Суруди миллӣ нидои қалбҳо ва баёнгари орзуву омоли миллати тоҷик мебошад

Тоҷикистон дар таърихи худ ду маротиба гимнашро таҳия ва тасдиқ кардааст, ки ин ҳам бошад бори аввал  соли 1946 бо номи гимни ҶШС Тоҷикистон тавлид кард ва бори дувум соли 1994 баъди соҳибистиқлолӣ дар соли 1994 дар матни нав, вале бо оҳанги куҳна таҳия ва тасдиқ карда шуд, ки Гимни Тоҷикистон  ё худ “Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ном дорад. То соли 1945 Точикистон сохиби гимн – суруди миллии худ набуд. То ин давра гимни Иттиходи Шӯравӣ барои ҳамаи давлатҳои ИҶШС (СССР) як то буд. Суруди миллӣ яке аз рамзҳои давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки аз рӯзи қабули расмиаш  ба сарвати бузурги маънавии халқ табдил ёфта, онро тамоми қишрҳои ҷомеа бо муҳаббат ва садоқати бепоён нисбат ба Ватан ва давлатдории миллии худ тараннум мекунанд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Рамзҳои давлатӣ ифодакунанда ва баёнгари ҳастии давлати соҳибистиқлол, рамзи иттиҳоду сарҷамъии мардуми мамлакат ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони содиқу вафодори Ватан ба хотири пойдору бегазанд нигоҳ доштани дастовардҳои истиқлолият ва таҳким бахшидани пояҳои давлатдории миллӣ мебошанд».

Суруди миллӣ нидои қалбҳо ва баёнгари бевоситаи таъриху фарҳанги асил ва орзуву омоли миллати тоҷик аз замони пайдоиш то ба имрӯз ва ояндаи дурахшони он мебошад. Ба ҳамин хотир, гуфтан ҷоиз аст, ки агар Нишон ва Парчами давлатӣ дар рӯи дастони мо ҷойгиранд, пас Суруди миллӣ дар қалбу зеҳн ва ниҳодамон ҷойгузин мегардад. Бояд гуфт, ки дар бораи суруди миллӣ, моҳият ва муҳтавои он паҷӯҳишгарону донишмандони соҳа борҳо навишта бошанд ҳам,  миёни онҳо ин дастури мукаммалу мушаххас мавқеи виҷаро  дорост.

Борҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъкид кардаанд, ки «Суруди миллии мо дар саросари Тоҷикистон ва берун аз хоки он Тоҷикистонро дар маросиму чорабиниҳои сатҳи олӣ ва дигар маъракаҳои муҳим ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд».  Дар ҳақиқат Суруди миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол ончунон мутантан, гӯшнавозу дилписанд ва бо лаҳни ширини шоири дилдодаи Ватан суруда шудааст, ки ба муаллифи он ҳамагон аҳсант мехонанду мехонем.

                                                               Дилафрӯз Ҳомидова ,

                                   корманди бахши табъу нашри ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *