Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ барои миллати шарафманду фарҳангофарини тоҷик беҳтарин неъмати зиндагӣ ва армуғони олии таърих маҳсуб мешавад. Ба қавли Пешвои миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Мову шумо аз фарози асри бистуяк бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки озодӣ ва истиқлолият муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат буда, саҳифаҳои пурифтихори озодихоҳиву ватанпарастии мардуми мо бо хуни ҳазорон далерону родмардони ватанпарвар навишта шудаанд». Таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ноил шудан ба сулҳу Ваҳдати миллӣ барои рушду инкишофи тамоми соҳаҳо, аз он ҷумла соҳаи маориф заминаҳои мусоид фароҳам овард. Мо чанде пеш 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил намудем ва ҳадафи ҳар як шаҳрванди баору номус ободию шукуфоии Ватани азизамон мебошад. Ташрифи Пешвои миллат ба вилояти Суғд, ифтитоҳи корхонаву муассисаҳои нави таълимию фарҳангӣ ва роҳпаймоии оммавӣ бахшида ба ҷашни фархундаи миллӣ гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гашта истодааст. Бо ин роҳпаймоӣ мардум якдилию якмаромии хешро баён дошта, шукрона мекунанд, ки дар кишвари ободу озод ва соҳибистиқлол зиндагонӣ мекунанд. Аммо ҳастанд гуруҳҳо ва ашхосе, ки намехоҳанд кишвари мо ободу шукуфон ва пешрафтҳои назаррас дошта бошад.
Ахиран дар васоити ахбори умум хулосаҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, дидбони ҳуқуқи башар ва Кумитаи Хелсинкии Норвегия пахш гардиданд, ки дар он таъкид гардидааст, ки: «Ниҳодҳои ҳукуматӣ ва байниҳукуматӣ бояд буҳрони бадтар шудани ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро маҳкум кунанд. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои аъзо, ҳамчунин кишварҳои узви САҲА бояд барои набуди ислоҳот таҳримҳои ҳадафманд ҷорӣ кунанд”.
Ин хулоса ва пешниҳодҳо то кадом андоза дурусту саҳеҳанд ва ҳадафи онҳо чист, ба ҳамагон маълум аст. Дар чунин як шароити буҳронӣ бояд мо якдилу якҷон гашта, хоку марзи кишвар ва соҳибистиқлолии ватанмонро дифоъ намоем, вагарна як нооромӣ метавонад боиси пора-пора гаштани кишвар гардад. Душманони миллат аз кучактарин омилҳо истифода мебаранд, то Тоҷикистонро аз нав ба гирдоби ҳодисаҳои нохуш ва қафомондагию сарафкандагӣ биафкананд. Аммо мардуми шарифи тоҷик аз он ҳама рӯзҳои сиёҳ ва нангини миллат сабақи азим бардошта, ҳеҷ гоҳ даст ба амалҳои ношиста намезананд, шукри Ваҳдату якдилӣ ва якмаромӣ карда, софдилона баҳри осоишу ободии Тоҷикистон хидмат менамоянд.
Мо бояд суханони пурҳикмати Пешвои миллатро сармашқи кори зеш қарор дода, барои ободии Тоҷикистони азиз бештар саҳми арзандаи хешро гузорем: «Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем, ба хотири пешрафту ободии давлати соҳибистиқлоламон ва рӯзгори осудаву ороми ҳар як хонадони кишвари азизамон шабу рӯз заҳмат кашем».
Ш. Тоҷибоев,
К. Қурбон, кормандони ДИС ДДТТ