ҶОМЕАИ МО БИДУНИ ИФРОТГАРОӢ

Ҷаҳони муосир  пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, ки яке аз сабабҳои он афзудан ва густариш ёфтани терроризм, экстремизм, фундаментализм, сепаратизм, анархизм,  ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо мебошад.

Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯзаи мо низ аломатҳои чунин зуҳуроту падидаҳои номатлуб, аз қабили радикализм ва ифротгароӣ, синкретизм (яксон, махлут кардани назария, андеша ва ақидаҳои ба ҳам мухолиф), нигелизм (инкори маслаку мафкура, хулқу одоб, сохтори маъмӯли ҷомеа), тоталитаризм (яккаҳукмронӣ ва маҳрумият аз тамоми намуди озодиҳо), космополитим (рад кардани ҳуввияти миллӣ, фарҳангу суннатҳои миллию  динӣ) – ро мушоҳида кардан мумкин аст.

Он чиз муссалам аст, ки дини мубини ислом ҳама гуна зуҳуроти экстремизм, терроризм, душманӣ, адоват, ҷанг ё задухӯрдҳоеро, ки нерӯҳои экстремистӣ ва террористӣ ба он даъват мекунанд, қатъиян маҳкум менамояд. Аммо дар тафаккури доираи муайяни муҳаққиқни кишварҳои Ғарб андешаи ботиле ҷой дорад, ки гӯё дини ислом сачашмаи ҳама гуна  ифротгароии динӣ, экстремизм ва терроризм аст. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки Президенти кишварамон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асарҳо, мақолаҳо ва Паёмҳои таърихии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беасос будани ин андешаҳоро қатъиян маҳкум намуда, зикр карданда, ки “Имрӯз дар миёни ҷаҳони ислом ва Ғарб саде аз нофаҳмӣ ба вуҷуд омадааст, ки торафт азиму хатарнок мегардад. Матаассифона дар тафаккури доираи муайяни Ғарб чунин ақида ҷой гирифтааст, ки гӯё ифротгароӣ хоси табиати ислом – яке аз динҳои ҷаҳонӣ бошад. Чунин муносибат ба мардуми мусулмон, ки аз уқёнуси Ҳинд ва Ором то уқёнуси Атлантик маскунанд ва панҷяки аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд, аз рӯи инсофу адолат нест. Дини мубини ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳама гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Бинобар ин терроризм ва ифротгароиро бо ислом пайванд додан хатои маҳз аст. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Барои он, ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем, ва ба ҷои муқовимати тамаддунҳо гутугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне инсоният ба ин ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад” Ҳақ ба ҷониби Сарвари кишвар аст, зеро ки ғояҳои асосии дини мубини ислом, дар баробари динҳо ва эътиқотҳои динии дигар дар заминаи инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ, ҳамзистии бародаронаи халқҳо ва миллатҳо, ҳимоя намудани сулҳ ва амният ташаккул ёфтааст.

Бесабаб нест, ки ин муаммо дар маркази таваҷҷӯҳ ва баҳси сиёсатмадорону сиёсатшиносон, рӯзноманигорон, ҷомеашиносон, уламои дин ва зиёиёни эҷодкор хулоса миёни тамоми мардуми солимфикр қарор гирифтааст. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар аксарияти кишварҳои минтақа, аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ҳамингуна ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳо, аз қабили «Ҳизб-ут-таҳрир», равияи динии «Салафия», ҷамъияти «Ансуруллоҳ», «Гурӯҳи 24», ҲНИ ва ғайра пайдо шуданд, ки мақсади онҳо заиф намудани пояҳои давлатдорӣ ва киштани тухми низову нифоқ дар ҷомеъа ва ноором сохтани вазъи сиёсии он мебошад. Чунин амал экстремизм аст ва дар аксар маврид он ба ихтилофу ҷудоиандозӣ, душманӣ, нооромӣ дар ҷомеъа ва базан ба оқибатҳои фоҷиаангез  меорад. Мутобиқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти якчанд гурӯҳу ташкилотҳои экстремистӣ дар қаламрави кишвар маън карда шудаанд. Масалан бо ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҲНИ дар қаламравӣ Тоҷикистон, ҳамчун ташкилоти террористӣ, экстремистӣ маън карда шудааст.

Пушида нест, ки дар ҳудуди ҷумҳур холо ҳам содиршавии ҷиноятҳои хусусияти ифротгароӣ ва террористӣ дошта ба назар мерасад.Дар иртибот ба ин бояд қайд кард,ки тибқи маълумоти  Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ  дар давраи соли 2020 аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои доихилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  274 нафар аъзоёни ташкилотғои террористӣ ва экстреместӣ дастгир гардида, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида. Аз 274 нафаре, ки боздошт шуданд, 203 нафараш  аз ТТЭ“Бародарони мусалмон”, 27 нафар аъзоёни ТТЭ “Давлати исломӣ”, 17 нафар равияи “Салафия”, 8 нафар ҷамоати “Ансоруллоҳ”, чаҳор нафар “Гурӯҳи 24”, 3 нафар ТТЭ ҲНИ, 3 нафар “Ал-Қоида”, 2 нафар “Ҳизб-ут-Таҳрир”, 1 нафар ҳаракати исломии Ӯзбекистон, 1 нафар дигар аъзои “Ҷамоати таблиғ” мебошанд. Дар натиҷаи ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ 92 нафар аз хориҷи кишвар ба ватан баргардонида шуданд. Ин далелу арқон моро ҳушдор медиҳад, то ба хулоса оем ва дарк намоем, ки омилҳои барангезандаи кинаву адовати динӣ ва ҳамзамон миллию маҳаллӣ дар ҷомеаи мо то ҳол пурра решакан нашудаанд. Бинобар ин имрӯз ҳар як фарди ҷумҳурӣ бояд дарк намояд, ки ошкору бартараф намудани зуҳури ин гуна амалҳои номатлуб на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди бонангу номуси миллат мебошад.

             Бобоева З.А.- ассистенти кафедраи ҷомеашиносӣ

           

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *