Саразм – ёдгории нодир ва оғози тамаддуни тоҷикон

Халқи тоҷик аз қадим миллати соҳибтамаддун ва бофарҳанг буда, бо таърихи бою гузаштаи пурғановати хеш миёни дигар халқиятҳо маъруф гаштааст. Воқеан омӯхтани таърихи халқи тоҷик дар тарбияи ватандӯстию ватандорӣ, инсондӯстӣ, ҷаҳоншиносӣ, худогоҳию худшиносии миллӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба анъанаҳои неки аҷдодон барои баланд бардоштани сатҳи мадании ҷомеа нақши ниҳоят муассир дорад. Боиси ифтихор аст, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихии миллатро ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёд арзёбӣ намуда, онро қарзи ҳар як тоҷик дар назди таърих ва наслҳои оянда донистанд.

Дар ин самт ёдгории таърихии Саразм аҳамияти калони илмӣ-таърихӣ ва байналхалқӣ дошта, яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ ҳисобида мешавад.

Ин ягона ёдгорие дар Тоҷикистон мебошад, ки осори умумиҷаҳонӣ ҳисобида шудааст. Ин ёдгорӣ таърихи зиёда аз панҷҳазорсола дошта, дар 15 километрии ғарби шаҳри Панҷакент ва 45 километрии шарқи шаҳри Самарқанд дар соҳили чапи дарёи Зарафшон воқеъ гардидааст.

Бо Қарори Ҳумумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2001 Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон – “Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм” таъсис дода шуд ва ҳамасола барои корҳои ҷустуҷӯиву бостоншиносӣ ва барқарор кардани он маблағҳои зиёд ҷудо карда мешавад.

Дар баробари ин, бо дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кӯшиши олимони бостоншинос Р. Масов, А. Раззоқов, Р. Безенваль, П. Франкфорт маводи зарурӣ ҷиҳати пешниҳод кардани Саразм ба рӯйхати мероси таърихии ҷаҳонӣ ба ЮНЕСКО омода ва ирсол гардида, Саразм ҳамчун намунаи  шаҳри қадим аз тарафи ин созмони ҷаҳонӣ эътироф ва моҳи июни соли 2010 ба феҳрасти мероси фарҳанги умумибашарӣ ворид гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо зиёиёни кишвар, ки моҳи марти соли гузашта дар ш. Душанбе баргузор гардид, пешниҳод намуданд, ки бо назардошти аҳамияти шаҳри қадимаи Саразм соли 2020-ум 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташакулли маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад ва ҳоло барои таҷлили ин ҷашн корҳои зиёде амалӣ гардида истодаанд.

Кашфи ёдгории Саразм бо номи олим ва бостоншиноси тоҷик Абдуллоҷон Исҳоқов вобаста мебошад. Соли 1970 яке аз сокинони деҳаи Авазалии деҳоти Саразм Ашуралӣ Тайлонов ҳангоми коркарди заминҳои соҳили чапи  дарёи Зарафшон дар ҳудуди имрӯзаи Саразм як табари биринҷие пайдо карда, пас аз шаш сол ба корманди илмии гурӯҳи бостоншиносии осорхонаи Панҷакент Абдуллоҷон  Исқоқов месупорад. Сипас корҳои ҳафриётӣ дар ҳудуди ин ёдгорӣ шурӯъ мешаванд.

Дар зери роҳбарии Абдуллоҷон Исҳоков ва Абдурауф Разоққов дар Саразм корҳои зиёди ҳафриётӣ ва тадқикотӣ гузаронида шуданд, ки натиҷаи онҳо дар маҷаллаи илмии “Корҳои бостоншиносии Тоҷикистон” (Археологические работы Таджикистана) чоп мешуданд. Соли 1984  эъзомияи (экспедитсияи) якҷояи франсавӣ – шӯравӣ бо роҳбарии А. Исҳоқов ва корманди Маркази тадқиқотҳои бостоншиносии Фаронса Р.Безенвал таъсис дода мешавад, ки солҳои зиёд дар Саразм тадқиқоту ҳафриёт мегузаронанд. Ҳамин тавр, дар ҳудуди Саразм 10000 метри мураббаъ ҳафриёт гузаронида мешавад. Аз рӯи ҳисоби мутахассисон дар давраи асри биринҷӣ   масоҳати ёдгории  Саразм аз 130 гектар ва теъдоди аҳолии он аз 8000 нафар иборат будааст.

Бояд қайд намуд, ки саҳми шогирдони равоншод Абдулло Исҳоқов  д.и.т., профессор Саидмурод Бобомуллоев, номзадони илми таърих Абдурауф Раззоқов ва Шарофиддин Қурбонов дар ҳафриётҳои Саразм ва инчунин  айни замон дар омодасозии ҳафриётҳо ба ҷашни байналмилалии он хеле калон аст. Банда моҳи июни ҳамин сол ба мамнӯъгоҳи Саразм дидан намуда будам ва онҳоро бо гурӯҳи калони коргарон дар ҳолати корӣ ҳангоми кофтукови таърихи ниёгон дар байни чангу хок дарёфта, дар хусуси омодагиҳо ба ҷашн ҳамсӯҳбат гардидам. Ногуфта намонад, ки бо ин шахсон аз давраи донишҷӯӣ шиносоӣ дошта, доктори илмҳои таърих Саидмурод Бобомуллоев ҳамкурси камина мебошанд. Ҳануз дар хотирам ҳаст, ки солҳои 80-уми асри гузашта вақте ки дар факултети таърихи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) таҳсил мекардем, ҳини маъракаи пахтачинӣ мо ба пахтачинӣ мерафтему бо дархости Абдуллоҷон  Исҳоқов ҳамдарси мо С. Бобомуллоев дар ҳафриётҳои Саразм ширкат мекарданд ва то имрӯз аз Саразм дил канда наметавонанд.

Дар ин сафар бо н.и.т. Шарофиддин Қурбонов дар назди ҳафриёти рақами 12 ҳамсӯҳбат гардидем. Аз гуфтаҳои мавсуф маълум мегардад, ки ин ҳафриёт аз 3 қабати маданӣ иборат буда, 3600 сол пеш аз эраи мо  оғоз гардида, ҳар қабат аз ҳамдигар 200 сол фарқият дорад. Ин ҳафриёт асосан аз хонаҳое иборат аст, ки бо хиштҳои хоми ҳаҷмашон 60 х 20 см сохта шудаанд. Ҳафриёт аз хонаҳои ҷои нигаҳдории ғалладонагӣ, маъбади оташ, хонаи хуроктайёркунӣ ва ғайра иборат мебошад. Бостоншиносон хонаи хурокпазии саразмиёнро муайян кардаанд. Аз он ҷо деги сиёҳе, ки аз сафоли махсус сохта шудааст, дарёфт карда шудааст.  Бо тахмини Ш. Қурбонов бо ин гуна дегҳо асосан хурокҳои обакӣ (оши суюқ, шӯрбо ва ғайра) мепӯхтаанд. Дуртар аз он ҷойи махсусе, ки бо тахтасангҳо пӯшонида шудааст, дарёфт гардидааст ва муайян карда шудааст, ки пас аз тафсонидани ин сангҳо гӯшт ва хурокҳои гӯштиро дар болои он мепухтаанд.

Аз нақлҳои Шарофиддин Қурбонов ва Саидмурод Бобомуллоев маълум гардид, ки бо вуҷуди ковишҳои зиёди бостоншиносӣ дар ҳудуди имрӯзаи мамнӯъгоҳи Саразм ба ҷуз колбади “Маликаи Саразм” дигар қабристоне пайдо нашуда буд. Аммо дар теппае, ки дар қисми чапи шоҳроҳи Панҷакент – Самарқанд ҷойгир шудааст ва имрӯз болои онро хонаҳои истиқоматии сокинон пушонидааст, чанд қабат қабристони саразмиён пайдо карда шудааст, ки масоҳати калонро дарбар мегирад.

Доктори илми таърих Саидмурод Бобомуллоев изҳор намуд, ки ҳануз дар замони шӯравӣ бозёфтҳои аз Саразм пайдогардида дар Тошканд, Маскав ва  Санкт-Петербург тадқиқ карда шуда буданд ва Саразм ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон эътироф гардида буд. Чунки пас аз асри санг дар ҳудуди Саразм аввалин бор каналҳо кофта шуда, ба таври сунъӣ обёрикунии замин оғоз гардида буд. Ҷойҳои махсус барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ омода гардида буданд, ки аз маданияти баланди кишоварзӣ шаҳодат медиҳанд. Нахустгаҳвораи ҳунармандӣ будани Саразмро бозёфти хумдонҳои сафолпазӣ, зарфҳои гуногун ва сафолпораҳои пайдогардида, корду сарнайзаҳои аз биринҷӣ сохташуда  исбот месозанд. Маркази шаҳрсозӣ будани Саразмро маҳаллаҳои махсусгардонидаи ҳунармандон, хонаҳои аз рӯйи нақша сохташуда, оташкадаҳое, ки  рамзи Хуршеду Моҳро дошта, ба дини Митроизм (Хуршедпарастӣ) алоқамандӣ доштанд, собит менамоянд. Моҳу Хуршед акси худро дар қисми пеши тоҷи шоҳони суғдӣ ифода мекарданд. Аз ин ҷост, ки тоҷикон номи худро аз тоҷдориашон гирифтаанд

Истилоҳи “Саразм” аз калимаи қадимаи тоҷикии “сари замин” мебошад. Воҳаи хурди Саразм, ки водии Зарафшонро ба ду қисм – қисмҳои ҳамворӣ ва кӯҳӣ тақсим мекард, ҳамчун “сари замин”-и поёноби Зарафшон ҳисоб мешуд. Дар қисми ҳамвории он аз Саразм ба самти ғарб шаҳрҳои ба олам машҳури Самарқанду Бухоро ҷойгир мебошанд. Дарёи шӯхи Зарафшон низ дар ин минтақа аз тангнои кӯҳӣ раҳо шуда, ба самти ҳамворӣ оромона ҳаракат мекунад ва заминҳои ҳамвориро шодоб месозад.

Бостоншиносон муайян кардаанд, ки Саразм  аз манзилҳои истиқоматӣ, ибодатгоҳи оташ, коргоҳҳои сафолпазӣ ва дигар иншоотҳои иҷтимоӣ иборат мебошад. Он махсусан дар даври энеолит ва даври аввали асри биринҷӣ ба дараҷаи баланди тараққиёти худ расидааст. Дар ҳафриётҳое, ки аз тарафи бостоншиносон гузаронида шудаанд, асбобҳои рӯзгор зару зевар, яроқу аслиҳа, олоти меҳнат аз биринҷӣ ва ҳар гуна ороишот аз тилло, нуқра, сангҳои қимматҳо ва ғайра пайдо карда шадаанд. Ороишоти қимматбаҳои занонае, ки бо колбади ашрофзане пайдо гардидаанд, ҳоло дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуда, “Маликаи Саразм” номгузорӣ шудааст. Бояд қайд намуд, ки Саразмиён ба истеҳсол ва коркарди тилло ҳам машғул мешуданд ва ҳатто тиллоро ба Ҳиндустон ва Шарқи Наздику Миёна содирот мекарданд. Тиллоро аз қадим аз дарёи Зарафшон ба воситаи “вашгирд”  (пӯсти гӯсфанде, ки тоза тарошида шуда буд ва онро дар ҷойҳои махсуси дарё гузошта, заррачаҳои тиллоро, ки дар оби Зарафшон мавҷуд буд, ҷамъоварӣ менамуданд), ба даст медароварданд.

Шаҳраки Саразм аз қадимтарин ёдгориҳои таърихии мардуми Осиёи Марказӣ буда, дар ин ҷо кишоварзӣ, меъморӣ ва ҳунарҳои нафисаи ниёгонамон равнақ доштаанд. Дар ин шаҳраки бостонии аҷдодони мо аввалин нишонаҳои маданияти шаҳрдорию шаҳрнишинӣ ба монади биноҳои монументалӣ, кӯчаҳои сангфарш, инкишофи тиҷорат, дӯконҳои ҳунармандӣ (кулолӣ, чармгарӣ, заршӯйӣ, бофандагӣ, ресандагӣ, чӯбтарошӣ, чармгарӣ, сангтарошӣ ва ғайра…) ба мушоҳида мерасанд.

Саразми бостониро бостоншиносони машҳури шӯравӣ А.М.Беленитский, В.М.Массон, Б.А.Литвинский, Р.М.Мун-чаев, А.А.Аскаров, Н.Н.Неъматов, бостоншиносони хориҷӣ Филипп Колл (ИМА), Анри Пол Фракфорт, Бертл Леонс (Фаронса), К.К.Ламберг-Карловский (ИМА) дидан намуда,  ба ёдгории нодир будани он баҳои баланд додаанд.

Ин ёдгорӣ ҳамасола таваҷҷуҳи олимони варзидаи бостоншиносро аз мамлакатҳои хориҷӣ ҳануз дар замони шӯравӣ ба худ  ҷалб мекард. Дар ин кор бостоншиносони амрикоиву фаронсавӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекарданд. Дар соли 1984 бостоншиносони Фаронса Анри Пол Франкфорт ва Роланд Безенвал дар ковишҳои бостоншиносии Саразм фаъолона иштирок карданд. Бостоншиносони Донишгоҳи Гарварди штати Массачусетси Амрико К.К.Ламберг-Карловский ва Филипп Колл  соли 1985 дар ҳафриёти саразм ширкат намуда, таърихи 5000-5500 – солаи тамаддуни Саразмро ҷонибдорӣ намуданд  ва ба хулосаи зерин омаданд: “Саразм на фақат яке аз марказҳои қадимтарини тамаддуни кишоварзӣ, чорводорӣ, ҳунармандии Мовароуннаҳри Осиёи Миёна, балки тамоми Шарқи Наздик – Эрон, Балуҷистон, Афғонистону Ҳиндустон низ ба шумор меравад”.

Аз таърих маълум аст, ки ҳудуди Осиёи Марказӣ яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ ва ҳунармандӣ ба ҳисоб меравад. Дар гузашта халқи тоҷик бо 400 намуди ҳунарҳои мардумӣ шуғл меварзид, ки намунаҳои онҳо дар осорхонаҳои дохилию хориҷӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Бояд қайд намуд, ки Саразм ҳамчун нахустгаҳвораи кулолгарии Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон, дар экспозитсияи шуъбаи “Таърихи бостон ва асрҳои миёна” қисме аз бозёфтҳои кулолии ёдгории Саразм дар намоиш гузошта шудаанд, ки бо як ҳунари баланди наққошӣ бо ангоб зинат ёфтаанд. Маҳз ҳамин ашёҳо диққати тамошобинони ватанию хориҷиро ба худ хело ҳам ҷалб менамоянд, ки аз санъати баланди ҳунармандии ниёгонамон  дар гузаштаи дур шаҳодат медиҳанд.
Аз харобаҳои Саразм баъзе деворнигораҳо низ ба даст омадаанд, ки яке аз пораҳои дар Осорхонаи миллӣ ба намоишгузоштаи он тасвири ба свастика монанд дошта, яке аз рамзҳои тамаддуни ориёиҳо ҳисобида мешавад.
Дар вақти ҳафриёт аз Саразм, инчунин, хумдонҳои бузургҳаҷм кашф шуданд, ки маъмулан дар марказҳои муҳими истеҳсоли кулолгарӣ сохта мешуданд. Ин хумдонҳо гувоҳ бар онанд, ки дар Саразм ҳунари кулолгарӣ хеле ривоҷ ёфта будааст.

Хумдони дуқабатаи барои пазондани сафолот таъйиншуда, ки аз ҳафриёти 9-и маҷмааи маросимӣ ёфт шудааст, шаҳодати он аст, ки кулолгарони саразмӣ ин истеҳсолотро ҳанӯз панҷ ҳазор сол қабл азхуд намуда будаанд. Ин хумдони ба дараҷаи хуб маҳфузмонда аз ду камераи рӯиҳам ҷогирифтаи аловмонӣ ва пазониш иборат аст, ки бо хишти хом сохта шудаанд. Низоми шабакаҳои гармигузаронӣ ва дудмӯриҳо аз ҷиҳати андешакорона сохта шуданашон фарқ мекунанд.  Сохти хумдоне, ки ҳанӯз дар оғози ҳазорсолаи III-и то милод саразмиён коркард ва истифода менамуданд, дар ҳудуди Осиёи Марказии ҳамон давра ҳамто надоштааст. Танҳо баъди ду ҳазор сол ба истифодаи ин гуна хумдонҳо дар воҳаҳои Қашқадарёву Самарқанд шурӯъ карданд.

Хулоса, Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои ҳунармандӣ аз он ҷумла, кулолгарии нафақат ниёгони мо, балки тамоми сокинони минтақаи Осиёи Марказӣ будааст. Маҳз нуфузу мақом ва таъсири санъати кулолгарии Саразм буд, ки дар қарнҳои минбаъда кулолгарӣ дар Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд, Ҳулбук, Балху Исфаҳон барин шаҳрҳои бузурги минтақаи Осиё низ тараққӣ намуд.

Бояд қайд намуд, ки бо мақсади рушди сайёҳӣ, барои муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар ва фарҳанги миллӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ дар сохтори сайёҳӣ ва инчунин  рушду муарифии ҳунарҳои мардумӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 – 2021-ро солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ эълон карданд.

Санаи 12-уми сентябри соли равон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳмонони хориҷию ватанӣ дар шаҳраки Саразм 5500 солагии ин ёдгории нодир ботантана ҷашн гирифта шуд.

Албатта, муаррифии ёдгории Саразм дар сатҳи ҷаҳонӣ барои боз ҳам бештар ҷалб намудани сайёҳони хориҷӣ ба кишвари мо ва  ғанӣ гардонидани буҷаи мамлакат мусоидат хоҳад намуд.

 

БОБОЕВ С.С. н.и.ф., дотсенти

                                                                            кафедраи ҷомеашиносӣ,

                                                                   Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *