Мо тавассути расонаҳои хабарӣ огаҳӣ дорем, ки яке аз узви фаъоли ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддин ва ҳаммаслаконаш тули солҳои охир бо корбурди тамоми маҳорати аз сарпарастони хориҷӣ омӯхтаву андӯхтааш талош доранд, ки бо ҳар роҳу восита афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми Тоҷикистонро нисбат ба роҳбарият ва Ҳукумати кишвар тира созанд. Муҳаммадиқбол ва ҳаммаслаконаш бо навбат тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, дар барнома бо номи “Минбари муҳоҷир” баромадҳо карда, худро уламои дин ва “сиёсатдон”мешуморад. Сиёсатбофи бешараф – М.Садриддин зимни баромадҳои ифротиаш гӯё барои ислоҳи нуқсонҳои мавҷудаи ҷомеаи мо саъй карда, роҳи раҳоии кишварро аз бунбасти мушкилотҳои мавҷуда нишон медиҳад. Мо калимаи “бешарафи”-ро ҳамроҳ кардем, ки Муҳммадиқбол дар кишвари Афгонистон ба чи кор шуғл дошт, хонандаи закӣ медонад, ҳоҷат ба баён нест! Умуман баромадҳо ва маводи паҳнкардаи душманони миллат- раҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни афроди миллат дигар чизе нест. Вагарна бо чӣ сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии ватан канорҷӯӣ мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ва эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷӯиву харобакориро пеша карданд. Дар зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» гашта, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифродгароӣ ва террористӣ, алалхусу ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи «фидокорӣ», “ҳақиқатпарварӣ” ташбеҳ мекунанд ва мехоханд бо ин роҳ ба мақсадҳои муғризонаи худ ноил шаванд. Яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд. Хулоса, М. Садриддин ва умуман раҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ дониста бошанд, ки дигар касе аз мардуми боору номуси тоҷик ва ҷавонони саодатманд, шумо гумроҳон ва хоинони миллати тоҷикро пайравӣ ва ҷонибдорӣ нахоҳад кард. Мақсаду мароми мо ояндаи ободи давлату зиндагии шоистаи мардум аст, бояд роҳи интихоб намудаи Пешвои миллатамонро гиромӣ дошта, афзалиятҳои арзишҳои миллӣ ва умумидавлатиро эҳтиром намоем.
А. ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ