Табрикоти директори ДИС ДДТТ бахшида ба Рӯзи бузургдошти Модар!

Табрикоти директори ДИС ДДТТ,
номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан
бахшида ба Рӯзи бузургдошти Модар!

Бо камоли шодмонӣ ва самимияти афзун аз номи аҳли ҷомеаи меҳнатӣ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишкада дар ин рӯзҳои хуҷастаи фасли зебои баҳор ҷашни фархундаи иди бонувон ва гиромидошти Рӯзи Модарро ба ҳамаи Шумо бонувони азиз табрику муборакбод гуфта, бароятон саодати рӯзгор, тансиҳатию хотирҷамъӣ, нишоту фараҳмандӣ, файзу баракати умр ва дар ҷодаи фаъолияти пурсамаратон комёбиҳои беназирро таманно менамоям.

Таҷлили Рӯзи Модар дар оғози фасли зебоманзари баҳори нозанин аз бузургии сиришти занону модарон башорат медиҳад. Модар меҳвари хонадон ва оромиши ҷон мебошад. Модар ба мо ҳаёт мебахшад ва беҳтарин хислатҳои инсониро дар вуҷудамон бо шири зулолу сапедаш ҷой медиҳад. Дасти дуои модар ба қалби мо қуввату мадори ҷон бахшида, домони поку мубаррояш нахустин мактаби тарбияи инсоният ба шумор меравад.

Дар Паёми навбатии хеш Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мақому манзалати занону бонувон изҳори назар карда, зикр намуданд, ки нақши занон дар пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ хеле назаррас мебошад. Пешвои миллат васфи бонувону модарон барҳақ фармудаанд:

 “Модар сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомабахши ҳаёти инсоният мебошад. Замири ӯ аз меҳру муҳаббат ва лутфу меҳрубонӣ сиришта шудааст, ки ин хислатҳои наҷиб модарро мавҷуди бузургу муқаддаси тамоми давру замонҳо гардонидаанд”.

Бо истифода аз фурсати муносиб, бо ин таманниёти неку самимӣ бори дигар ба ҷашни фархундаи бонувон – Рӯзи Модар ҳамаи Шумоёнро аз самими дил табрику муборакбод гуфта, бароятон саломатӣ, давлати умр, файзу иқбол, бахту саодати фарзандону пайвандон ва тамоми шодию нишоти рӯи ҷаҳонро таманно менамоям.

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *