Таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ДИС ДДТТ

Санаи 7-уми сентябр дар толори калони Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид. Устодону донишҷӯёни Донишкада ҳама якҷоя бо ифтихор Суруди миллиро суруда, ба шунидани маърӯзаҳои устодон, ки перомуни мавзуъҳои мухталифи Истиқлолияти давлатӣ омода карда буданд, гӯш андохтанд.
Нахуст директори донишкада, н.и.и., дотсент Олимӣ Рауф Латифзода сухан ронда, аҳли таълимгоҳро бо ин санаи фархунда муборакбод гуфт. Олимӣ Рауф Истиқлолияти давлатиро муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат хонда бо шукргузорӣ аз тинҷиву оромӣ ва рушди иқтисодиву мадании мамлакат, ки бо кӯшишу ҳайратҳои мардуми шарафманди мо ва махсусан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлаткат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ҳамагонро ба таълиму тарбияи хуби донишҷӯён ва саҳгузорӣ кардан дар рушду нумӯи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Тоҷикистон ҳидоят намуд.
Доктори илми фалсафа, устоди кафедраи ҷомеашиносии Донишкада Расулҷон Солиҷонов дар мавзӯи «Истиқлолият ҷавҳари ҳастии миллат» маърӯза хонда, аз ҷумла қайд кард: «Имрӯз бо гузашти айём мардуми Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамояд, ки Истиқлолият муқаддастарин ва азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва нерӯи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад».
Сипас, дотсенти ҳамин кафедра, номзади илми таърих Гулчеҳра Турсунова баромад карда, дар мавзӯи «Истиқлолияти Тоҷикистон рушди ҷавҳари ҳастии миллат» маърӯзаи пурмӯҳтаво кард.
Ҷонишини директори донишкада оид ба тарбия, дотсент Гулчеҳра Аҳророва ҳозиринро ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба устодоне, ки дар ҷараёни таълиму тадрис ва тарбия саҳми арзандаву бозасо гузоштаанд, Ифтихорнома ва дипломҳои Раёсати таълимгоҳро бо тантана тақдим намуд. Ҳамчунин бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди қурбон аз ҷониби Раёсати донишкада ба устодону кормандони донишкада мукофотпулӣ дар ҳаҷми 150 сомонӣ таъин карда шуд, ки ин ҳам аз баракоти соҳибистиқлолӣ ва саховатмандии мардуми сарбаланди мо гувоҳӣ медиҳад.
Дар фарҷоми чорабинӣ донишҷӯёни донишкада дар васфи Истиқлолият шеъру сурудҳо хонда, хотири ҳамагонро шод намуданд. Ҳамин тариқ, чорабинӣ дар сатҳи баланди фарҳангиву маърифатӣ анҷом пазируфта, ба иштирокчиён як ҷаҳон таасуроти хотирмон боқӣ гузошт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *