Бо ташаббуси ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон озмуни “Зан-олиҳаи ҳусн ва кадбонуи моҳир” бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз баргузор гардид. Дар озмун донишҷӯдухтарони факултаҳои иқтисодиёт ва технологияи иноватсионӣ бо номи дастаи “Хуҷаста”, факултаи молия ва баҳисобгирии бугалтерӣ бо номи дастаи “Париҷеҳра”, факултаи тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ бо номи дастаи “Фариштаи замин” ширкат варзиданд.
Дастаҳои духтарон аз руйи панҷ шарт: ороиши муйи қадима бо либоси қадима; ороиши муйи муосир бо либоси рӯзмарра; дарзмол кардани куртаи мардона; намоиши истеъдоди духтарон; омода кардани хуриш баромад карданд.
Аъзоёни ҳакамон Шуҷоат Ҳасанова, Ҳамроҳ Атаева, Мадина Анварова ва Азиза Мирзохӯҷаева ҷойи якумро ба дастаи “Фариштаи замин” сазовор донистанд. Ҷойи дуюм насиби дастаи “Паричеҳра” ва ҷойи сеюм насиби дастаи “Хуҷаста” гардид. Иштирокчиёни озмун бо диплом, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.