ТАБРИКОТИ директори ДИС ДДТТ, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ба муносибати 30-солагии  Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун, дар ин рӯзҳои хуҷаставу фархунда, 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шумо аҳли ҷомеаи меҳнатии донишкада, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёну кормандон самимона табрику таҳният гуфта, бароятон саодати рӯзгор, сарбаландию сарфарозӣ ва барору комёбиҳо таманно менамоям.

 Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ гардид.

Пешвои муаззами миллат барҳақ фармудаанд: “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон рӯйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин Иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба сӯи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ – сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадами нахустин гузошта шуд”.

Дастоварду комёбиҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ далолат ба хидматҳои бузургу арзишманди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон менамоянд. Сарвари давлат дар як мудддати кӯтоҳ тавонистанд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, барои халқи тоҷик шароити зиндагии шоиставу арзанда муҳайё созанд.

Президенти кишвар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои расидан ба Ваҳдати миллӣ ва таҳкиму мустаҳкам намудани Истиқлолияти давлатӣ борҳо ҷон дар хатар гузоштанд, то ки миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик ва давлати Тоҷикистон аз вартаи таназзулу маҳвшавӣ раҳо ёфта, сулҳу салоҳ дар кишвар поянда бошад.

Аҳли ҷомеаи меҳнатӣ, ҳайати профессорон, омӯзгорон, кормандон, донишҷӯён ва сокинони сарбаланди Ватани азизамонро ба ҷашни фархундаи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, таманнои онро дорам, ки дар кишвари азизамон сулҳу субот, оромӣ ва Ваҳдати миллӣ абадан пойдор монда, ҳар як сокини бо нангу номус бо азму иродаи созанда дар пешрафту шукуфоии он саҳми арзандаи хешро гузорад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *