СИРОЯТИ ВИРУСРО ПЕШГИРӢ БОЯД КАРД

Тайи чанд моҳи охир дар тамоми ҷаҳон бемории коронавирус (COVID – 19) васеъ паҳн гардида, сабаби фавти одамон низ шудааст.

Вирус аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш «заҳр» мебошад. Он хурдтарин ва содатарин организми зинда буда, танҳо  дар ҳуҷайра афзоиш меёбад. Андозаи вирус назар ба ҳуҷайра 10000 ва назар ба бактерияҳо 1000 маротиба хурдтар аст. Тартиби афзоиши вирус (усули дезъюнктивӣ) чунон нодиру нотакрор аст, ки ба як ҳуҷайра  танҳо як вирус дохил шуда, фаъолияти онро бозмедорад ва супориш медиҳад, ки қисмҳои он тавлид гардида,  ҷамъоварӣ карда шаванд. Ҳамин тавр,  дар муддати  18 – 24 соат зиёда аз 10000 вируси нав тавлид гардида, ҳуҷайра пурра маҳв ва ин миқдор вирусҳо  аз ҳуҷайра берун баромада, боз ба дигар ҳуҷайраҳои солим ворид мешаванд. Дар натиҷа, фаъолияти бомароми узви бадан халалдор шуда,  аломатҳои аввалини беморӣ пайдо мегардад.

Дар як муддати кӯтоҳ садҳо миллион  вирус  тавлид гардида, аз чунин миқдори  ҳуҷайра  сироятёфта мемирад.

Аз тарафи дигар, хатарнокии вирусҳо дар он аст, ки бо маҳв гардонидани ҳуҷайраҳо дарвозаи сироятёбиро барои  ворид гардидани бактерияву замбурӯғҳои касалиовар ба дохили узв мекушоянд. Аз ҳамин лаҳза  ба вирусҳо  дигар барангезандаҳои касалиовар  ҳамроҳ шуда, берун аз ҳучайра афзоиш меёбанд ва беморӣ шакли омехтаро гирифта, вазъи бемор боз ҳам вазнинтар мегардад.

Коронавирус ҳамчун барангезандаи бемориҳои инсону ҳайвонот аз соли 1960 инҷониб маълум аст. Дараҷаи касалиоварии (вирулентность) ин вирус аз   тип ва штамм вобастагӣ дорад. Ҳангоме ки дар як ҳуҷайраи бадан зиёда аз 10000 вирус ҳосил мегардад, тағйири сохтории антигении вирусҳои алоҳида имконпазир аст ва ин ҳолат  дараҷаи касалиоварии вирусро низ дигар карда метавонад.

Коронавирус  барои афзоиш бештар хуҷайраҳои қабати болоии узвҳои ҳозима ва нафаскаширо интихоб намудааст, чунки  дар ин маврид он аз таъсири омилҳои масъулияти гуморалӣ (моеъӣ)-и бадан   бартараф мемонад ва антителаҳои хоссе, ки дар хун мавҷуданд, ба афзоиши вирус кам таъсир расонида метавонанд.

Аз тарафи дигар, афзоиши онҳо дар узвҳои  нафаскашию ҳозима ба  бештар хориҷ гардидани барангезанда ва сироят ёфтани организмҳои ҳассос мегардад. Ба ин хосиятҳо коронавирус солҳои тӯлонӣ худро мутобиқ намудааст.  Коронавируси одам  (COVID -19) дар  ҳуҷайраҳои мӯякдори пардаи болои бронхиолаҳои шуш афзоиш ёфта, дар муддати 5 – 6 рӯз аксарияти онҳоро маҳв мегардонад ва  сироятёбии дуюмдараҷаро аз тарафи дигар бактерияю замбурӯғҳои касалиовар метезонад. Дар  натиҷа гардиши оксигену гази карбон дар шуш халалдор  шуда, ба мубодилаи тамоми системаи узвҳои  бадан таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин маврид, аз як тараф, бемориҳои ғайрисироятии одамони калонсол рӯ  мезананд ва аз тарафи дигар, таносуби гузаронидани оксиген дар ин синну сол назар ба ҷавонон то 30% камтар аст.

Натиҷаи муолиҷаи бемори-ҳои коронавирусӣ нишон дода истодаанд, ки  агар бемор дар муддати халалдор гардидани гардиши оксиген (7-10 рӯзи  аввали беморӣ) бо таҷҳизоти  лозимии  респираторӣ таъмин карда шавад,  дар ин муддат организм бар зидди коронавирус сафедаҳои махсус (интерферон ва ғайра) истеҳсол намуда, раванди бозтавлидии вирусро бозмедорад ва  ба ҷои ҳуҷайраҳои  маҳвгардида, ҳуҷайраҳои нав  тавлид мешаванд ва фаъолияти узвҳои нафаскашӣ  барқарор мегардад.

Сабаби асосии ниҳоят васеъ паҳн гардидани  барангезандаи  COVID -19  дар ҷаҳон он аст, ки коронавирус дараҷаи баланди касалиоварӣ дошта,  аз организми бемор мунтазам  ба атмосфера мебарояд (ба ин бевосита раванди функсионалии шуш мусоидат менамояд), вирус дар атмосфера бештар аз як соат муаллақ мемонад ва аз он ҷо бо оксиген бе мамониат ба организми солим ворид мешавад.

Омилҳое, ки ба васеъ паҳншавии вирус дар шаҳрҳои калон  мусоидат намудааст, ин зичии баланди аҳолӣ ба шумор меравад. Берун аз хона, дар кӯчаю майдонҳо ва воситаҳои  нақлиёти мусофиркаш, дараҷаи баланди равуои байналмилалии одамон (сайёҳӣ, соҳибкорӣ, ҷамъомадҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ғайра) ба воситаи ҳавопаймою қатораҳо низ беморӣ паҳн мешавад.

Қайд кардан бамаврид аст, дар  институтҳои системаи ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон  солҳои 1981 – 2000 якҷоя бо Институти илмӣ – тадқиқотии ветеринарии ба номи Я.Р. Коваленкои шаҳри Москва тадқиқотҳои муштараки илмӣ оид ба ташхис, пешгирӣ ва муолиҷаи коронавируси гӯсолаҳо гузаронида шудаанд. Дар ин асос  хосиятҳои биологии коронавирус омӯхта шуда, диагностикум, ваксина ва маводи муолиҷавӣ тарҳрезӣ гардидаанд. Дар натиҷаи тадқиқотҳо маълум гардид, ки дар пешгирӣ ва муолиҷаи бемории коронавирусӣ ғайр аз ваксина, нақши иммуноглобулинҳои хос хеле баланд аст. Маълум аст, ки дар натиҷаи эмкунӣ бо ваксина нақши антителаҳои гуморалӣ баланд мешаванд, лекин ҷои ҷойгиршавӣ ва афзоиши коронавирус дар ҳуҷайраҳои мӯякчадори қабати болои бронхиолаҳои шуш барои ин антителаҳо  кам дастрасӣ доранд. Ба ҳамин хотир, имрӯз истеҳсоли иммуноглобулинҳои хос дар шароити Тоҷикистон ва истифодаи он барои пешгирӣ ва муолиҷаи бемории коронавирус (COVID -19 ) мақсаднок аст.

Бинобар сабаби он ки аксари вақт бемории коронавирусӣ дар омехта бо бактериявӣ мегузарад, барои пешгирӣ ва муолиҷа истифодаи омехтаи иммуноглобулинҳои хос бо маводи фаъоли кимиёвӣ самарабахш  мебошад.

Институт барои гузаронидани тадқиқотҳои муҳими илмӣ бо бемориҳои хатарноки вирусӣ ва бактериявӣ шароити мусоид дорад. Аз ҳамин хотир, мо тайёр ҳастем, ки маводи заруриро барои пешгирӣ ва муолиҷаи коронавируси одам (COVID -19) истеҳсол намоем.

Бо мақсади амалӣ намудани вазифаҳои дар боло гузошташуда олимони соҳаи ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон якҷоя бо олимони соҳаҳои тиб ва фарматсевтӣ лоиҳаи грантиро оид ба истеҳсоли маводҳои пешгирикунанда ва муолиҷавии  бемории коронавируси одам (COVID -19) таҳия намудаанд.

Хушбахтона, дар Тоҷикистон ҳодисаи бемории короновирус ба қайд гирифта нашудааст. Қайд кардан лозим аст, ки тадбирҳои судманд оид ба ин масъала аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барвақттар андешида шудаанд. Ин, пеш аз ҳама, танзими маъракаҳои гуногун, пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифати гӯштӣ аз хориҷи кишвар,  иштироки ғайримақсадноки шаҳрвандон дар ҳамоишҳои байналмилалӣ, таъкидҳои мунтазами Пешвои муаззами миллат оид ба беҳдошти хона, муҳити атроф ва фарҳанги оини рӯзгордорӣ, таҳияи ғизо ва гигиенаи шахсӣ, одоби муошират ва ғайра нақши муҳим бозида истодааст.

Нақши муҳим дар пешгирии ин беморӣ гузаронидани ташхисҳои пешакӣ дар гурӯҳҳои осебпазир, гигиенаи баланди шахсӣ ва оилавӣ мебошад. Ҳангоми пайдо шудани сулфа, нафастангӣ ва ҳарорати баланд шахс ба духтур бояд муроҷиат намуда, аз сайру гашт худдорӣ кунад.

Иззатулло Сатторӣ,

Ғуломқодир Бобизода,

академикҳо,

Камолҷон Маҳмудов,

директори Институти масоили амнияти биологии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

Нашрияи Омӯзгор

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *