи зарурӣ бароварда, бояд дар такя бо сиёсати созандаву маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар, ҷиҳати мубориза алайҳи терроризму экстремизм мавқеи оштинопазир доранд, амал карда, ваҳдату ягонагии сартосариро муҳофизат кунанд. Бо баробари ин дар интиҳои мақолаи хеш иброз медорем, ки дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа мо дониста шуда, ба хотири ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, тахкими амну суботи сиёсии кишвар ва рушди рузафзуни он моро зарур аст, ки ҷиҳати роҳ надодан ва бартараф кардани тамоми омилҳои низоангез имрӯз саъю талош варзидан талаботи замон аст.
Мамадчонова М. ассисент