¶ 1 Leave a comment on paragraph 1 0 Дар толори ДИС ДДТТ конференсия илмиву амалӣ бахшида ба рӯзи забони давлатӣ ва иди омӯзгорон дар мавзӯи “ ЗАБОНИ МОДАРӢ- ПОЯИ МАЪНАВИИ МАВҶУДИЯТИ МИЛЛАТ” гузаронида шуд. Дар чорабинӣ устодону донишҷӯёни донишгоҳ ва намояндаи МИҲД вилояти Суғд Мирзоғуфрон Ғафуров иштирок намуданд.
¶ 2 Leave a comment on paragraph 2 0 Сараввал директори ДИС ДДТТ Олимӣ.Р.Л сухан карда, тамоми донишҷӯёну омӯзгоронро бо иди касбиашон ва Рӯзи забони давлатӣ муборакбод намуда, зикр кард, ки тарбияи дуруст ва ояндаи неки ҳар як наврас аз омӯзгор вобаста асту маориф – омили муҳимтарини таъкими давлат ва рушди миллат мебошад. Баъдан намояндаи МИҲД в Суғд Мирзоғуфрон Ғафуров аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷабой Аҳмадзода иштирокчиёнро табрик намуда, ба якчанд устодони донишкада ифтихорномаи раиси вилоятро тақдим намуд.
¶ 3 Leave a comment on paragraph 3 0 Аз ҷумла, директори донишкада Олимӣ Р.Л, устодон – Қаюмов А, Бузрукова С, Нишонзода Р, Ғайбуллоев К, Ҳоҷиев А бо ифтихорномаи Раиси вилоят ва бо ифтихорномаи раиси шаҳри Хуҷанд устодон – Мамадҷонов Ф.С, Ҳомидова М, Ҷӯраев С, Набиева М ва ифтихорномаи раёсати ДИС ДДТТ Бобоев Б, Маҳмудов Р, Агзамова Р, Мамадҷонов Ф ва Мухторов С сарфароз гардонида шуданд.
¶ 4 Leave a comment on paragraph 4 0 Баъди супоридани ифтихорномаҳо Бобоев С дар мавзӯъи “ Забони тоҷики дар масири таърих ва замони муосир”, Ҷалолова Ф.А дар мавзӯъи “Забони давлатӣ пояи асосӣ бинои фарҳангӣ ва маърифату ҷаҳонфаҳмист”, Комилҷонова М донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси молия ва қарз дар мавзӯи “Таджикский язык-язык древного мира”маърӯза карданд. Шеъру суруду рақсҳои донишҷӯён ва устодони эстрадаи вилоят табъи аҳли нишастро шод гардонид.
Дилафрӯз Ҳомидова,
корманди бахши табъу нашри ДИС ДДТТ