Мо кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ огаҳ ҳастем, ки бадхоҳони миллат, бахусус яке аз пайравони фаъоли худсохтаи наҳзат-“Паймони милли..”, ашхос бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин, ки баҳри иҷрои супоришҳои роҳбарияти наҳзати худсохта ва хоҷагони аҷнабии тоҷикситезашон, чун доғи сиёҳ зуҳур карда, тавассути сомонаи “Ислоҳ.нет”, дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир”, бо навбат бо ҷалби шогирдону думравонашон, барои амалисозии ҳадафи нопокашон нисбати кишвари мо хиёнатомез, баромад менамояд. Масалан, санаи 19 январи соли ҷорӣ М.Садриддин бо ҷалби шогирдаш Восиев Абдухалил ва яке аз думравонаш Тағоев Муҳаммад дар барномаи зикршуда бо равиши таблиғоти ифротиашон баромад намуда, мехоҳанд зиндагии ободу осудаи мо ва осудагии шахсии ҳар яки моро ҳадафи таҳдиди бераҳмонаи худ қарор диҳанд. Зимни баромадҳои ифротиашон чун баромадҳои қаблиашон, боз пайи дигаргунсозии мафкураи миллат ва парокандасозии он, таҳқиру тӯҳмати роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишварро пеша карда, байни шаҳрвандони дохиливу хориҷӣ ва ҷумҳурӣ иғво меангезанд. Ин тӯдаи иғвогари ифротӣ бо суханони бемантиқонаю беасосу пӯч ба сари мардуми мо, тоҷикони тоҷдор санги маломат мезананду бо маълумотҳои бардурӯғ ва сафасатаҳои номуайянро паҳн карда, худро бегуноҳ нишон медиҳанд. Умуман, М.Садриддин ва шогирдону думравонаш имрӯз бо андешаҳои хиёнаткорона ва фосиқонаашон дар арсаи байналхалқӣ шаъну шарафи кишварамонро паст задан кӯшиш доранд. Бинобар ин, кӯшишҳои навбатии носипосони миллат бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Бояд ҳар фарди борору номуси миллат, бахусус ҷавонони далеру ғаюри кишвар бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгароро фаҳманд ва ҳимояи кишварро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд. Ҷавонони даврони соҳибистиқлол минбаъд аз дируза дида имруз бояд кӯшиш намоянд, ки кишвари ободгаштаистодаи хешро боз ҳам ободтар намуда, баҳри пешрафти ҳамаҷонибаи кишварамон ҷидду чаҳд созанд.
Хулоса, баромади навбатии бадхоҳони милат чун солҳои қаблӣ хоинона аст. Бояд қайд кард, ки таърихи талхи начандон дури кишварамон моро водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори бадхоҳони миллат ва хоҷагони онхо дуруст андеша кунем. Мо бояд пеш аз ҳама ба қадри сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишвар расем ва нагузорем, ки хиёнаткорони миллат дар барномаҳои ифротиашон нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухани қабеҳ гӯянд.