Мо устодони кафедраи забонҳои хориҷӣ тариқи расонаҳои ВАО бохабар ҳастем, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз бо баробари хурӯҷ ёфтани бемории сироятии короновирус, дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Масалан бинобар шадид гирифтани вазъият дар минтақаҳои шимолии бо Тоҷикистон ҳамсарҳади Афғонистон аз ҷониби васоити ахбори умум ва коршиносону таҳлилгарон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Бадхоҳони миллат, бахусус Кабирӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ин ҳолатро бо таври худ маънидод намуда, мардумро ба таҳлукаангезонидан кӯшиш дорад. Бояд қайд кард,ки авзои ноороми ин кишвари дӯсту ҳамсоя тайи чил соли охир исбот месозад, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва фақат воситаву фишангҳои сиёсиву дипломатӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ метавонанд калиди ҳалли масоили печидаи он бошанд. Дар робита ба ин, бояд зикр кард, ки Тоҷикистон ҳамеша манфиатдори оромӣ ва субот дар Афғонистон буда, ҷиҳати пешбурди музокироти сулҳи байниафғонӣ ҷонибдорӣ менамояд. Бо баробари ин моро зарур аст, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии муосир огоҳ намоем. Дар дарсҳои тарбиявӣ донишҷуёнро аз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дошта, онҳоро дар руҳияи ҳувияти миллӣ, хештаншиносию худогоҳии миллӣ таълиму тарбия намуданамон лозим аст!