ҶАВОНОРО АЗ КАСОФАТОВАРИ ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ ЭМИН ДОРЕМ!

Дар ҷомеаи ҳозира як қатор ҳизбу гурӯҳҳои ифротӣ арзи вуҷуд доранд, ки мехоҳанд миёни мардум ҳаргуна маълумотҳои беасосу бардурӯғро паҳн менамоянд. Ин гурӯҳҳо асосан зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» ҷавононро ба худ ҷалб намуда, онҳоро бар зидди ҳукумату давлат ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш гардонда, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, ки онро ба истилоҳ «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» меноманд, равона сохта, бо ин роҳ ба мақсадҳои ғаразнокашон ноил шаванд. Ин гуна ҳолат солҳои 90-уми асри гузашта, аз тарафи раҳбарияту пайравони собиқ ҲНИ, бевосита бо дастгирии хоҷагони хориҷиаш дар кишвари соҳибистиқлоли ҷавони мо, ҷангӣ шаҳрвандӣ оғоз гардид, ки ин ҳаводиси осмонӣ ва ғайричашмдошт набуд. Ин аз хосияти заҳҳокӣ гирифта буд. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки надоштани дониши бунёдӣ, раҳгумиҳои зиддимиллӣ, фосилагирӣ аз ҷаҳонбинии маорифпарварона  дар муҳити муайян – оила, муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳо, алоқа бо шахсони ифротгаро сабаб шуд, ки садҳо ҷавон ба гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ ҳамроҳ гаштанд. Чунин раванд омили ба вуҷуд оварандаи нооромӣ ва бесуботии ҷомеа хоҳад шуд, зеро баҳсҳо ва муборизаҳои идеологӣ ва ғоявӣ дар майдони шабакаҳои иттилоотӣ бо тамоми шиддат ҷараён доранд. Ин мушкилот дар маҷмӯъ, боиси он мегардад, ки гурӯҳҳои манфиатхоҳ ва фурсатталаб аз вазъияти ҷойдошта истифода мекунанд. Тасдиқи ин инъикоси далелнокии хулосаҳои мантиқӣ рақамҳо ҳисобида мешаванд. Чунончӣ дар паноҳгоҳҳои кишвари Сурия беш аз 500 зану кӯдаки тоҷик сабт шудааст. Дар натиҷаи тадбирҳои мушаххаси Ҳукумати Тоҷикистон зиёда аз 400 нафар шаҳрвандони кишвар, асосан занону кӯдакон, аз Сурия ва Ироқ, ҳамчунин зиёда аз 5000 ҳазор донишҷӯёни тоҷик чиҳати пешгирӣ аз ҳамроҳшавии онҳо ба гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ аз муассисаҳои таълимии динии кишварҳои хориҷӣ ба Ватан баргардонида шуданд. Баробари ин, бояд қайд кард, ки то ҳол, мутаассифона, занони маҳбуси тоҷик  дар зиндони занонаи Русафаи Ироқ қарор доранд. Занони маҳбус, асосан хонаводаи афроди ҷангҷӯёни тоҷики созмонҳои ифротӣ, асосан ДИИШ мебошанд, ки дар пайи саркӯб шудани бо ном “хилофати исломӣ”, ки ДИИШ дар сарзаминҳои ишғолкардааш дар Ироқу Сурия таъсис дода буд, аз ҷониби мақомоти амниятии Ироқ дастгир шудаанд.

Бояд қайд кард, ки нисбатан ба эътидол омадани афзои Сурия ва Ироқ  гурӯҳҳои терррористӣ аз қабили ДИИШ  бештар ба Афғонистон ва кишварҳои Аврупо фаъолияташонро ба роҳ монда, бархе ҷавонони кишвари моро гумроҳ кардаанд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мисол меорем, ки тибқи расонаҳои хабарии Ҷумҳурии Туркия, як нафар шаҳрванди Тоҷикистон ва дигаре аз Осиёи Марказӣ бо аъзоёни  ДИИШ ҳамкорӣ намуда, дар арафаи ҷашни Соли нави 2023  дар шаҳри Истамбул барои содир намудани амалҳои террористӣ омодагӣ дида буданд ва оқибат аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвари Туркия дастгир карда шуданд.

 Хулоса ин буд маълумоти мухтасаре дар бораи натиҷаҳои зуҳуроти номатлуб ҳамчун терроризм ва экстремизм. Умуман  ҳодисаҳо бори дигар исбот менамояд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини саӣёра аст. Бинобар ин, ҷавонони ватандӯсту огоҳи мо бояд ҳушёр бошанд ва нагузоранд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ дар шуури дигар наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд.

Мо ҳама омӯзгорону падару модарон дар ҳамкорӣ бояд ҳамарӯза ва ҳамавақта ба ҷавонону наврасон таълим диҳем, ки аз касофати ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ худро эмин нигоҳ доранд.

М. АХМЕДОВ , устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *