​Сомонаи «Ахбор»- тарғибгари манфиатҳои ғайримиллӣ

 

Суръат ёфтани равандҳои сиёсӣ, бархӯрди андешаҳо, гуногунфикрӣ, зиддиятҳои иҷтимоӣ ва бӯҳронҳои ҷомеаҳои гуногун инсониятро дар руёрӯи чолишҳои мураккаб қарор додаанд. Таҳлили афкори иҷтимоии ин ҷамъияти имрўза аз ҷониби коршиносон дар робита бо ин мушкилот гоҳо объективона ва гоҳо субъективона дар вобастагӣ ба вусъати тафаккур ва сатҳи ҷаҳоншиносию ҷаҳонбиниашон рӯи кор меоянд. Возеҳу равшан мушоҳида мешавад, ки ҳадаф аз роҳандозӣ намудан ва таблиғи андешаҳои ботил ин пеш аз ҳама ноором намудан ва рахна сохтан ба девори сулҳу субот, барҳам задани орзую омоли мардум ва дар вазъияти ногувор гирифтор намудани як ҷомеаи озод мебошад.

Сомонаи “Ахбор”, ки дар торномаҳои интернетӣ тўли зиёда аз 1 сол фаъолият намуда истодааст, бо иғвоҳои ҳамешагӣ ва матлабҳои бадномкунанда мавод нашр мекунад. Ин торнома ҳамеша аз дасиса ва таблиғи ташкилотҳои террористие, кидар Тоҷикистон мамнўъаст мавод нашр мекунад. Имрўз ҷомеаи Тоҷикистон дигар аз ин дассисаҳои сардабири торномаи «Ахбор» дар ҳайрат намемонанд. Ин сомона ба ном ахбор, ки ба миллати тоҷик ягон иртиботи мафкуравӣ надорад, аз оғози фаъолияти хеш бо чунин найрангбозиҳову дассисаҳо ва роҳандозии маълумотҳои бардуруғ мехоҳад мо ва миллати моро ба вартаи нобудӣ барад. Дар аксар дассисаҳои ин сомона маводе ба мушоҳида мерасад, ки муаллифони он аз нафароне маҳсуб меёбанд, ки барои пешрафти кишвари азизи моро нодида мегиранд. Ногуфта пайдост, ки ин ходимони зархариди кишварҳои хориҷӣ бо маблағҳои ҳангуфт ва ҷалби нафароне чун Мирзои Салимпур мехоҳанд бо нашри матлабҳои гуногун кишвари моро зери таҳдид қарор диҳанд.

Дар байни мардуми тоҷик як мақол аст, ки бо зоғ бо забони ў бояд суҳбат кард. Ин аксҳо ва навиштаҳо тўхтма нестанд, балки ҳақиқат доранд ва аслу моҳияти корҳои шуморо ифода мекунанд.

Ба сардабири сомонаи «Ахбор» суол дода мешавад, ки ин сомонаро ў барои инъикоси айбҳои мардум ва зишт нишон додани миллати тоҷик таъсис додааст ё дигар масъалаҳо. Ин амалҳое, ки анҷом медиҳед, хоинона буда, аз журналистикаи ноб фарсахҳо дур аст.

Аҳли ҷомеаи кафедраи муосиботи бухгалтерӣ ва аудит

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *