Ҳодисаҳои охири моҳи ноябри соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон руҳдода, мо сокинонро дар канор монда наметавонад. Доир ба масоили ҳодисаи мазкур андеша намуда, қайд кардан ҷоиз аст, ки то чӣ андоза гурӯҳи ҷинояткорон бо роҳбарии Зиёбеков Г., Мамадбоқиров М., Аловатшоев А. метавонанд хизматчиёни давлатиро таҳқир намоянд, нисбати роҳбарону прокурори шаҳр хабарҳои бардурӯғро паҳн намуда, мардум, алалхусус ҷавононро ба гумроҳӣ андозанд. Онҳо то чӣ андоза зиёдаравӣ намуда, ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳуҷум кунанд. Ба муқобили роҳбарони шаҳр мардумро ҷамъ намуда, тазоҳуроти (митинги) ғайриқонунӣ ташкил кунанд, авбошона ҳучум намоянд, ба раиси шаҳр ва ёрдамчиёнаш сангпартоӣ намуда, автомошинаи давлатиро корношоям намоянд. Ба ҷиноятҳои содиркардаашон ҷавоб додан намехоҳанд ва амалиёти давлатии дастгиркунии ҷинояткорро ба аҳли ҷаҳон амали худсарона ва ғайриқонунӣ гӯён эълон мекунанд. Ин ҷинояткорон аз ягон роҳу воситаи нокасона барои ба даст овардани мақсадҳои разилонаи худ, яъне ғасби ғайриқонунии давлат рӯй намегардонанд. Ҳамаи ин кирдорҳои онҳо давраи бесарусомонии солҳои 90-уми асри гузаштаро ба хотир меорад. Ёд дорем, дар он вақт наҳзатиёни палид, ки имрӯз бо номи ТТЭ ҲНИ ва ё Паймони миллӣ фаъолияти ғайрирасмӣ менамоянд, мардумро ба гумроҳӣ андохта, бо дастгирии хоҷагони хориҷиашон давлатро ба даст гирифта, нисбати мардуми бегуноҳ чӣ қадар ҷиноятҳои бешумор содир намудаанд. Агар нисбати ҳар як ҷинояти ҳамонвақтаи аъзоёни ҲНИ парванда ҷиноӣ навишта шавад, барои хондани он вақти зиёдеро талаб мекунад. Аз дасти ин разилон садҳо ҳазор шаҳрвандон кушта шуданд, миллионҳо нафар маҷбуран хонаи худро тарк карда, рӯ ба ғарибӣ ниҳоданд. Нисбати халқи бечора мисли фашистон муносибат намудаанд. Нисбати ҳар як шаҳрванд чӣ ки хоҳанд мекарданд. Ба гаравгонӣ мегирифтанд, маҷбуран ба шавҳар медоданд, мефурӯхтанд ва ғайраю ҳоказо. мекарданд. Шумораи ҷиноятҳои онҳоро ба номбар кардан коғаз намерасад.
Имрӯз душманони халқу ватан – ТТЭ ҲНИ ва Гурӯҳи 24 дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфта, барои амали намудани супориши навбатии ҳоҷагонашон, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, боз мехоҳанд мардумро ба гумроҳӣ андохта, ба муқобили ҳукумати қонунӣ бароранд. Имрӯз бештари собиқ наҳзатиҳо ниқоби “Паймони миллӣ” пӯшидаанд, кирдорҳои разилонаро амалӣ намуда, худро мусичаи бегуноҳ нишон медиҳанд. Ин навбат роҳбарон ва фаъолони ТТЭ ҲНИ- “Паймони миллӣ” ва Гурӯҳи-24 дар шабакаи интернетии “Ютуб” ва барномаҳои мессенҷерӣ аз тазоҳуроти шаҳри Хоруғ истифода намуда, тамоми шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро барои тазоҳурот даъват намуданд. Мақсади аслииин бадхоҳони миллат ба вуҷуд овардани бетартибиҳои солҳои 90-ум ва ғасби ғайриқонунии давлат мебошад. Бояд қайд кард, ки мардуми шарафманди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва муаррифгари миллати тоҷик баъд аз огаҳӣ ёфтан аз ҳадафҳои нопоки ташаббускорони аслии баргузории гирдиҳамоии эътирозӣ роҳи мусолиҳатомезро пеша гирифтанд. Хушбахтона ба воситаи корҳои фаҳмондадиҳии аз ҷониби сиёсатмадорон, сокинони фаъол ва аҳли зиё гузаронидашуда, пеши роҳи бетартибиву бенизомӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гирифташуда, мардум ба кору зиндагии муқаррарии худ баргаштанд
Дар интиҳои андешаи хеш қайд менамоем, ки бояд мо шаҳвандони кишвар кирдорҳои разилонаи бадхоҳони миллат – ТТЭ ҲНИ ва Гурӯҳи 24 дар расонаҳои хабарӣ рӯирост маҳкум намоем. Нагузорем, ки мисли солҳои 90-ум ба сари мардум даҳшат биёранд. Мо бояд аз таърихи худамон дарси ибрат гирем. Нагузорем, ки аз нав давлат ба дасти авбошон, разилони ҷинояткор афтад. Мо набояд фирефтаи ин гуна хоинони Ватан шавем!
И. ИБРОГИМОВ,
дотсенти кафедраи математекаи
олӣ ва технолгияҳои инноватсионӣ