Тантанаҳои ҷашни Наврӯзи Аҷам дар ДИС ДДТТ

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бахшида ба ҷашни Наврўзи Аҷам чорабинии идона баргузор гардид. Дар оғоз директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан аҳли ҷомеаи меҳнатӣ, устодону донишҷўён ва кормандонро ба ҷашни фархундаи Наврўз табрику таҳният гуфта, аз таҷлили байналмилалии иди Наврўз, суннатҳои ин иди аҷдодӣ, ҳафт сину ҳафт шин ёдовар гардид.

IMG_9552
IMG_9575
IMG_9624
???-?????-1
IMG_9239
IMG_9327
IMG_9335
IMG_9350
IMG_9393
IMG_9457
IMG_9467
IMG_9470
IMG_9509
IMG_9543
previous arrow
next arrow

Баъдан намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзоғуфрон Ғафуров паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси Милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзодаро бахшида ба ҷашни Наврўзи Аҷам ба самъи ҳозирин расонид. Ҳамчунин намояндагони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар чорабинии наврўзии донишкада ширкат варзида, барои фаъолияти пурсамар ба устодони донишкада сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Барномаи фарҳангии донишҷўён бо садо додани карнаю сурнай ва рақсҳои дилошуб шуруъ гардид. Ба саҳна баҳор, марди деҳқон ворид гардид, бо ҳунарнамоиҳои ҷолиби худ хотири иштирокчиёни чорабиниро болида гардониданд. Сурудҳои дилнишин дар иҷрои донишҷўён садо доданд, озмунҳои “Дастархони беҳтарини наврўзӣ” ва мусобиқаҳои варзишӣ ҷамъбаст гардида, ба ғолибон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Воқеан, ҷашни Наврўз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо – тоҷикон маҳсуб мешавад, ки аз замонҳои қадим то ба имрўз бо ғояҳои олии башардўстона – дўстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондўстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад.

Наврўз  бо обу хок, марзу бум ва рўҳи тамаддунсози ниёгони мо пайванди азалӣ дошта, расму ойинҳои он рамзҳое доранд, ки аз замонҳои бостонӣ то имрўз рўзгори мардуми фарҳангиву ободгар ва инсондўсту таҳаммулгарои моро ҳамроҳӣ мекунанд. Дар айёми Наврўз табиат эҳё мегардад, инсон нерўи нав мегирад, дилу андешаҳо ба ҳам меоянд, одамон амалҳои саховату накўкорӣ ва хайру савобро ба ҷо оварда, ба ҳамдигар шодиву сурур мебахшанд.

Дар поёни чорабинӣ директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан бори дигар устодону донишҷўён ва аҳли ҷомеаи донишкадаро ба ифтихори ҷашни Наврўзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфта, ба онҳо сиҳату саломатӣ, хонаи обод, файзу баракати наврўзӣ ва барори кор таманно намуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *