Табрикоти директори ДИС ДДТТ бахшида ба бузургдошти ҷашни омӯзгор ва Рӯзи забони тоҷикӣ

Ҳозирини арҷманд,

Устодони азиз!

Боиси ифтихор ва сарбаландии мост, ки  халқи шарафманд ва соҳибхиради мо бо азму иродаи қавӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои устувор гузошта, бо шукрона аз фазои оромиву осудагӣ бузургтарин ҷашнҳои миллиамонро бо ифтихори баланди ватандӯстона пешвоз мегиранд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори баланди ватандорӣ таъкид намудаанд, ки Мо дар сиёсати худ аз рӯзҳои аввал ба масъалаи омӯзонидани  донишҳои муосиру замонавӣ ба наврасону ҷавонон ва дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанг тарбия кардани онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, рушди илму маориф ва ислоҳоти ин соҳаҳоро омили муҳимтарини наҷоти миллат аз таҳдиди хатарҳои муосир ва таҳкими давлат эълон доштем ва дар давоми  соҳибистиқлолии кишвар тадбирҳои зиёдеро дар ин самт  амалӣ гардонидем”.

Рӯзи якшанбеи ҳафтаи аввали моҳи октябр дар саросари кишвари азизамон чун иди касбии омӯзгорон – Рӯзи муаллим ва 5 –уми октябр ҳамчун Рӯзи забони тоҷикӣ ботантана қайд карда мешавад. Имсол таҷлили ин ҷашнҳои фархунда ба рӯзҳое рост омад, ки  тамоми мардуми сарбаланди диёрамон дар рӯҳияи болидаву  дили саршори пур аз меҳру муҳаббат ва  ифтихор аз Ватану миллат  28-солагии  Истиқлолияти  давлатии Тоҷикистонро ҷашн  гирифта,  меҳру садоқати бепоёни худро ба халқу Ватан намоиш доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон заҳмати пурмасъулияти тарбиятгарони насли наврасро шоиста қадр карда, таъкид доштанд: “Маҳз омӯзгор аст, ки наврасону ҷавононро ба интихоби касбу ҳунар ва роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят мекунад. Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир рисолат ва масъулияти касбии омӯзгор бамаротиб зиёд шудааст. Дар ин росто ҳар як омӯзгор бояд ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ дошта бошад ва шогирдонашро дар ҳамин руҳия тарбия намояд”.

        Бо ин таманниёти нек бори дигар Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорро бароятон табрик гуфта, хоҳони онам, ки ҳамеша комёбиву муваффақиятҳо ёратон бошад ва дар таълиму тарбия ва омода кардани мутахассисони варзидаи соҳаи иқтисод барои ободию пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзанда гузоред.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *