Пас аз соҳибистиқлол гардидан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр амалҳои мухталиф рух доданд, ки онҳоро метавон ба ду гурӯҳ ҷудо намуд: амалҳое, ки монеаи рушду нумӯи Истиқлолият буданд ва амалҳое, ки баҳри рушди Истиқлоли кишвар замина гузоштаанд. Амалҳои иртиҷоӣ ва террористӣ дар инкишофи Истиқлолияти Тоҷикистон монеаи хеле мураккаб буданд, ки он моҷароҳои сиёсӣ дар сатҳи баландтарин – ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид.
Мувофиқи ҳисоби мутахассисон дар натиҷаи ин ҷанг ба иқтисодиёти кишвар аз рӯи тахминан 10 млрд доллари. ИМА хисороти иқтисодӣ расонида шуд, даҳҳо ҳазор нафар мардум ҳалок гардида, беш аз 1 миллион нафар гуреза шуданд.
Беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлолияти кишвар 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) мебошад, ки то санаи 2-юми декабри сооли 2022 идома ёфт. Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид.
Иҷлосияи 16-ум дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун гардиши куллӣ ба сӯи хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, пойдории миллати тоҷик, ташаккули давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар Точикистон сабаб шуд.
Вакилон ҷавони ҳақиқатгӯ ва адлгаро Раҳмонов Эмомалӣ Шарифовичро интихоб карданд ва иштибоҳ накарданд. Назди Роҳбари ҷавон вазифаҳои бениҳоят мушкил ва тақдирсоз қарор доштанд. Аввалин ва асоситарин вазифа тарҳрезии низоми идораи давлат ва бунёди механизми танзими муносибатҳои иҷтимоӣ буд. Ташкили низоми дурусти идораи давлат, таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии низоми идора, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳимояткунандаи шаҳрвандон, таҳияи низоми судӣ, яъне бунёди як механизми мукаммали идораи давлат, ки тавонад халқро аз балои омада халос намояд. Яъне идораи давлатро бунёд кардан лозим буд, то ин ки низоми идораро аз ҷангиён гирифта, ҷангро хотима бахшида, мардумро ба ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ расонад.
Замона бо гузашти ҳодисот, вақт бо муборизаҳои бешумор, таърих бо амалҳои зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ собит сохт, ки интихоб саривақтӣ, таърихӣ ва дуруст буд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз баъд аз 23 рӯзи интихоб шуданашон дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон гуфта буданд: «Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони мӯҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисону фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам.”
Дар Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов дар як муддати кӯтоҳ тавонист, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис диҳад, аксарияти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонад ва ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ созад.
Ҷиҳати барқароркунии ҳукумати конститутсионӣ ва рукнҳои аслии давлатдорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сардории Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои Миллат — Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи тахминан 10 соли истиқлолият заҳматҳои шабурӯзӣ кашиданд.
Роҳи душвори расидан ба сулҳу оштиро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 20 — солагии Истиқлолияти давлатӣ чунин ёдовар шуданд: «Вазъият аз он сабаб печидаву мураккаб буд, ки сохторҳои асосии ҳокимияти давлатӣ пурра фалаҷ гардида буданд. Бо вуҷуди ҳамаи ин шуълаи умед дар дилам лаҳзае хомӯш намешуд. Ман ба раҳми Парвардигор, ба хиради азаливу иродаи халқам бовар доштам. Ва ҳамеша ба неруи солим ва рӯҳи сулҳхоҳонаи тоҷик такя менамудам. Имрӯз аз ин минбари баланд бо сарфарозӣ ба мардуми Тоҷикистон изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо аз имтиҳони сангини таърих бо матонату сарбаландӣ гузаштем…».
Чун он давраҳои вазнин паси сар шуданду ба ҳукми таърих даромаданд, бо ифтихор метавон гуфт, ки халқи тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи созандагию бунёдкорӣ собитқадаманд.
Хуллас, ин иҷлосия ба он хотир Иҷлосияи таърихии тақдирсоз ном гирифт, ки маҳз дар он тамоми масъалаҳои барои мардуми кишвар ҳаётан муҳим ҳаллу фасл гардиданд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон орзуи деринаи мардуми тоҷикро дар воқеият амалӣ намуд. Эмомалӣ Раҳмон на танҳо Президенти кишвар аст, балки Асосгузору офарандаи давлати навини соҳибистиқлол – Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ӯ шахсияти таърихист, ки ба арсаи сиёсат дар марҳилаи ҳассосу тақдирсози Тоҷикистон падид омад. Сарвари мо худ аз байни мардум омадаанд, аз ин рӯ, эҳсоси мардуми оддиро ба хубӣ дарк менамоянд. Эмомалӣ Раҳмон мушкили оммаро дар худ тасаввур намуда, баъдан қарорҳои қатъӣ қабул мекарданд. Сарвари давлат дар лаҳзаҳои ҳассоси сиёсӣ ба пешвози хавфу хатар мешитофт ва омода буд, ки худро қурбон созад. Дар он айёми мушкилу пурхатар ҳамеша паҳлуи халқ буд, бо аҳолӣ вохӯрда аз вазъи мардум огоҳ мегардид, бо мушкилоти мардуми ҷангзада бевосита ошно буд. Таърих собит сохт, ки ин вохӯриву мулоқотҳо он айём мисли обу ҳаво зарур буданд, ки ҳамакнун зери ҳимояи давлату Ҳукумати қавие қарор хоҳанд гирифт.
Бо назардошти гуфтаҳои боло метавон хулоса намуд, ки давраи навини қонунгузории кишвар аз ин иҷлосияи тақдирсоз оғоз гардидааст ва дар маҷмуъ, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ тадбирҳои муҳими сарнавиштсози зеринро анҷом додааст:
- роҳбарияти нави сиёсии мамлакатро таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд;
- сохтори конститутсиониро дар мамлакат барқарор сохт;
- хатари пош хӯрдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парокандагии миллатро пешгирӣ намуд;
- тадбирҳои мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани ҷомеаро ба миён гузошт;
- самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакатро муайян намуд;
- мавқеи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишварро муайян сохта, барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон роҳ кушод;
- қонунгузории ҷумҳуриро устувор намуд ва ба рушди он замина гузошт.
Шораҷабова Ш.З.,
устоди кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон