ТӮДАИ ИҒВОГАРИ ИФРОТӢ

     Солҳои охир ҳаракату гурўҳҳое ба вуҷуд омадаанд, ки бо ҳар роҳу восита,бахусус тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пайи дигаргунсозии мафкураи миллат ва парокандасозии он, таҳкиру туҳмати роҳбарияти олии кишвар, шахсияти мансабдор, баробари ин  дастовардҳои истиқлолият нодида гирифта, байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ иғво меангезанд. Масалан як тӯдаи иғвогари ифротӣ, аз қабили Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз пайрави наҳзат, дар барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир”, дигаре Ҳусейн Ашуров, узви фаъоли “Гуруҳи 24” дар барномаи “Ҳақ ва ботил”дар давоми соли гузашта ва аз оғози соли 2025 то имруз баромад намуда, байни мардум тухми ноиттифоқӣ мекоранд ва барои манфиатҳои шахсӣ манфиати милливу умумудавлатии худро мадди назар месозанд. Дар тамоми мақолаҳои интишорнамуда, сабтҳои видеоӣ ва аудиоии ин тудаи иғвогар танҳо суханони беасос, бедалел, ғайриқонунӣ, туҳматангез ва иғвогарона инъикос ёфтаасту халос. Чунончи баромади навбатии Ҳ.Ашуров,  санаи 17 январ ва М.Садриддин санаи 19 январи соли равон, дар барномаҳои  зикршудаи боз нисбат ба давлату миллати кишвар суханони таҳқиромез гуфта, мардуми осоишта ва сулҳхоҳи тоҷикро ба ташкил намудани эътирозҳо даъват намудан кӯшиш намудан. Баромадҳои ифротии ин тудаи иғвогарро таҳлил намуда, қайд менамоем, ки ин бадхоҳони миллат дар хориҷи кишвар қарордошта, танҳо дар бораи камбудии ин ё он соҳа ва давлат ҳарф мезанад, ки ягон асос надорад. Дар иртибот ба ин суол ба миён меояд. Оё дар дунё ҳаст давлате, ки муаммову мушкилӣ надошта бошад? Ба ин суол бе ягон душвори посух медиҳем: Нест, албатта. Пешрафтатарин давлатҳо дар ҷомеаи худ муаммоҳои мухталиф доранд. Куҷо расад Тоҷикистон, ки имсол ба истиқлолияти он 33 сол мешавад ва даҳ соли аввали он ба давраи нооромии сиёсӣ рост меояд. Аммо ба ин нигоҳ накарда, дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар дастовардҳои назаррас ба чашм мерасад.

Хулоса, ҳодисаҳои гузашта моро водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори  ин тудаи иғвогар-М.Садириддин ва Ҳ.Ашуров дуруст хулоса барорем.Рафтору гуфтори  бадахлоқонаи ин тудаи иғвогар аз беимонию  бевиҷдонӣ ва  пастфитратӣ ва хиёнатомезӣ онҳо гувоҳӣ медиҳад. Мо ҳамавақт баромадҳои ин тудаи иғвогари  бегонапарастро  маҳкум намуда,  намегузорем, ки ин бадхоҳони беимон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати Тоҷикистони соҳибистиқлоламон сухан гӯянд!

     Р.АНВАРӢ,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *