ТАЪМИНИ АМНИЯТ ВА СУЛҲУ СУБОТ ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КЎҲИСТОНИ БАДАХШОН (ВМКБ) ҲАДАФИ АСОСИИ ҲУКУМАТ АСТ!

Мақсади ҳар як ҷомеа, ҳар як давлат ва роҳбарияти сиёсии он ташкилу таъмини ҳаёти хушу хуррам ва осудаву ороми халқу диёраш, сарсабзӣ ва сарбаландии миллаташ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Вале барои ба ин ҳадафҳои воло расидан ғайриихтиёр монеаҳои зиёде пеш меоянд, ки барои рафъи онҳо кӯшишҳои дастаҷамъонаи зиёде лозиманд.

Имрўз терроризм ва экстремизм яке аз мушкилотҳои асосии ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад, ки новобаста аз шакли идоракунӣ ба тамоми мамолики олам, аз ҷумла кишвари мо яъне Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшрн (ВМКБ) беасар нест. Терроризм ва ифротгароӣ дар ниҳоди худ зуҳуроти номатлуб аст. Ин зуҳурот боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш-таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари вазнин, тағйирот ба сохтори конститутсионии давлатҳо, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низоми миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гашта метавонад.

Мавриди зикр аст, ки шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористӣ ва экстремистӣ яке аз проблемаҳои глобалии ҷаҳони имрўза гаштааст. 15-уми сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони ВМКБ аз афзоиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ изҳори нигаронӣ намуда, ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, мусодираи силоҳу аслиҳа, лавозимоти ҷангии ғайриқонунӣ, ошкор ва пешгирӣ кардани қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷоннок намудани фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ супоришҳои қатъи доданд.

Бо мақсади сулҳу суботи ВМКБ ва дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат Ситоди байниидоравии мақомотҳои таъмини амният таъсис дода шудааст ва фаъолияти он идома дорад.

Ситоди байниидоравӣ дар ҳамкории зич бо мақомотҳои дахлдор ва шаҳрвандони бо ору номуси шаҳри Хоруғ дар самти ислоҳу камбудиҳои аз ҷониби Сарвари давлат таъкид гардида ба як қатор натиҷаҳои назаррас ноил шуда истодаанд.

Инчунин ғайр аз он гуфтаҳои боло боз Пешвои муаззами миллатамон, барои сулҳу суботи кишварамон аз ҷумла ВМКБ ба Прокуратураи генералӣ супориш дода буданд, ки дар ҳамкори бо дигар мақомотҳои дахлдори давлатӣ «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020»-ро таҳия ва пешниҳод намоянд. Ин пешниҳод аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасдиқ расид.

Доир ба иҷроиши ин «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» аҳли хираду тамаддунгари кишварамон аз ҷумла мардум ВМКБ бояд ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ яъне амният мебояд, ки ҳамдилу ҳаммаром ва муттаҳид бошанду бар зидди ин зуҳуроти номатлуб овоз баланд кунанд.

Аммо боиси таассуф аст, ки баъзе аз ҷавонони мо аз сабаби заиф будани ҷаҳонбиниву мафкураи сиёсӣ, паст будани сатҳи дониш ва ҳмчунин ба сабаби рушд наёфтани худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ дар ботинашон, фирефтаи ҳаргуна суханони хоинони миллат шуда ба доми гурўҳҳои террористӣ ва экстремистӣ афтида, домони поки миллатро доғдор ва ҳаёти рангини худ, фарзандон ва оилаву наздиконашонро хира месозанд.

 Кӯмакҳои бесобиқа ва маблағҳои зиёде аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳнамоӣ ва таваҷҷўҳи хосаи Пешвои миллат барои Бадахшон ҷудо мешавад дар як муддати кӯтоҳ симои вилоятро ба куллӣ дигар намуда, шароит ва сатҳи зиндагии ин мардуми кўҳистонӣ ватанро боло бардошт. Дар ин радиф яке аз хизматҳои муҳими Ҳукумати тозаистиқлол бо сарварии фарзанди сарсупурдаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон даъват намудани Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Аълоҳазрат шоҳзода Шоҳкарим Алҳусайнӣ Оғохони ҷаҳорум буд, ки бори аввал дар таърих сокинони ноҳия тавонистанд бо пешвои рўҳонии худ дидор ба амал оранд. Пешвои исмоилиён низ саҳми арзанда ва бузурги худро дар эҳёи навини Бадахшон мегузорад.

Дар Ишкошим бо барномаи инкишофи минтақаи кўҳистони Оғохон ва дигар ташкилотҳои дохиливу байналмилалии сохтмонҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии зиёде сомон гирифтаанду идома доранд. Тайи солҳои истиқлолият беш аз сад иншоот сохта ё таъмиру барқарор шудаанд, ки ба ин мактабҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар муасисаҳо дохил мешавад. Фаъолияти соҳибкорӣ дар заминаи барномаи стратегии хусусигардонӣ амалӣ мегардад. Соҳаи кишоварзӣ соҳаи афзалиятнок маҳсуб ёфта, яке аз бахшҳои муҳими он чорводорӣ мебошад. Бо дастгирӣ ва иштироки бевоситаи Президенти Тоҷикистон ҳангоми сафари корӣ ба ноҳия заминҳои зиёди бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуданд. Дар натиҷаи ҳаҷми маҳсулоти ғаллагӣ ва картошка беш аз сад фоиз афзуд. Таъсиси минтақаи озоди иқтисодӣ дар Икошим, ки дар барномаи давлатии рушди кишвар тарҳрезӣ шуда, дар ояндаи наздик сомон хоҳад пазируфт, яке аз иқдомоти хирадмандонаи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Зимни мулоқот бо намояндагони ҷомеа, ҳангоми ифтитоҳи бинои нави деҳаи Вранг Пешвои миллат иброз доштанд. «Ҳадафи бунёди ин минтақаи озоди иқтисодӣ суръатбахшии рушди ноҳия, фароҳамории шароити мусоид барои ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ ташкили ҷойҳои нави корӣ, ҷалби техника ва технологияи муосир, зиёд шудани маҳсулоти содиротӣ, махсусан сангҳои гаронбаҳо ва ороишӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ мебошад». Ишкошим имрўз яке аз минтақаҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар ояндаи кишвар ободу шукуфонии он нақши боризе дошта метавонад. Қалб аз ҳама таҷрибаи таърихии ҳамчун яке аз дарвозаҳои шарқии кишвар истифода намудани қаламрави он, ки замоне дар Шоҳроҳи Абрешим чунин нақш дошт, уфуқҳои навинеро дар инкишофи иқтисодӣ ва иҷтимоии ин сарзамин боз мекунад. Бо ташаббуси Ҳукумати кишвар дар ду нуқтаи сарҳади ноҳия кўпрукҳое дар байни Тоҷикистону Афғонистон ба истифода дода шудаанд, ки дар инкишофи тиҷорати байналмиллалии наздисарҳадӣ омили муҳим маҳсуб мешаванд.

Мо, омўзгорон, бояд пешравии минтақаи Бадахшонро ба мардум фаҳмонем, сафи пеш истода мубориза бар зидди гурўҳҳои ифротгароӣ, ҷинояткорӣ, терроризм ва экстремизм қарор бигирем, шогирдонро ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ даъват намоем. Ҷавонон бояд донишҳои сиёсиашонро пайваста такмил диҳанд, бояд дарк намоянд, ки Ватани муқаддасамонро ба ҷуз мо каси дигар обод нахоҳад кард. Ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамон ва зиндагии шоистаи мардуми мо аз ҷавонони имрўза, яъне насли навраси кишвар вобаста аст.

Аз ин рў аз тамоми мардуми сарбаланди ВМКБ, хоса тоҷикони бурунмарзӣ даъват ба амал меоварем, ки ҳаргиз фирефтаи суханҳои ин гурўҳҳои ифротгароӣ хиёнаткор яъне хоинони миллат нашаванд. Зиракии сиёсиро аз даст надода пайваста дар фикри сулҳу субот ва ободии сарзамини азизи хеш бошанд, зеро Ватан барои ҳамаи инсонҳои сайёраи рўи замин, ононе, ки соҳибватананд, азизу муқаддас аст. Мо, ҳамагон, якҷоя бояд шукргузорӣ аз ҳастии чунин Ватани маҳбубу мақаддасамон кунем ва ҳаргиз ба душманони мллат, яъне хоинони миллат иҷозат надиҳем, ки Ватани маҳбубу муқаддасамонро бадном кунанд, ё дар андешаи парокандагии он бошанд.

Лоиқ Бобомуродов,
ассисенти кафедраи математика ва
технологияи инноватсионии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *