Ҳар ки хандонад ятими хастаро,
Даркушояд ҷаннати дарбастаро.
Муҳтарам профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёну кормандони гиромӣ! Арҷгузорӣ кардан ба анъанаи неку бойи гузаштагонамон аз амалҳои неку фараҳбахши давлату миллати мо тоҷикон арзёбӣ гашта, имрӯз моро ҳамчун миллати сулҳхоҳу сулҳҷӯй муаррифӣ менамояд. Иди мубораки Қурбон ё худ Иди азҳо барои мо тоҷикон таърихан иди хайру саховат, дастгири муҳтоҷону ниёзмандон будан, садақаву хайрот кардан ва некиву амали солеҳ пеша кардан, ҳамдиливу ҳамзабонӣ намудани миллатҳоро ифода мекунад. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар арафаи Иди Қурбон донишкадаи мо низ якчанд чорабиниву амалҳои хайриявро мегузаронад. Дар ин радиф тақдими мукофотпулиҳо ба ҳар як корманди таълимгоҳ, хайру саховат ба ашхоси барҷомондаву бепарастор, тақдими мукофоту ҳадяҳои идона ба ятимон қайд кардан бамаврид аст. Боварӣ дорам, ки ҳар яки Шумо дар ин рӯзи хайру саховат даст ба амалҳои шоиставу нек зада, баҳри шукуфоиву пешрафти мамлакати азизамон ҳиссаи худро мегузоред.
Устодону донишҷӯёни гиромӣ! Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шумо ва дар симои шумо аҳли хонаводаву пайвандонатонро бо ин иди саиду муборак, Иди Қурбон табрик гуфта, бароятон пеш аз ҳама тани сиҳат, хонаи обод, саховатпешагиву ободкории бардавом ва хотири ҷамъу табъи болида таманно дорам.