Ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳем!

Дар рӯзҳое,ки мардуми кишвар бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи сиёсӣ , дастовардҳои арзандаи иқтисодӣ , ҷашни 30 –умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешвоз мегирад, вазъи ороми кишварро ноором кардани душманони миллати мо ҳодисаи мудҳише аст , ин хабар дили   мардуми моро реш – реш кард ва ба хоинони миллат нафрати моро дучанд намуд . Мо хуб медонем ,  ки мардуми шарафманди тоҷик таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар бунёди давлати миллии тоҷик , барқарории ҳокимяти сиёсии давлатӣ ва истиқлолият , пешгирии хатари нобудшавии миллат, хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ ва барқарорсозии сохтори фалаҷгардидаи ҳокимят корҳои хеле бузургро ба анҷом расонида дар арсаи ҷаҳон бо ташаббусҳои неки созанда қадамҳои устувор мегузорад . Имрӯзҳо андеша, мафкура, ғояи мардуми кишвар ба ягонагӣ , сулҳу субот , созандагию бунёдкориҳо, тарғиби анъанаҳои неки аҷдодӣ , таърихиу фарҳанг нигаронида шудааст, мардум неку бадро аз ҳам фарқ карда метавонад . Мутаасифона , душманони дохилӣ ва беруна ин ҳамаро нодида гирифта бо суханони беҷо ва ватанфурӯшона сару садоҳо баланд мекунанд ва бо ин васила ба вазъи сиёсии кишвар монеа эҷод мекунанд. Моён аҳли зиё  ҳамеша  тарафдори ягонгӣ, сулҳу осоиштагии кишвари азизамон ҳастем.

Бо таъбири Пешвои муаззами миллат ҳамаи мардуми кишварро даъват менамоем , дар раванди ҷаҳонишавии ҷомеа бархӯрди тамаддунҳо , хатарҳои динию экстремистӣ ва террористӣ аз як геребон сар барорем ва озодию истиқлолияти ин Ватани азизамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Ҳушёрию зиракии сиёсиро ҳеҷ гоҳ аз даст надиҳем.

 

 

 

Ассистенти кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ Аюбова Дилрабо .

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *