ШӮРУ ҒАВҒОИ БЕАСОСИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

Имрӯзҳо душманони миллат, аз ҷумла Кабирию Муҳаммадиқболи бешараф ва пайравонашон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ шӯру ғавғои беасос бардошта, ба оромиву суботи кишварамон халал ворид сохтан кӯшиш намуда истодаанд. Яке номи ҳизбашро “Паймони миллӣ”ва дигаре барномашро бо номи “Пайванд” номгузорӣ намуда, бо баробари ин чун бӯқаламун ранги пӯсташонро вобаста ба муҳит тағйир дода, аз  минбарҳо бо садои баланди ифротӣ, баёнияҳои ғаразолуд нисбати давлати мо – Тоҷикистон сухан мегӯянд. Ҳол он ки наҳзатиҳо мардуди ватан ҳастанд!

Мо таъкидан ба душманони миллат гуфтанием, ки калимаи Тоҷикистонро ба забон наоранд! Бахусус Кабирию Муҳаммадиқбол набояд аз минбарҳо садо баланд кунанд.Чунки онҳо ватанфурӯшу бешараф ҳастанд, ки ба ин таърих гувоҳ аст. Боиси зикр аст, ки мардуми сарбаланди озодандеши мо аз ҳадафҳои душманони миллат – Кабирию Муҳаммадиқбол, ки барои расидан ба ҳадафи нопокашон аз номи дини мубини ислом истифода мешуд, огаҳ ҳастанд.

Мо дар интиҳои андешаҳои хеш ба тамоми мардуми кишвари соҳибистиқлоламон  даъват ба амал меорем, ки бар зидди душамнони миллат мубориза бурда, минбаъд нагузорем, ки Кабирию Муҳаммадиқболи бешараф ва умуман пайравонашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо шӯрӯ ғавғои беасос дар бораи кишвари мо сухан гӯянд.

 

РАҶАБОВ Р.О., устоди кафедраи математекаи

                                     олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *