Табрикоти директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ба муносибати 25-умин солгарди Ваҳдати миллӣ

Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун аҳли ҷомеаи меҳнатӣ, ҳайати профессорону устодон, донишҷӯён ва кормандони донишкадаро ба ифтихори 25-умин солгарди Ваҳдати миллӣ самимона табрику таҳният гуфта, бароятон сарбаландию сарфарозӣ, саодати рӯзгор, осмони соф ва ҳама хушбахтию хушрӯзиҳоро таманно менамоям.
Тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд:
“Ваҳдати миллӣ сутуне, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояи давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем”.
Маҳз ба туфайли сиёсати созанда ва бо талошу заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 ба таърих ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гашт. Ин иди фархунда тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш дар ҷамъиятамон, боиси эҳёи маънавию иқтисодии кишвар, масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст.
Бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар устодону донишҷӯён ва аҳли ҷомеаи донишкадаро ба ҷашни фархундаи Рӯзи Ваҳдати милии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, таманнои онро дорем, ки дар кишвари азизамон сулҳу субот, оромӣ ва Ваҳдати миллӣ абадан пойдор монда, ҳар як сокини бонангу номус бо азму иродаи созанда дар пешрафту шукуфоии он саҳми арзандаи хешро гузорад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *